СОХТА БА ИСТИФОДА ДОДАНИ 10 АДАД МУАССИСАҲОИ КӮМАКИ АВВАЛИЯИ ТИББИЮ САНИТАРӢ
Бо мақсади дастрас намудани аҳолӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат сохта ба истифода додани муассисаҳои тандурустӣ ҷараён дорад.
Аз ҷумла давоми 6 моҳи аввали соли 2020 дар вилояти Хатон 10 адад муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба маблағи зиёда аз 1,5 миллион сомонӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуданд.
Ҳамзамон, дар ин давра дар ноҳияи Темурмалик Маркази саломатии Танобчӣ аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи 672 ҳазор сомонӣ азнавсозӣ карда шуда, айни ҳол сохтмони бунгоҳҳои саломатӣ дар деҳаҳои дурдасти вилоят бомаром идома дорад.
Манбаъ: http://moh.tj/?p=21698
27.07.2020
438