Такмили ихтисос

Маълумоти умумӣ


Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ дар қатори такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тиббӣ, инчунин барои такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони муассисаҳои табобатию профилактикӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ тибқи барномаҳои таълимии тасдиқшуда ва нақшаи таълимӣ роҳандозӣ мегардад.
Ҳайати профессорону омӯзгорон ва устодони варзидаи донишгоҳ дар сатҳи зарурӣ ва бо сифати хуб ҷорӣ гардидани давраҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии касбиро таъмин менамоянд. Такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ аз ҷониби устодони кафедраҳои донишгоҳ ва курсҳои махсуси назди Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ гузаронида мешавад.
Дар Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ такмили ихтисоси табибон аз рӯи 176 барнома ва бозомӯзии касбӣ аз рӯи 21 барнома, ҳамагӣ аз рӯи 195 барномаи тасдиқшуда амалӣ мегардад.
Таҳсил дар давраҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ амалӣ мегардад.
Номгӯи ихтисосҳое, ки аз рӯи онҳо дар интернатураи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсил намудан имконпазир аст:
Баъди таҳсил аз рӯи барномаҳои таҳсилоти иловагии касбӣ ва супоридани имтиҳон ҳуҷҷатҳои зерин дода мешаванд:
• шаҳодатнома дар бораи гузаштани такмили ихтисос – барои мутахассисоне, ки давраҳои такмили ихтисосро тамом кардаанд;
• диплом дар бораи гузаштани бозомӯзии касбӣ – барои мутахассисоне, ки давраи бозомӯзии касбиро (ихтисосгирии аввалия) гузаштаанд.