Иштирок дар интихобот қарзи шаҳрвандист!


Иштирок дар интихобот қарзи шаҳрвандист!

 Дар МТИК Стоматология 2.10.2020 ҷаласаи ғайринавбатӣ дар мавзӯи “Иштирок дар интихобот қарзи шаҳрвандист! » бо иштироки декани факултети стоматологӣ Қаландарзода Ё.Х., муд.кафедра, н.и.т. дотсент Тохтаходжаева С.Т., сардори шӯъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа асс. кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ Таибов С.А.   ва донишҷӯёни бахши панҷуми факултети стоматологӣ гуруҳҳои 7,8,9 баргузор гардид.

Декани факултети стоматологӣ Қаландарзода Ё.Х. ҷаласаро оғоз намуда афзуд:

-Боиси ифтихор аст, ки тавассути корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватани азизамон аз он шоми торике, ки ба вартаи ҳалокат наздик буд, баромад ва мо имрӯз чунин давлати обод ва зебо дорем. Зеро танҳо ӯ тавонист, дар рӯзҳои даҳшатбору пурфоҷеаи кишвар мардуми парешону парокандаи тоҷикро сарҷамъ орад. Пӯшида нест, ки Пешвои миллат дар азми кардаашон устувор монда, тӯли 5 сол бо саркардагони гурӯҳи мухолифин 5 даври гуфтушунид ва ҳафт мулоқот гузаронида, оқибат ба мақсади гузоштаи хеш муваффақ гаштанд. Дар ин роҳи басо душвор боварию муҳаббати мардум зарур буд, ки Президенти кишвар бо садоқат ва самимияти беандозаи ватандӯстияшон ба он сазовор шуданд.

Бинобар ин, моро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, дар маъракаи интихоботии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди масъулият фаъолона ширкат варзем. Дар пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро кушиш намуда, эҳтироми арзишҳои миллӣ, маърифати баланди шаҳрвандӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятиро дар давраи интихобот тарғибу ташвиқ намоем.

Дар охир донишҷӯи факултети мазкур гуруҳи-7 Шафиев Н. дар ҳамин мавуъ баромад намуда, ҳамагонро бовар кунонид, ки донишҷӯёни донишгоҳ дар ин маъракаи сиёси фаъолона ширкат намуда, номзади арзандаи худро интихоб хоҳанд кард.

Ҷаласаро н.и.т. дотсент Тохтаходжаева С.Т. ҳусни анҷом бахшида, бо даъват ба зиракии сиёсӣ ва ҳушёрӣ аз донишҷӯён хоҳиш намуд, ки дар интихоботи дарпешистода ба номзади арзанда овоз диҳанд. 

                     Ассистенти кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ Таибов С.А.  


3
2
1
02.10.2020 1133

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php