ИШТИРОК ДАР ВИДЕОКОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАВЗӮЪИ “НАҚШИ ТИББИ АНЪАНАВӢ ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ COVID-19”
Имрӯз, 30 июли соли равон бо мақсади рушди ҳамкориҳо дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай бо ташаббуси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар мавзӯъи “Нақши тибби анъанавӣ дар мубориза бар зидди COVID-19” видеоконфронси байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, роҳбарони як қатор сохторҳо ва сармутахассисони соҳавии вазорат иштирок намуданд.
Дар видеоконфронс намояндагони вазоратҳои тандурустии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.
Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш ба ҷониби кишвари Ҷумҳурии Мардумии Чин барои ташкил ва баргузории чунин як чорабинии сатҳи баланд изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Дар идомаи видеоконфронс иштирокчиён вобаста ба нақши тибби анъанавӣ дар мубориза бар зидди COVID-19 табодули афкор намуданд.
Манбаъ: http://moh.tj/?p=21781
30.07.2020
414