Буҳрони фишорбаландӣ


Буҳрони фишорбаландӣ

Дар байни кормандони Маркази ташхисию табобатии донишгоҳ ва донишҷӯёни курси 5-уми факултети НТҶ  маъруза оид ба бемории «Бӯҳрони фишорбаландӣ»  аз тарафи табиби дилшинос Абдуллоев П. Д. хонда ва баррасӣ шуд.

Буҳрони фишорбаландӣ ҳолатест, ки дар он фишори артериалӣ ногаҳонӣ ва сахт боло меравад. Баландии фишор низ барои ҳар як бемор дараҷаи хосе дорад. Масалан, барои як инсон, болоравии фишор аз 140/90 то 160/100 мм. сутуни симобӣ. метавонад ҳолати бисёр вазнинро ба бор оварад, аммо нафари дигар, ки гипертонияи кӯҳнашудаи (хроническая) дараҷаи 3-юми вазнинро дорад, дар фишори доимии 180/110 мм. сут. сим. метавонад худро хуб ҳис кунад ва ҳангоми шиддати буҳрон фишораш аз 220 ҳам боло меравад. Буҳрони фишорбаландӣ бо шаклҳои гуногун зоҳир мешавад. Аҳволи мариз бад гардида, фишори баланд  метавонад ба дил, мағзи сар, нерӯи биноӣ ва гурдаҳо таъсири манфӣ расонад. Гирифторони фишорбаландӣ ниёз ба ёрии таъҷилӣ доранд ва мақсади табобати таъҷилӣ аз он иборат аст, ки иллат ёфтани узвҳои хатарнокро раъф намуда, аломатҳои бемориро бартараф намоянд. Якбора поин омадани фишор низ метавонад хатарнок бошад. Дар ин сурат имкон дорад бофтаҳо аз хун ба пуррагӣ таъмин нагарданд ва ин дар навбати худ ба гуруснагии оксигенӣ боис мешавад. Дар истеъмоли доруҳо низ бояд диққати зиёд ба харҷ дод. Доруҳои барои бемор аз ҳама мувофиқ, миқдор ва тарзи истеъмоли онҳоро танҳо табиб интихоб мекунад. Дар баробари ин, табиб нақшаи суръат ва ҳаҷми поин фаровардани фишори артериалиро, вобаста ба ҳолати бемор ва вуҷуди авориз муайян мекунад. Барои дуруст ба роҳ мондани табобат, барои табиб бениҳоят муҳим аст, ки чӣ маънӣ доштани шикояти мариз ва аломатҳои бемориро бифаҳмад. Ва танҳо мутахассиси ботаҷриба ва дорои дониши амиқ,  дар ҳолати таъҷилӣ, ки буҳрони фишорбаландӣ маҳз ба ин ҳолат тааълуқ дорад, метавонад ин коррро ба дурустӣ анҷом диҳад. 

Дар кишварҳои пешрафта бо истифода аз дастовардҳои илми тибб, мутахассисон дар 20 соли охир поин рафтани теъдоди гирифторон ба буҳрони фишорбаландиро қайд мекунанд. Ин пеш аз ҳама ба он вобастагӣ дорад, ки табибон тавонистанд фишорбаландиро дар байни  аҳолӣ хубтар ташхис дода, табобат намоянд. Аммо дар кишварҳои дигар, фишорбаландӣ ҳанӯз яке аз мушкилоти асоси боқӣ мемонад. Буҳрони фишорбаландӣ имрӯз яке аз сабабҳои асосии даъвати ёрии таъҷилӣ ва бистарӣ намудани беморон ба шумор меравад. Гирифтор шудан ба буҳрони фишорбаландӣ маънои онро дорад, ки табобати доимии бемории гипертония номувофиқ ё нокофӣ будааст. Вале дар бештари маврид маълум мегардад, ки табобат дуруст ба роҳ монда шудааст, аммо бемор доруҳои таъиннамудаи табибро номунтазам истеъмол мекунад ё умуман бе машварати табиб аз истифодаи онҳо сарфи назар намудааст. Бинобар ин, тамоми беморони гирифтори фишорбаландӣ бояд доруҳои таъин намудаи табибро сари вақт ва бо риояи дастурамал итеъмол намоянд. Бемор ҳатто агар буҳрони фишорбаландиро бе оқибатҳои вазнин пушти сар намудааст, боз ҳам бояд ҳушёриро аз даст надиҳад. Буҳрони навбатӣ бо эҳтимоли зиёд метавонад барои ин бемор фоҷиабор ба итмом расад.

Омилҳои асосӣ, ки боиси сар задани буҳрони фишорбаландӣ мегарданд аз инҳо иборат мебошанд: дигаргуншавии обу ҳаво; истресси шадид; истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ пеш аз буҳрон; намаки зиёд дар хӯрок. Инчунин якбора қатъ кардани истеъмоли доруҳои фишорпасткунанда метавонанд сабаби сар задани буҳрони фишорбаландӣ гарданд. Аломатҳои буҳрони фишорбаландӣ низ чанд дастаро ташкил мекунанд. Ин аломатҳо иборатанд аз: болоравии зиёди фишори артериалӣ болотар аз 140/90мм. сут. сим,  хастагӣ,  дарди сар, арақкунии зиёд,  дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ, хирагии чашм,  бехобӣ. Табиби ёрии таъҷилӣ ба табобати беморони гирифтори буҳрони фишорбаландӣ танҳо баъди ҷамъоварии маълумоти пурра дар мавриди беморӣ оғоз мекунад. Ҳангоми ташхис табиб бояд  муайян кунад: а) чанд мӯҳлат бемор аз фишорбаландӣ азият мекашад; б) дараҷаи фишори артериалии маъмулӣ ва дараҷаи болоравии фишори беморро муаян кунад; в) кай буҳрони фишорбаландӣ ба вуқӯъ пайваст ва он чи қадар вақт идома дорад; г) то расидани ёрии таъҷилӣ бемор чи навъ доруҳоро истифода намудааст, зеро мумкин буҳрон аз сабаби истеъмол накардани доруҳои фишорпасткунанда ба вуқӯъ пайвастааст. Агар чунин бошад номгӯи он доруҳоро муайян намояд. Инчунин табиб ҳангоми ташхис бояд муайян кунад, ки бемор аз бемориҳои дилу- раг, халалдор гаштани гардиши хун дар мағзи сар, бемориҳои гурда ва диабети қанд азият мекашад ё не. Агар бемор аз нафастангӣ ё дарди дил шикоят дорад бояд ҳатман ташхиси ЭКГ гузаронида шавад.

Танҳо баъд аз ҳамаи ин чорабиниҳо табиб ба поин фаровардани фишори артериалии бемор оғоз мекунад. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар 2 соати аввали пайдо шудани аломатҳои буҳрони фишорбаландӣ, дараҷаи фишори артериалии бемор набояд аз 20-25% зиёд поин оварда шавад ва баъд  дар  зарфи 6 соат фишорро то дараҷаи 160/100 мм. сут. сим. поин оварад. Дар ҳолати баръакс бо хун таъмин гаштани дил, майнаи сар ва дигар узвҳои ҳаётан муҳим ба мушкилот рӯ ба рӯ мегардад.

Агар шумо худатонро бад ҳис намудед, аммо  фишорсанҷ дараҷаи фишори шуморо ҳамагӣ  160/100 мм. сут. сим. ва ё камтар нишон медиҳад, аз даъвати ёрии таъҷилӣ худдорӣ накунед. Дар хотир дошта бошед, ки фишорбаландӣ дарди басо хатарнок аст. 

Директори МТТ МДТ «ДДТТ ба номи

Абӯалӣ ибни Сино» н.и.т. дотсент:  -  Ниёзова М.С


4
3
2
1
16.11.2020 2825

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php