Маълумоти умумӣ


Дурнамои рушди соҳаи тандурустии ҳар як давлат аз ҳолати сатҳи касбӣ ва сифати омодасозии мутахассисон соҳа вобастагӣ зич дорад, ки вориднамоӣ ва рушди механизмҳои самараноки таҳсилоти муттасили тиббӣ ва рушди касбиро тақозо менамояд.
Тахассуснокии баланд ва сатҳи зарурии салоҳиятнокии табибон ва ҳамшираҳои тиббӣ – омили асосӣ барои беҳтаркунии сифати кӯмаки тиббӣ ба аҳолӣ ба шумор меравад. Соҳаи тандурустӣ ба мутахассисони баландихтисос эҳтиёҷ дорад, ки дорои савияи дониш, малака ва маҳорати касбии зарурӣ мебошанд ва метавонанд амалҳо ва қарорҳои худро аз нигоҳи тибби собитшуда асоснок намоянд.
Рушди илм ва таҷрибаи тиббӣ, пайдоиши технологияҳои нави тиббӣ, ҳамагуна зиёдшавии ҳаҷми маълумот зарурияти муттасил баланд бардоштани сатҳи дониши касбии кормандони тиббиро ба миён меорад.
Барои расонидани кӯмаки тиббии босифат, ғайр аз таҷҳизоти муосир, технологияҳои нав, захираҳои махсуси тандурустӣ, доштани иқтидори кадрии босифат зарур аст.
Сифати фаъолияти кадрҳои тиббӣ бевосита бо сатҳи омодасозӣ ва салоҳиятнокии касбии азхудкардашуда, ҳангоми иҷрои вазифаҳо алоқамандӣ дорад.
Зарурати вориднамоии таҳсилоти муттасил дар тиб аз талаботи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 30 майи соли 2017, №1413), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти касбӣ ва баъдидипломӣ», Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 30 октябри соли 2008, №512), «Консепсияи таҳсилоти муттасил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2023» (аз 27 январи соли 2017, №28) бармеояд.
Таҳсилоти муттасили тиббӣ – раванди таълим, ки дорои маҷмӯи чорабиниҳои омӯзишие мебошад, ки ба мутахассисони соҳаи тиб барои азнавкунӣ ва мукаммалнамоии дониши касбӣ ва малакаҳои худ дар давоми ҳаёти касбӣ имкон медиҳад. Чорабиниҳои омӯзишӣ дар доираи Таҳсилоти муттасили тиббӣ бояд гуногун бошанд, шаклҳо ва усулҳои гуногунро, ки ҳам дар заминаи муассисаҳои таълимӣ ва ҳам дар ҷои корӣ ва мустақилона гузаронидашавандаро дарбар гиранд.
Рушди муттасили касбӣ – таҳсилоти муттасили тиббиро дарбар гирифта, ҷанбаъҳои васеи дониш ва малакаҳоро фаро мегирад. Рушди муттасили касбӣ асосан худидоракунӣ, хусусан ба таҷриба ва худомӯзонадани фаъол асоснокшударо, дар муқоиса аз омӯзиши аз атроф назоратшаванда ифода мекунад. Ғайр аз вазифаи баланд намудани сатҳи маълумоти касбии фардӣ, мақсадҳои рушди муттасили касбӣ инчунин нигоҳдорӣ ва рушди малакаҳои (донишҳо, малакаҳо ва қобилиятҳо) ҳар як табиб, ки дар фаъолияти мунтазам бо талаботи ниёзмандон дигаргуншаванда зарур аст, ба шумор меравад.
Системаи таҳсилоти муттасили тиббӣ ва рушди касбӣ давраи таҳсилоти табибон ва ҳамшираҳои тиббиро дарбар мегирад, ки баъд аз хатми омодасозии заминавӣ ва баъдидипломӣ оғоз гардида, минбаъда дар давоми ҳаёти касбии табиб идома меёбад.
Принсипҳои асосии таҳсилоти муттасили тиббӣ ва рушди касбии самаранок инҳоянд: беҳтаркунии сифати нигоҳубини беморон, дастгирии дарсҳои касбӣ, баҳодиҳии талаботҳои касбӣ ва таълимӣ, рушди касбият ва ҳавасмандкунии таълимгирандагон. Омӯзиш ва таҳлили таҷрибаи байналмилалии таҳсилоти муттасили тиббии кормандони тиббӣ шаҳодат медиҳад, ки дар умум барои бисёр давлатҳо системаи кредитии ҷамъшавандаи таҳсилоти муттасили тиббӣ ба шумор меравад, ки аз ҷамъоварии ҳатмии ҳаҷми муайяни кредитҳо дар як сол иборат буда, ба баландкунии муттасили салоҳияти касбии мутахассисон, мукаммалнамоии дониши онҳо ва малакаҳо имкон медиҳад.
Бо мақсади ташаккули механизмҳои беҳтаркунии сифати таҳсилоти тиббӣ ва кӯмаки тиббӣ аз тарафи Федератсияи умумиҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ соли 2003 стандартҳои таҳсилоти тиббӣ, аз ҷумла таҳсилоти муттасили тиббӣ ва рушди малакаи касбии кормандони тиббӣ таҳия гардидаанд.
Чорабиниҳои таълимӣ дар доираи таҳсилоти муттасили тиббӣ ва рушди касбии мутахассисони соҳаи тиб на танҳо барои беҳтаркунии дониш ва малакаи амалӣ таҳия шудаанд, ҳам барои баландкунии сатҳи худбаҳодиҳии онҳо ва инчунин хавасмандкунӣ ва кӯшишҳо ба такмилёбӣ мебошад. Ташкили ҳавасмандкунӣ ва шароитҳо барои таҳсилоти муттасили тиббӣ ва рушди касбии табибон ва ҳамшираҳои тиббӣ бояд қисми ҷудонашавандаи фаъолияти касбии тиббии онҳо бошад.
Системаи кредитии ҷамъшавандаи таҳсилоти муттасили тиббӣ, ки аз гирифтани ҳатмии ҳаҷми муайяни кредитҳо дар як сол иборат аст, барои бисёр давлатҳо умумӣ ба шумор рафта, ба баландкунии муттасили салоҳияти касбии мутахассисон, мукаммалнамоии дониши онҳо ва малакаҳо имкон медиҳад. Системаи кредитҳои ҷамъшаванда дар таҳсилоти муттасили тиббӣ нишондиҳандаи фаъолнокии таълимии табибон ва ҳамшираҳои тиббӣ ба шумор меравад.
Таҳсилоти муттасили тиббӣ ва рушди касбӣ бояд инфиродӣ бошад, ки ба талаботи таълимии табиб дар таҳсил ва банақшагирии минбаъдаи фаъолияти таҳсилотии худ нигаронида шудааст.

Рӯйхати хуҷҷатҳо




C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php