Санҷиш давом дорад


Санҷиш давом дорад
Санҷиши амалии таҷрибаомӯзии истеҳсолии дар доираи «Соли таҳсили клиникӣ» ба тавре OSCE (имтиҳони объективии сохторшудаи клиникии) барои донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ давом дорад. Ҳамарӯза аз соати 8:00 устодони кафедраҳои клиникӣ якҷоя бо мутахассисони Марказ чорнафара дар ҳар чор ҳуҷраи таълимӣ (инстанция) - акушерӣ ва гинекология, бемориҳои ҷарроҳӣ, бемориҳои дарунӣ, анестезиология ва реаниматология – санҷишро қабул мекунанд. Донишҷӯёни курси 6-ум чорнафара ба навбат аз ҳар як инстанция мегузаранд. Дар ҳар як ҳуҷраи таълимӣ бо истифодабарии манекенҳову муляжҳо дар давоми ҳашт дақиқа онҳо бо роҳи ҳали масъалаҳои ситуатсионӣ аз фанҳои дар боло зикршуда малакаю маҳорати худро намоён мекунанд. Рафти санҷиш мувофиқи стандартҳои байнамиллалӣ мебошад.
Раиси комиссия, проректор оид ба корҳои муолиҷавӣ, н.и.т., дотсент Қобилов Қ.К., проректор оид ба корҳои таълимӣ-методӣ, д.и.т., профессор Ибодзода С.Т., муовини раиси комиссия, сардори шуъбаи методӣ, н.и.т. Исоева М.Б., декани факултети тиббӣ, д.и.т., профессор Ҳоҷаева Н.М., сардори шуъбаи таҷрибаомӯзӣ, н.и.т., Матинов Ш.Қ., муовини декани факултети тиббӣ Раҳимова Д.С., сардори шуъбаи сифати таълим, н.и.т. Мирзоев Ҳ.М. ҳамарӯза рафти санҷишро назорат мекунанд. Кормандони шуъбаи таҷрибаомӯзӣ дар рафти санҷиш иштироки фаъол доранд, эродҳои ҷиддӣ нест.
То имрӯз гуруҳҳои №№ 40-46 аз санҷиш гузаштанд. Санҷиши амалии таҷрибаомӯзии истеҳсолии дар доираи «Соли таҳсили клиникӣ» ба тавре OSCE барои гурӯҳҳои №№ 47-61 донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ рӯзҳои 11 ва 12 марти соли 2020 давом мекунад.
Ҷ.Н.Усмонов, директори Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ

Санҷиш давом дорад
Санҷиш давом дорад
Санҷиш давом дорад
Санҷиш давом дорад
Санҷиш давом дорад
Санҷиш давом дорад
Санҷиш давом дорад
Санҷиш давом дорад
Санҷиш давом дорад
Санҷиш давом дорад
Санҷиш давом дорад
Санҷиш давом дорад
Санҷиш давом дорад
Санҷиш давом дорад
Санҷиш давом дорад
Санҷиш давом дорад
Санҷиш давом дорад
10.03.2020 766

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php