Пандемияи коронавирус ва пешгирии он COVID-19


Пандемияи коронавирус ва пешгирии он COVID-19
Охирҳои декабри соли гузашта, мақомоти Чин аз пайдоиши бемории илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Ухон хабар доданд. Баъдтар муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавируси Covid - 2019 мебошад. Нахустин мубталоёни вируси навро бо зудӣ дар ин шаҳр пайдо карданд. Вирус хеле зуд дар шаҳр ва минтақаҳои дигари Чин баъдтар дар кишварҳои дигар босуръат паҳн шуд. Вирусҳо (аз лотинии virus — заҳр) – заррачаҳои майдатарини микроскопӣ буда, сохти ҳуҷайравӣ надоранд. Онҳо дар луоби бинии беморон, инчунин дар балғам ва оби даҳони онҳо вуҷуд доранд. Ҳангоми атса ва сулфаи одамони бемор миллионҳо заррачаҳои ба чашм ноаёни вирусдор ба ҳаво паҳн мешаванд. Тадқиқотҳо нишон додан, ки 96 фоизи бемориҳои коронавирусӣ бо роҳи қатрагӣ ба узвҳои нафаси одами солим дохилшаванда ба амал омадаанд. Онҳоро бемориҳои сироятии дар ҳаво ҳосил шуда меҳисобанд.
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ бо назардошти суръати паҳншавӣ, бемории кронавирусро пандемия эълон кард. Пандемия (аз юнони pandemia – оммаи халқ) эпидемияе, ки боиси сирояти васеи аҳолӣ, гурӯҳи мамлакатҳо ва пайдо шудани вирусҳои нав ё бемориҳои сироятие, ки бо сабаби набудани масунияти аҳолӣ ба амал омада боиси фавти зиёди инсонҳо мегардад. Пандемия вақте пайдо мешавад, ки беморӣ дар ҷаҳон зуд паҳн мешавад ва аксарияти мардум аз он эмин нестанд. Ба организми одами солим роҳ ёфтани барангезандаи бемории гузарандаро сирояти касалӣ меноманд. Манбаи касалии гузаранда шахси бемор ё шахси солими паҳнкунандаи касалӣ буда, ба муҳити атроф микроорганизмҳо ҷудо мекунад, ки ба воситаи ҳаво ҳангоми атсазанӣ, сулфидан, истифодаи ашёҳои умумӣ, бо маҳсулоти хӯрокӣ ва об, бо даст салом кардан, бӯсидани якдигар ба организми одамони сиҳат роҳ меёбанд. Агар аксарияти одамон иммунитет надошта бошанд, бемории сирояткунанадаи оммавӣ – эпидемия сар мезанад, чунончи дар Хитой сирояти васеи аҳолӣ ба пандемия табдил ёфт. Дар бисёр ҳолатҳо иммунитет ва тарзи дурусти рафтори бемор ба шахс дар бартараф кардани бемориҳо кӯмак мекунад ва коронавирус низ истисно нест. Барои пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ дар ҷойҳои серодам, ҷои дарсомӯзӣ, нақлиёт, ҳаргуна чорабиниҳо аз ниқобҳои муҳофизатӣ ва ғайра истифода бурдан лозим аст. Аз сафар ба кишварҳое, ки ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст, худдорӣ намудан лозим. Дастатонро бо собун ва об шӯед. Аз дастфишорӣ ва рӯйбусӣ худдорӣ кунед. Ба дараҷаи кофӣ оби ҷӯш ва ҷӯшонидашуда нӯшед. Одамоне, ки гирифтори табларза, ҳарорати баланди бадан, сулфаи хушки бардавом, дарди сар ва мушакҳо ҳастанд ба мутахассисони тиб муроҷиат намоянд. Реҷаи хонаро риоя кардани бемор ҳатмист, зеро вусъати минбаъдаи ангезандаҳоро пешгирӣ мекунад.
Тибқи маълумоти воситаҳои ахбори омма ҳафтаи охир 1,27 млн. одамон дар миқиёси ҷаҳон сирояти коронавирус гардида, беш аз 69 ҳазор нафар фавтидаанд. Дар кишварҳои ҳамсояи мо бо омилҳои гуногун ин вирус ворид ва зуд паҳн гардид, ки шумораи гирифторони ин маризӣ дар Россия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистон низ ҳоло рӯ ба афзоиш аст. Тибқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ тавассути шабакаҳои телевизионӣ расман хабар дода шуд, ки ин беморӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. Мақомоти Тоҷикистон ҳам ба хотири пешгирӣ аз ин офат ва оқибатҳои хатарноки он чораҳои амалӣ андешида истодаанд ва сарҳадоти худро баста, парвози ҳавопаймоҳоро ба кишварҳои дигар муваққатан қатъ намудаанд.
Бар иловаи ин, бе таҳлука ва ором зистан низ яке аз шартҳои дигари муҳим барои ҳифзи саломатӣ дониста мешавад. Қайд намудан бамаврид аст, ки ҳама бояд дар андешаи сиҳатии худ ва таъмини субот бошанд ва набояд мардум ба ҳангомаю овозаҳо дода шаванд. Бовар намудан ба овозаву ҳангомаҳои беасос муҳити носолимеро ба вуҷуд оварда, рӯҳияи инсонро мешиканад. Инсонҳо танҳо дар ҳамбастагӣ ва фазои солим ва бо рӯҳияи қавӣ метавонанд ба ҳар як беморӣ ғолиб бароянд.
М.М.Наботов, омӯзгори фанни биологияи МОҚ

08.04.2020 3608

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php