11. Миршарофов М.М. аз соли 2022
Шуъба бо мақсади андешидани тадбирҳои мақсаднок ва ҳамгироишуда дар амалӣ гардонидани сиёсати ягонаи давлатӣ доир ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар байни донишҷўён ва кормандони ҷавони Донишгоҳ, инчунин таъмини ҳуқуқ ва ҳимояи манфиатҳои онҳо таъсис дода шуда, он фаъолияти худро бевосита ва дар ҳамкории зич бо Кумита, инчунин дигар сохторҳои дахлдор анҷом медиҳад.
○ Ташаккули ҳувияти миллӣ дар замири ҷавонон
○ Ҷалб ва ҳавасмандгардонӣ дар роҳи илмомўзӣ
○ Тарғибу ташвиқи тарзи хайёти солим
○ Амалӣ гардонидани иқтидори эҷодии донишҷўён.
○ Ҷалб кардани ҷавонону донишҷўён ба идоракунӣ ва роҳбарии ташкилотҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ.
○ Тарбияи ҷавонон дар рўҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, хат, забон ва урфу одати миллатҳое, ки дар ҷумҳурӣ зиндагонӣ мекунанд.
► Иштирок дар татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи ҷавонон ва саҳмгузорӣ дар амалигардонии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»;
► Омўзиш ва ба низом даровардани пешниҳоду ташаббусе, ки аз ҷониби донишҷўён дар масъалаи беҳтар кардани амалишавии Қонун «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» сурат мегирад.
► Таҳия ва ба Шўрои олимони Донишгоҳ пешниҳод намудани барнома ва лоиҳаҳои мушаххас оид ба беҳтар намудани шароити зисту зиндагонии донишҷўён, кормандон ва олимони ҷавон;
► Амалӣ намудани тадбирҳои пешниҳоднамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон дар байни донишҷўёни Донишгоҳ ва пешниҳоди ҳисбот аз натиҷаи он;
► Иштирок дар таҳияи нақшаи ягонаи фаъолити шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ки дар мувофиқаи муассиса аз ҷониби Кумита тасдиқ карда мешавад, иҷрои саривақтии талаботи он ва ҳар се моҳ пешниҳод намудани ҳисобот аз натиҷаи фаъолият ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон;
► Ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон пешниҳод намудани таклифҳои судманд доир ба амалӣ намудани чораҳои мақсадноки илмию маърифатӣ, фарҳангию варзишӣ ва дигар чорабиниҳо дар байни донишҷўён;
► Мусоидат ба рушди илм дар байни донишҷўён, олимони ҷавон ва ба ин васила танзими мақсадноки фаъолияти Шўрои олимони ҷавони Донишгоҳ;
► Рушди ҳамкорӣ, мустаҳкам гардонидани дўстӣ, ягонагии ҷавонон, донишҷўён ва олимони ҷавон;
► Ҳифзи ҳуқуқи донишҷўён новобаста аз нажод, миллат, дин, вазъи иҷтимоӣ барои тайёрии касбӣ ва таҳсилот;
► Ҷалби ҷавонону донишҷўён ба идора ва роҳбарии ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷавонон;
► Тарбияи донишҷўён дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ;
► Ҷалби фаъолонаи донишҷўён ҳангоми фориғ будан аз дарсҳои таълимӣ дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва дигар тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита, инчунин дастгирии донишҷўёни фаъол барои саҳми муносибашон дар корҳои ҷамъиятӣ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
► Рушди фаъолияти волонтёрӣ дар миёни донишҷўён ва кормандони ҷавони муассиса ва ташкили бонизоми шанбегиҳо, дигар корҳои созандагию бунёдкорӣ дар дохили муассиса ва берун аз он;
► Баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни зеҳнию интеллектуалӣ, озмунҳо, викторина ва ташкили барномаҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ дар байни ҷавонон;
► Ҳамасола дар сатҳи баланд баргузор кардани даври донишгоҳии озмунҳои ҷумҳуриявӣ миёни дониншҷўён, аз ҷумла «Донишҷўи сол», «Таронаи донишҷўӣ», бозиҳои варзишии донишҷўӣ ва пешниҳоди саривақтии ғолибон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ;
► Ҳамасола дар сатҳи баланд баргузор намудани озмунҳои дохилидонишгоҳии Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стипендияи Д.И. Менделеев, Идрорпулиҳои номии Донишгоҳ.
► Ҳар рўзи шанбе ҳамчун «Рўзи Варзиш» дар сатҳи баланд ташкил намудани машқҳои пагоҳирўзӣ дар байни ҷавонон, махсусан дар назди биноҳои хобгоҳҳо;
► Дар мувофиқа бо Ректори Донишгоҳ ташкили боздиди донишҷўён ва кормандони ҷавони муассиса аз мавзеъҳои таърихию сайёҳии кишвар;
► Ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои донишгоҳи;
► Ташкил кардани Шўроҳо, ташкилотҳо ва созмонҳои донишҷўён.
► Ташкил ва доир намудани фестивалҳо, конфронсҳо, вохўриҳо, семинарҳо, машваратҳои илмӣ ва чорабиниҳои дигар барои донишҷўён.
► Ҳамкории эҷодӣ бо васоити ахбори омма.
► Бо мақсади муайян намудани рейтинги фаъолияти кафедраҳо, паҳлуҳои гуногуни ҳаёти донишҷўён гузаронидани назарпурсӣ (анкета) дар байни донишҷўён ва пешниҳоди натиҷаҳои он ба раёсати донишгоҳ.
► Дар назди Шӯъбаи кор бо ҷавонон маҳфилҳои зерин амал мекунад, ба монанди “Маҳфили мубоҳисон”, “Ёрии аввалини тиббӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода”, "Мактаби презентаторон", ки барои пайдо намудани ҷавонони бо эстеъдод, шунидани фикру мубоҳисаҳои онҳо дар мавзуъҳои мубрами рӯз ва банд намудани вақти холигии онҳо таъсис дода мешавад.