Маълумоти умумӣ


Раиси шӯрои бонувон
0F8A0198.JPG

Дар донишгоҳ шурои занону духтарон фаъолият менамояд, ки роҳбарии онро раиси бахш Амонзода Сабоҳат Бобишо, ба ӯхда дорад.

Шурои занон ва духтарон ташкилоти ҷамъиятӣ дар сохтори Донишгоҳ буда, ҳадафҳояшро бо мусоидати бевоситаи Раёсати донишгоҳ, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаҳои давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба занон ва дастуру супоришҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал тадбиҳ мекунад.Шурои занон ва духтарон дар асоси Ойинномаи донишгоҳ, Низомнома ва наҳшаи кории Шӯро аз ҳисоби занон ва духтарони фаъоли донишгоҳ кор ва фаъолият мекунад.

   Дар даврони Истиҳлолияти сиёсӣ бо мақсади тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъол гардонидани нақши онҳо, тарбияи насли худшиносу худогоҳ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расидааст, ки ин дар таърихи навини Тоҷикистон имконияти васеъ пайдо намудани занонро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъмин намуд. Аз ҷумла:

 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994;

 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1 марти соли 2005, №89;

 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» аз 19 июли соли 2022, №1890;

 Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила (солҳои 2011-2020 ва солҳои 2021-2030);

 Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001, №391 тасдиқ гардидааст;

 Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар се марҳила (барои солҳои 2007-2016; солҳои 2017-2022 ва солҳои 2023-2030);

 Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №801 тасдиқ шудааст;

 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999, №5.

   Лозим ба зикр аст, ки қонунгузорӣ дар бораи баробарии гендерӣ дар Тоҷикистон танҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар боло ишорагардида маҳдуд намегардад. Дар баробари ин ва дар асоси қонунҳои дар боло зикршуда, дар Тоҷикистон санадҳои сершумори зерқонунӣ ва барномаҳову нақшаи чорабиниҳои зиёд қабул гардиданд, ки барои таъмин ва ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои занон, ки дар Конститутсия, дигар қонунҳои мамлакат, инчунин аз уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон бармеоянд, нигаронида шудаанд.

   Баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999, ки барои васеъ намудани намояндагии занон дар мансабҳои роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ, ҳукумати мамлакат, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии давлатӣ нигаронида шуда буд.   

   Вобаста ба масъалаҳои болозикр зиёда аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудаанд.

Тоҷикистон дар миёни дигар давлатҳои дунё яке аз авалинҳо шуда,конвенсияи байналхалқиро “Дар бораи барҳам додани ҳама шаклҳои зӯроварӣ нисбати зан”, ”Оид ба ҳуқуқи сиёсии занон”, ”Ҳуқуқҳои кӯдак” ба тасвиб расонидааст

Оид ба баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ,сиёсӣ ва дониши касбии занҳо ва донишҷӯдухтарон аз рӯи нақша –чорабиниҳо дар сатҳи факултет, марказҳо ва хобгоҳҳои донишгоҳ суҳбату вохӯриҳо,озмунҳои фарҳангӣ, мизи мудаввар,ҷаласа, ҳамоишҳо оид ба риояи “Дастурамали либоси тавсиявии донишҷӯён”ва либосҳои расмии кормандон,”Оила сарчашмаи муҳаббат”,баланд бардоштани маърифатнокии ҳуқуқиву худшиносии ҷавонон ҷиҳати боз ҳам қавитар гардонидани масъулияти ҷавонон дар пойдории оила ва рисолати ҳифзкунандаи муқаддасоти оиладорӣ,саломатии репродуктивӣ,оқибатҳои никоҳи барвақт ва хешу таборӣ баргузор карда мешавад.

Мувофиҳи нақшаи кории Шуро бо духтарон ва занони донишгоҳ чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, тарбиявӣ, илмӣ, мизҳои мудаввар гузаронида мешавад.   

Дар донишгоҳ 846 зан ба ҳайси омӯзгор ва корманд фаъолият менамоянд, ки аз ин 457 нафар дар самти таълиму тарбия ва корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва самти коргузорӣ ( 1 нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 23 нафар доктори илм, 50 нафар дотсент, 140 нафар номзади илм, 82 нафар муаллими калон, 236 нафар ассистент, 34 нафар коргузорон (лаборант), 5 нафар сардорони шуъба ва марказҳо )  26 нафар мудирони кафедра ва  173 нафар кормандони раёсати хоҷагӣ мебошанд.

Ҳайати Шурои занон ва духтарони МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино”

1.Амонзода С.Б               - раиси Шӯрои занону духтарон, н.и.с.,дотсент

2.Сайфуддинзода М.Б    - мудири кафедраи ренгинология ва радиология н.и.т (муовин)

3.Аюбова Сурайё            - сармутахассиси шуъбаи тарбия (котиб)

4.Аҳрориён З.А               - муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, н.и.т.,дотсент

5.Қурбонбекова П.Қ       - дотсенти кафедраи физиологияи потологӣ

6.Додхоева М.Ф              - профессори кафедраи акушерӣ ва гинекологии №1,академики АИТ ВТ ва ҲИА ҶТ, д.и.т.

7. Ходжаева Н.М              - мудири кафедраи бемориҳои сироятии кудакона д.и.т.,дотсент

8.Яқубова З.Ҳ                   - профессори кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона, д.и.т.

9. Сироҷиддинова У.Ю   - профессори кафедраи фтизиопульмонология, д.и.т.

10. Шарипова Х.Ё            - профессори кафедраи таълими асосҳои бемориҳои дарунӣ, д.и.т.

11.Усмонова Г.М             - мудири кафедраи эпидемиология ба номи    профессор Рофиев Ҳ .Қ . д.и.т.

12.Сабурова А.М              - профессори  кафедраи биохимия, д.и.б.

13.Юлдошева У.П            - декани факултаи стоматологӣ, н.и.ф., дотсент

14.Чоршанбезода М.        - ассистенти кафедраи тибби ҳарбӣ

15.Азимова М.М               - мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ, н.и.ф. дотсент

16.Низомова С.Ф              - мудири кафедраи забони тоҷикӣ, д.и.ф 

17.Ниёзова Н.Ф                - мудири кафедраи эндокринология, н.и.т., дотсент

18.Шукурува Д.А             - дотсенти кафедраи гистология

19.Хоҷаева Г.Б                  -дотсенти кафедраи бемориҳои дарунии №3, н.и.т. дотсент

20.Тоштемирова З.М        - мудири кафедраи физиологияи патологӣ,н.и.т., дотсент

21.Маҳмудова С.               - мудири кафедраи забони англисӣ н.и.ф., дотсент

22.Абдусатторова М.А     - муовини декан оид ба Квота

23.Мавлонова С                 -мутахассиси шуъбаи илм ва иноватсия

24.Тулаганова С.М            - муаллими калони кафедраи анатомияи одам ба номи Я.А.Раҳимов

25.Адамқулова С.С            -мудири шӯъбаи коргузории Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ

26.Холова Б.М                   - донишҷӯи курси 2-юми факултети тиббӣ

27.Абдураҳимова Ш.Д      -донишҷӯи курси 3-юми факултети тиббӣ

Дар Донишгоҳ солҳои таҳсили 2023 - 2024  ҳамагӣ 5968 нафар духтарон таҳсил менамоянд, ки  аз ин 651 нафар хориҷӣ, аз ин  теъдод  411 нафарашон бо квотаи президентӣ ба таҳсили илм фаро гирифта шудаанд. Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ба донишҷӯдухтарони Донишгоҳ пайваста ғамхорӣ зоҳир мегардад, аз ҷумла онҳо бо ҷои хоб ва идрорпулӣ, ва маблағи иловагӣ аз суратҳисоби махсуси Донишгоҳ таъмин мегардад. Дар хобгоҳои Донишгоҳ 891 нафар духтарон бо ҷойи зист таъмин гардидаанд, ки 125 нафар тариқи ройгон ва аз ин 128 нафарашон тибқи квотаи президентӣ таҳсил менамоянд. 

Дар панҷ соли охир (2020-2024) донишҷӯдухтарони Донишгоҳ дар озмуну олимпидаҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ – Олимпидаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Олимпиадаи миёни донишҷӯёни МТОК барои дарёфти “Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, олимпиадаи  муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои Осиёи Миёна, озмунҳои ҷумҳуриявии “Донишҷӯ ва пешрафти илму техника”, “Илм –фуруӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” фаъолона иштирок намуда сазовори ҷойҳои иифтихорӣ гардид. Аз ҷумла соли 2020 донишҷӯи курси 2-юми факултети тиббӣ Тошматова  Дилбар дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” сазовори ҷойи 4-ум гардиданд.Соли 2023 дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”  Аминбекзода Нозия донишҷӯйи курси дуюми факултети тиббӣ аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ» сазовори ҷойи якум гардид.

ВАЗИФАҲО:

1.Баланд бардоштани маърифти дунявии занону донишҷӯдухтарон ва ба роҳ мондани тарбияи маърифатнокии илмию дунявӣ, сиёсӣ ва ҳуҳуҳии онҳо;

2.Боз ҳам бештар ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташкили сӯҳбату вохӯриҳо бо намояндагони маќомоту идораҳои давлатӣ ва дигар ќишрҳои ҷомеа,баҳри амалисозии идеологияи сиёсӣ ва миллӣ.

3.Таъсис додани Шурои духтарон дар назди факултаҳои Донишгоҳ.

4.Таъсис додани маҳфили “Зан сарвар” ва ҷалби духтарони фаъол ба ин маҳфил.

Рӯйхати ҳуҷҷатҳо:



Тамос


Суроғаи марказ: ш. Душанбе к. Рўдакӣ 139,
Тел: 224-38-86; 918-62-69-41,
E-mail: tarbia@tajmedun.tj

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php