Маълумоти асосӣ
Маркази ташхисию табобатии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (МТТ ДДТТ) муассисаи ташхисию табобатӣ аз моҳи феврали соли 2009 фаъолияти худро оғоз намудааст ба донишҷӯён, кормандони донишгоҳ ва дигар ниёзмандон кӯмаки тиббӣ мерасонад. Ин якумин клиникаи донишгоҳӣ мебошад. Маркази МТТ ДДТТ аз қисмҳои зерин дармонгоҳ, статсионар ва ҳуҷраҳои табобатию ташхисӣ иборат аст.
Марказ хизматрасониҳои зеринро пешниҳод менамояд:
Муоинаҳои тиббӣ
Тадқиқотҳои лабораторӣ
ТУС ( ташхиси ултрасадо)
Сабти барқии кори дил (ЭКГ)
Муолиҷаи статсионарӣ (муолиҷаи фаврӣ)
Ҷарроҳии узвҳои дарунӣ (эндоскопӣ)
Ҷарроҳиҳои пластикии гурда ва роҳҳои пешобдон
Дар марказ табибони ботаҷриба аз рӯи ихтисосҳои зерин фаъолият менамоянд:
Ҷарроҳон
Стамотологҳо ( дандонпизишкҳо)
Гинекологҳо (табибони амрози занона)
Офталмолог ( чашмпизишк)
Невропатолог (асабпизишк)
Эндокринолог (ѓадудшинос)
Терапевтҳо
Лор (табибони гӯшу гулую бинӣ)
Уролог
Дерматовенеролог ( табиби бемориҳои пӯст ва узвҳои таносул)
Травматолог– ортопед (табиби шикастабандӣ)
Хизматрасонии физиотерапевтӣ ( маҳси бадан, электрофорези доругӣ, табобат бо нурҳои ултрабунафш, табобат бо азокерит, парафин ва ғ. )
Назорати диспансерии беморон
Экспертизаи коношоямии муваққатии кормандони бемор
Эмгузаронӣ
Гузаронидани корҳои маърифатию санитарӣ оид ба риояи ҳолати санитарии хобгоҳҳои донишҷӯён
Таъмини беморони дар қайди диспансер буда бо доруҳои ройгон.
Мутахассисони Марказ бо кафедраҳо алоқаи зич доранд, ассистентони кафедраҳо ҳар ҳафта ба донишҷӯёни бемор ёрии машваратӣ мерасонанад. Сифати табобатӣ дар Марказ беш аз пеш хуб ва бемориҳои илтиҳобию сироятӣ кам шуда истодаанд. Шуъбаҳои ҷарроҳӣ, ташхисгоҳ, ҳуҷраи ултрасадо ва ЭКГ бо асбобҳои муосир муҷаҳҳаз мебошанд. Дар статсионар катҳои фарох, дар шуъбаи ҷарроҳӣ ҳар гуна амалиётҳои ҷарроҳии хурду миёна гузаронида мешавад. Дар Марказ инчунин ошхона, дорухона ва ҳуҷраи гиёҳдармонӣ ба мизоҷон хизмат мерасонад.
Аз сабаби он, ки кафедраи амалияи ҷарроҳӣ ва анатомияи топографӣ дар бинои марказ чойгир шудааст, ҳамаи намуди ҷарроҳиҳо гузаронида мешаванд, ки ба рушду нумӯъи марказ мусоидат менамояд. Кафедра дар қатори МТТ аз ҷониби донишгоҳ бо таҷҳизотҳои муосири таълимӣ, ташхисӣ ва муолиҷавӣ ҷиҳозонида шудааст. Кафедра аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо асбобҳои муосири эндовидеоҷарроҳӣ таҷҳизонида шудааст, ки аз ҷониби кормандони кафедра ва МТТ амалиётҳои эндовидеоҷарроҳии гуногун гузаронида мешавад. Инчунин дар МТТ машваратдиҳии профессорон, докторону номзадҳои илмҳои тиб, ки ба ҳайати омӯзгорону профессорони ДДТТ шомиланд, ба мизоҷон хизматрасонии босифатро пешкаш менамоянд.
Тамос
Суроғаи марказ: ш. Душанбе, кӯчаи Самад Ғанӣ, №3
Телефонҳо: (+992) 37 224-52-88, (+992) 37 224-34-81,
Руйхати ҳуҷҷатҳо