COVID-19. Дар Тоҷикистон 6443 нафар гирифторони коронавируси нав шифо ёфтанд


COVID-19. Дар Тоҷикистон 6443 нафар гирифторони коронавируси нав шифо ёфтанд Дар муддати аз 30 апрел то 6 август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 6443 нафар ё худ 84%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфтаанд, бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар мамлакат 40 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ва 1 мавриди фавт ба қайд гирифта шуда, шумораи беморон дар муддати аз 30 апрел то 6 август ба 7665  нафар ва фавтидагон ба 62 нафар расид.

«Давоми шабонарӯзи охир 99 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 44 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд», — омадааст дар иттилоияи маркази матбуоти вазорат.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Манбаъ: https://khovar.tj/



06.08.2020 349

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php