Омода намудани мутахасисси соҳаи тандурустии рақобатпазир ба талаботҳои имрӯзаи бозори меҳнати миллӣ ва ҷаҳонии дорои сифатҳои баланди шахсии ахлоқӣ, маънавӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ
ташаккули инсони комил, тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, фикру ҷисму рӯҳи солим, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, риоягари қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳо, зебоипарастӣ, масъулиятшиносу фаъол, созандаю эҷодкор;
фароҳам овардани шароит барои ташаккули салоҳиятнокии касбӣ, иҷтимоӣ, мавқеи шаҳрвандӣ дар донишҷӯён;
ташаккул додани сифатҳои шахсии ахлоқӣ, маънавӣ ва фарҳангии хоси мутахассиси соҳаи тандурустӣ;
ҷалб намудани донишҷӯён ба ҳаёти фаъоли шаҳрвандӣ ва сиёсӣ;
сохтани фазои ягонаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ;
ташаккул додани тасаввуроти илмӣ дар бораи тарзи ҳаёти солим, омӯхтани малакаву маҳорати худтакмилдиҳии зеҳнию ҷисмонӣ;
инкишоф додани робитаи мустақим ва мутаносиб миёни донишҷӯён, ҳайати профессорону омӯзгорон ва роҳбарияти Донишгоҳ.
Фаъолияти тарбиявӣ дар донишгоҳ мутобиқи «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикисон» ба роҳ монда шуда, самтҳои зеринро дар бар мегирад:
1. Тарбияи ғоявӣ
2. Тарбияи миллӣ ва ватанпарастӣ
3. Тарбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ
4. Тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ ва маърифатӣ
5. Тарбияи ҳуқуқию сиёсӣ
6. Тарбияи гуманистӣ ва зебоипарастӣ
7. Тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим
8. Тарбияи иқтисодӣ
9. Тарбияи меҳнат ва интихоби касб
10. Тарбияи экологӣ
11. Тарбияи таҳаммулӣ, тоқатпазирӣ ва тафаккури интиқодӣ
12. Тарбияи масъулиятшиносӣ