Тоҷикистон сарзамини саёҳат ва тиҷорат

<h5 class='p text-justify'>Албатта ҳаряки мо бо истилоҳоти саёҳат ва тиҷорат хуб ошно ҳастем, зери мафҳуми яке тамошову сайру гашт ва дигаре хариду фурӯшро мефаҳмем, аммо шояд бисёриҳо намедонанд, ки саёҳат ва тиҷорат дар кадом кишвар борҳо беҳтару арзишноктар аст. Баъзеҳо ба Чин мераванд, то ки Девори Бузургашро бинанд, аммо чаро барои дидани қаторкӯҳҳои Ҳисору Зарафшон наоянд!? Ба Миср меравнд, то Аҳромоти онро бубинанд, чаро ки ба дидани Қуллаи Исмоили Сомонӣ наоянд!? Ба Аморот Арабӣ мераванд, то биноҳои баландошёнаро дида дар баҳри шӯр шино кунанд, пас чро ба Тоҷикистон омада аз шаҳрҳои зебоманзару табиӣ аз ҷумла, Душанбе дидан нанмоянд ва дар баҳри Тоҷику кулҳои мусаффояш шино накунанд!?. Агар наоянд ҳам, ҳеҷ ҷои таассуф нест, зеро шояд, ки онҳо бо Тоҷикистон хуб ошно нестанд. Ҳаммагӣ 7 фиссади ҳудуди Тоҷикистон замини ҳосилхез ва аҳолинишин буда 93 дарсади дигараш аз нуқраву тилло иборат мебошад.  Осмони софу беғубор, куҳҳои сарбафалаккашида, дашту домони гулпӯш, шаршараҳои ҷориву чашмасорон ва дарёчаҳои хурӯшон ҳамроҳ бо гулу арчазорҳо, дарахту меваҳои гуногун, овози форами паррандагон, давлати куллан озод ва мардуми ширину меҳмоннавози Тоҷикистон фазоеро ба миён овардааст, ки агар кас онро надида аз дунё биравад, ба он маъност, ки у дунёи воқеиро надида рафтааст. Тоҷикистон минтақае мебошад, ки чор фасли сол: зимистон, бо барфу борону сардӣ, баҳорон бо дамидани сабзаву гулҳо, тобистон бо гармиву пухтани меваҳо ва тирамоҳ бо рехтани барги дарахтону ҷамъоварии сабзаву меваҷот ба пуррагӣ аз он гузар мекунанд ва ҳамин чиз имкон додааст, ки Тоҷикистон аз ҳаммаи дигар давлатҳо фарқкунандаву беназир бошад. Маҳз ҳамин обу ҳавои тоза ва табиати нотаркрор, боис гардидааст, ки одамон аз ҳар гӯшаи олам ба Тоҷикистон рӯй оранд ва аз табиати дилфиребаш дидан намоянд.</h5>
<h5 class='p text-justify'>
Тоҷикистон натанҳо сарзамини саёҳат аст, балки дар он имконоти зиёди тиҷорӣ низ мавҷуд аст, барои Тоҷикистон фарқ намекунад, ки инсон шайхи арабӣ бошад ё сармоягузори амрикоӣ, лоиҳанависи аврупоӣ ё тоҷирӣ хитоӣ, ба ҳар кадоме аз ин нафарон дар ин сарзамин шонсу имконоти зиёд вуҷуд дорад. Чун ки хоки ин кишвар пур аз сарватҳои зеризаминие мсли, нуқраву тилло, оҳан, сангҳои гаронбаҳо ва рӯи заминаш бошад бо гиёҳҳои доругиву меваю сабзавоти тару тозаи дараҷаи аввал пӯшида шудааст, ки ба сармоягузорон имкон медиҳад, то дар баҳри орзуҳояшон шино кунанд. Мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон дар ҷаҳон бемисл мебошад, агар дар инҷо баҳри рушди саноат, мисли аврупо ва саёҳату тиҷорат, мисли Амороти Арабӣ сармоягузориҳо анҷом ёбанд, бе ҳеҷ гуна шубҳа гуфта мешавад, ки дар даҳ  бист соли оянда, Тоҷикистон дар рейтингҳои гуногуни оламӣ ҷойҳои аввалинро ишғол карда, ҳамчун ситораи дурахшоне дар қалби курраи замин тобон хоҳад гардид.</h5>
<h5 class='font-bold text-right'>
Суҳроб Р.</h5>

19.09.2019     1896

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php