Дониш андар дил чароғи равшан аст


Дониш андар дил чароғи равшан аст

Ҳамасола бо иштироки Роҳбари давлат оғоз гардидани соли нави таҳсил, Рӯзи дониш ва “Дарси сулҳ” дар кишвари мо гувоҳи равшани эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати мамлакат ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсии ҷомеа, мақому мартабаи илму маориф, маънавиёту маърифат, заҳмати омўзгорону устодон ва саъю талоши донишҷўёну хонандагон, яъне насли ояндасози миллат мебошад. Дар ин рӯз чун анъана дар тамоми муассисаҳои таҳсилотӣ ҷамъомади идона баргузор шуда, рӯзи нахустини соли нави дониш бо Дарси сулҳ оғоз меёбад.

17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102-ро барои 2400 нафар хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Пас аз ифтитоҳи муассисаи нави таълимӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори барҳавои мактаб бо аҳли маорифи пойтахт мулоқот намуда, хонандагону омӯзгоронро ба муносибати оғози соли нави хониш табрику таҳният гуфтанд.

Зимни суханронӣ дар Рӯзи аввали соли хониши 2020-2021 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъсири пандемияи короновирус, тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии паҳншавии ин бемории нави сироятӣ, иқдомҳои созандаи Роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар оид ба рушди соҳаи маориф, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, таъмини ҷойҳои нишаст барои хонандагон ва вазифаҳои оянда дар назди маорифчиён ҷиҳати беҳдошти сатҳу сифати таълиму тарбия ва ҷалби хонандагон ба донишомӯзӣ андешаронӣ карданд.

Маросими мулоқот бо аҳли маорифи пойтахт дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо иштироки Пешвои миллат мустақиман тариқи ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизионӣ пахш гардид. Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин маросимро омӯзгорону донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар толори Сино ва толорҳои Исҳоқӣ, Ғуломов, МОМА-и Маҷмааи нави таълимии “Шаҳраки Шифобахш” бо мароқ тамошо карда, як ҷаҳон маънӣ бардоштанд.

                            Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


5
4
3
2
1
17.08.2020 1139

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php