ГЕПАТИТ БЕМОРИИ ҶИГАР АСТ


ГЕПАТИТ БЕМОРИИ ҶИГАР АСТ
ГЕПАТИТИ ВИРУСӢ (Hepatitis epidemica; Н. viralis), заъфармаи сироятӣ, бемории Боткин, бемории сироятиест, ки аз он бештар ҷигар иллат меёбад. Ангезандаи гепатити вирусӣ ба таъсири муҳит бағоят устувор аст. Бино ба маълумоти солҳои охир 7 навъи гепатити вирусӣ вуҷуд доранд: А, Б, С, D, Е, G ва F.
Гепатити А (бемории Боткин) нисбат ба дигар шаклҳои он бештар вомехӯрад. Ангезандаи онро соли 1937 олим С. Фейстоун кашф кардааст. Ҳангоми ҷӯшондан дар муддати 5 дақиқа маҳв мешавад. Дар ситоплазмаи ҳуҷайраҳои ҷигар ҷой мегирад. Манбаи сирояти гепатити А одами бемор аст. Вирусҳо ба воситаи пасафканд хориҷ мешаванд. Омили асосии сироят аз онҳо об, хӯрок, ашёи рӯзгор, гоҳо хун ва алоқаи ҷинсӣ аст. Вируси беморӣ аз ҳамроҳак намегузарад, бинобар ин ба тифли батн хавф надорад. Гепатити А бемории мавсимӣ буда, дар Тоҷикистон фаслҳои тобистон ва тирамоҳ авҷ мегирад. Асосан кӯдакони аз 1-сола боло ва ҷавонон бемор мешаванд.
Гепатити В (гепатити зардобӣ) дар байни дигар шаклҳои гепатитҳо 10 – 30 фисадро ташкил медиҳад. Маълумоти аввалин оид ба ангезандаи он соли 1965 ба даст омадааст. Вируси гепатити В на кислотаи рибонуклеат (РНК), балки кислотаи дезоксирибонуклеат (ДНК) дорад. Ба таъсири муҳит устувор аст. Дар ҳарорати 120°С баъди 45 дақиқа, дар 180°С баъди 60 дақиқа. ва дар ҳарорати 60°С баъди 10 соат маҳв мешавад. Манбаи сироят ҳомилони вирус мебошанд (онҳо дар Тоҷикистон 10%-ро ташкил медиҳанд). Ангезандаи беморӣ тавассути хун мегузарад. Тақрибан 50 фисади беморон дар муассисаҳои табобатӣ сироят меёбанд. Беморӣ хусусан дар байни кормандони тиб ва нашъамандон паҳн шудааст. Бо роҳи алоқаи ҷинсӣ низ интиқол меёбад. Аз модар ба тифли батн мегузарад.
Гепатити С солҳои 70-уми асри 20 муқаррар карда шуд. Дар ҷаҳон хеле густариш ёфтааст. Хусусан, дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бештар дучор меояд. Ангезандаи он ба флавовирусҳо шабоҳат дорад. Манбаи сироят беморон мебошанд. Ангезандаи маризӣ ба воситаи хун интиқол меёбад. Бинобир ин имкон дорад, ки нашъамандон, ҳамчунин маризони гемофилия, мизоҷони марказҳои гемодиализ, кормандони тиб ва ашхоси беҷогард бемор шаванд (онҳоро гурӯҳи хавфпазир меноманд).
Гепатити D аз соли 1977 маълум аст. Аввал ангезанда, сипас аломатҳои клиникии беморӣ тавсиф шуданд. Манбаи сироят беморон мебошанд. Интиқоли ангезандаи беморӣ мисли гепатити В аст.
Гепатити D дар байни нашъамандон ва беморони гемофилия бештар дучор меояд. Аз модар ба тифли батн ҳам гузаштанаш мумкин.
Гепатити E-ро гепатити на А ва на В низ меноманд. Дар Ҳиндустон, Бирма, Алҷазоир ва Осиёи Марказӣ хурӯҷҳои обии он ба мушоҳида расида буданд. Масалан, дар вилояти ӯши Ҷумҳурии
Қирғизистон гепатити Е дар байни дигар шаклҳои гепатит 72,7%-ро ташкил мекард. Дар Душанбе дар давраи байни эпидемияҳо тақрибан 10,8% ҳолатҳои гирифторӣ ба гепатитҳои вирусӣ ба гепатити Е рост омадааст. Манбаи сироят бемор ва ҳомилони вирус мебошанд. Ангезандаи маризӣ бештар ба воситаи об мегузарад.
Гепатитҳои F ва G алҳол пурра таҳқиқ нашудаанд. Бештар дар мамолики Африка ба мушоҳида мерасанд.
Бемадорӣ ва хастагӣ аввалин аломатҳои беморианд. Гепатитҳои вирусӣ аксаран беиштиҳоӣ, талхии даҳон, оруғ, зардаҷӯшӣ, дилбеҳузурӣ, қай ва дарди шикамро ба вуҷуд меорад; бемор дарунрав мешавад. Баъзан сулфа, зуком, дарди сар, дарди мушакҳою банду буғум низ аз гепатитҳои вирусӣ дарак медиҳанд. Ҳарорати бадан баланд (баъзан то 39 – 400С), ранги пешоб тира ва ба пиво ё чой монанд мешавад. Пасафканд хокистарранг мегардад. Минбаъд пӯст ва сафедии чашм ранги зарди сурхтоб пайдо мекунад. Аҷаб нест, ки гепатитҳои вирусӣ ноаён, яъне бидуни зардпарвин, бо каме бад шудани авзои умумӣ ҷараён гирад. Гепатитҳои вирусиро фақат дар беморхона муолиҷа мекунанд. Бемор агар реҷаи бистарӣ ва таъиноти духтурро қатъӣ риоя кунад, бо тезӣ сиҳат мешавад.
Беморони гепатитҳои вирусиро аз сар гузаронида бояд ба саломатӣ эътибори ҷиддӣ диҳанд. Агар касбу кор ба саломатӣ зарар меоварда бошад, пас чунин одамонро муваққат (мӯҳталашро духтур муайян мекунад) ба кори сабук гузаронидан лозим; онҳо бояд 2 сол зери назорати духтур бошанд. Ҳомилони вирусро ба назорати диспансерӣ мегиранд. Ҳар шахси гепатитҳои вирусиро аз сар гузаронида бояд дар хотир дошта бошад, ки ҳангоми риоя накардани реҷа ва парҳези таъинкардаи духтур беморӣ оризаҳои гуногун (то сиррози ҷигар) ба бор меорад. Беморон бояд худро аз хастагӣ, гармо ва сармо эҳтиёт намоянд. Иштирок кардан дар мусобиқаҳои спортӣ ва бардоштани бори вазнин (аз 3 кг зиёд) то як сол манъ аст. Баъди аз беморхона баромадан, 6 – 12 моҳ парҳез кардан зарур мебошад. Зимни парҳез истеъмоли нӯшокиҳои спиртдор (аз он ҷумла пиво), консерваҳо, хӯроквории дудхӯрда, очор, хӯроки тунду тез, бирён ва шоколад манъ аст. Истеъмоли хӯроки ширию растанигӣ, навъҳои беравғани гӯшт ва моҳӣ тавсия мешавад.
Барои пешгирии гепатитҳои вирусӣ беморро ҳатман дар касалхона бистарӣ намуда, ҷои зисташро дезинфексия кардан лозим. Парасторони беморро 45 рӯз ба муоинаи тиббӣ мегиранд. Бо мақсади пешгирии гепатитҳои вирусии кӯдакон ба онҳо гамма-глобулин тазриқ мекунанд. Духтурони бунгоҳҳои санитарию эпидемиологӣ саломатии кормандони муассисаҳои хӯроки умумӣ, таъмини об, донорҳо ва шахсони бо коркарди хун алоқамандро назорат мекунанд. Асбобу анҷоми тиббӣ бо диққати том тамйиз (стерилизатсия) карда мешавад.
Э.Р. Раҳмонов, Ш.А.Тошева, кафедраи бемориҳои сироятӣ

27.03.2020 10867

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php