• вобаста ба имкониятҳои ҷойдошта бо хобгоҳ таъмин намудани донишҷуёни эҳтиёҷманд;
• расонидани кӯмаки моддӣ ба донишҷӯёни ятиму маъюб ва камбизоат;
• гузаронидани корҳои маданӣ – оммавӣ ва варзишию тандурустӣ дар байни донишҷӯён
• гузаронидани корҳои таълимию тарбиявӣ дар байни донишҷӯён;
• иштирок дар ташкилу баргузории чорабиниҳои фарҳангю фароғатӣ
• Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён ва Шуъбаи кор бо ҷавонон дар хобгоҳҳо мунтазам ҷаласаҳои тарбиявӣ бо донишҷӯён оид ба муносибатҳои байниҳамдигарӣ, тозагӣ, тартибу интизом, истифодаи дурусти моликияти донишгоҳӣ гузаронидашуда, аз болои донишҷӯёни дар хобгоҳ зиндагонӣ кунанда, шабонарӯзӣ назорат бурда мешавад. Дар хобгоҳҳои донишгоҳ ҷиҳати ташкил ва гузаронидани суҳбату вохӯриҳо барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён – ҷавонони донишгоҳ баҳри пешгирии омилҳои номатлуб аз қабили терроризму экстремизм ва шомилшавии онҳо ба ҳар гунна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоию ифротӣ, пеш аз ҳама баланд бардоштани зиракии сиёсии ҷавонон, рушди омилҳои баландбардории ҳиссӣ ватандӯстию хештаншиносӣ дар замири ҷавонон раёсати Шуъбаи кор бо ҷавонон ва Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён пайваста суҳбату вохӯриҳоро гузаронида шуда истодаанд. Фаъолияти кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён оид ба кӯмак расонидан ба донишҷӯёни ятими кулл ва маъюбону эҳтиёҷмандон назаррас буда, ба онҳо пайваста дар давоми сол кӯмаки хешро мерасонад. Тибқи фармоиши Раёсати Донишгоҳ, ҳамасола тамоми ятимони кулл ва маъюбоне, ки ба ҷои зист эҳтиёҷ доранд, аз тарафи кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён дар якҷоягӣ бо муовинати тарбия дар навбати аввал ва бо таври ройгон бо хобгоҳ таъмин карда мешаванд. Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба роҳбарии бемайлон гирифта, баҳри амалигардонии қарору фармонҳои КҶИККТ ва ҲИТ, роҳбарияти Донишгоҳ, ва Шӯрои олимон оид ба вусъат бахшидани ҷараёни таълиму тарбия ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии донишҷӯён қувваву нерӯи худро равона месозад.