Маълумоти умумӣ


Сардори шуъба
0F8A9807.JPG
Шуъбаи тарбияи МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” (минбаъд шуъба) ҷузъи сохтории муовинати тарбияи Донишгоҳ маҳсуб ёфта, сиёсати роҳбарияти Донишгоҳро дар самти баланд бардоштани сатҳи тарбияи инсондӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, бо ин васила ташаккул додани фарҳанг ва маънавиёти донишҷӯён татбиқ менамояд.

Самтҳои асосии фаъолият


Бо мақсади татбиқи бандҳои Консепсияи миллии тарбия, амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои корҳои тарбиявии донишгоҳӣ, таъмини иҷрои амалии ҳадафҳои стратегӣ, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи қонунгузории соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Шурои олимон ва супоришҳои ректори Донишгоҳ ҳамкории худро бо сохторҳои Донишгоҳ ба роҳ мемонад;
Дар фаъолияти худ ҷамъи масъалаҳои ба корҳои тарбиявӣ алоқамандро зери назорат ва роҳбарӣ гирифта, сохтори асосии танзимкунандаи муносибатҳо дар ин самт ба ҳисоб меравад;
Фаъолияти тамоми зерсохторҳои қисми тарбияи Донишгоҳро назорат намуда, дар назди муовини ректор оид ба тарбия ва ректори Донишгоҳ масъул аст;
Фаъолияти Шурои кор бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ: Шуъбаи кор бо ҷавонон, Кумитаи иттифоқи касабаи кормандон, Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён, Шурои занон ва духтарон, Шурои кураторони назди факултетҳо, Шурои волидайн, Шурои донишҷӯёни хобгоҳҳоро ҳамоҳанг сохта, самарабахшии фаъолияти онҳоро дар вусъати корҳои тарбиявӣ таъмин менамояд.
Мақсади асосии шуъба ин ташаккули инсони комил, тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, ифодагари симои зеҳнию маънавӣ, фикру ҷисму руҳи солим, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, риоягари қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳо, заҳматписанду зебоипараст, сарфаю сариштакор, бо таҳаммулу тоқатпазир, масъулиятшиносу фаъол, созандаю эҷодкор ва гиромӣ доштани таъриху мероси фарҳанги ниёгон, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ мебошад.
Назорати иҷроиши соатҳои тарбиявии кураторӣ ва беруназдарсӣ, аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯён риоя намудани талаботи Дастурамали либосҳои тавсиявии Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилу баргузор намудани чорабиниҳои тарбиявӣ ва озмунҳои дохилидонишгоҳӣ, таъмини иштироки донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, корҳои ташвиқотӣ-фаҳмондадиҳӣ бо донишҷӯён дар Донишгоҳ ва хобгоҳҳо аз ҷумлаи вазифаҳои асосии шуъба маҳсуб меёбад.
Бинобар ин, ҳамасола аз ҷониби шуъба чорабиниҳои зиёди тарбиявӣ, адабӣ, фарҳангӣ, иду ҷашнвораҳои миллӣ, касбӣ ва ғайра ташкилу баргузор шуда, даҳҳо сенария ва нақшаву барномаҳои гуногуни тарбиявӣ-ахлоқӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ таҳия мегардад.
Мавриди зикр аст, ки дар самти ҳамкориҳои Донишгоҳ бо ВАО саҳми шуъба назаррас мебошад.
Дар ташкилу баргузории конфронсу симпозиумҳое, ки аз ҷониби муовинати илм роҳандозӣ мегардад, шуъба бо барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ сатҳи фарҳангу маърифат ва исеъдоди баланди донишҷӯёни донишгоҳро муаррифӣ менамояд.
Донишгоҳи тиббӣ аз лиҳози ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба таҳсил дар мамлакат мавқеи пешсафиро дорост. Бо мақсади таҳкими дӯстиву бародарӣ, ривоҷ додани ҳисси худшиносӣ ва инсонпарварии донишҷӯёни гуногунмиллат ва шиносонидани онҳо бо арзишҳои фарҳангии умумибашарӣ аз ҷониби шуъба Низомномаи баргузории «Рӯзҳои фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ» дар Донишгоҳ таҳия карда шудааст, ки ҳар сол мувофиқи низомнома Рӯзҳои фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ бо иштироки намояндагони мамлакатҳои гуногун баргузор карда мешавад.

Рӯйхати ҳуҷҷатҳо:



C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php