Инъикосгари таърихи Тоҷикон

5500- солагии шаҳри Саразми бостонӣ дар МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”

Боиси ифтихор аст, ки созмонҳои бонуфузи дунё ташабусҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пазируфтанд ва Саразмро ба феҳристи мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ворид намуданд.

Татбиқи ташаббусҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар созмонҳои бонуфузи дунё барои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва ҳам таъмини сулҳу суббот саҳми арзанда доранд. Маҳз бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ,  самаранокии истифодаи захираҳои об ва ба роҳ мондани мудирияти ҳамгироёнаи онҳо, ҳамчунин ҳифзи низоми экологии об ва дигар масъалаҳои марбут ба об имрӯз ба  рӯзномаи нави ҷаҳонии рушд ворид гардидаанд, ки ин худ яке аз дастовардҳои муҳимми талошҳои муштараки чанд соли охири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор мераванд.    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо зиёиёни кишвар, ки 19-уми марти соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид чунин изҳор намуданд: «Бо дар назардошти аҳамияти шаҳри қадимаи Саразм пешниҳод менамоям, ки соли 2020-ум 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ҷашн гирифта шавад».

Оид ба ҷашн гирифтани 5500 солагии шаҳри Саразми бостонӣ дар кафедраи “Фанҳои ҷомеашиносӣ”-и МДТ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино санаи 10.12.2019 мизи мудаввар таҳти унвони “Саразм- ҳамчун минтақаи сиёсӣ ва аҳамияти таърихии он” бо иштироки аъзоёни кафедра ва донишҷӯёни курси 4-уми факултаи тиббӣ баргузор гардид. Сараввал мудири кафедраи “Фанҳои ҷомеашиносӣ” профессор Саидов А.С. суханронӣ намуда, роҷеъ ба моҳияти таърихию фарҳангии Саразми бостонӣ маълумот дод. Зимни маърӯзаҳо бо истифода аз слайдҳо, баромадкунандагон тавонистанд, расмҳо ва факту далелҳои ҷолибро аз ин минтақа намоиш диҳанд. Инчунин донишҷуёни курси 4, гӯруҳи 4-и факултаи тиббӣ Насруллоев Н. дар мавзӯи «Аҳамияти бозёфтҳои археологӣ дар тадқиқи шаҳри қадимаи Саразм» ва Мирзоева Д. дар мавзӯи «Аз таърихи шаҳри Саразм» баромад намуданд. Мизи мудаввар дар сатҳи баланди илмию маърифатӣ ва хотирмон доир карда шуда, аз он иштирокчиён таасуроти нек бардоштанд.

Ба ифтихори 5500 солагии САРАЗМ мақолаи устодони кафедраи “Фанҳои ҷомеашиносӣ”- донишгоҳ таҳти унвони “Давраи палеолит ва ёдгориҳои он дар Тоҷикистон” дар сомонаи донишгоҳ нашр гардид.

Мақолаи “Инъикоси ҷашнҳои мардумӣ дар ёдгориҳои Саразм” аз ҷониби Қосимов О.Ҳ.- д.и.ф. проф., мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва Суфиева Г.А.- омӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ да рӯзномаи донишгоҳ “Ворисони Сино” ва сомонаи донишгоҳ нашр шуд.

Ёдгории таърихии Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби олим ва бостоншиноси тоҷик Абдуллоҷон Исоқов кашф гардидааст, аз бозёфтҳои нодири таърихӣ дар нимаи дуюми садаи бист дар сатҳи ҷаҳонӣ буда, аз ҷониби Пешвои миллат барҳақ, «хазинаи тиллоии таърихи халқи тоҷик» тавсиф шудааст. Саразм яке аз қадимтарин нуқтаҳои аҳолинишин ва далелҳои рушди пешрафти шаҳрсозӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Ҳамчунин Пешвои миллат чунин зикр намуданд, ки «Ҳукумат аз соли дуҳазорум ба ёдгории Саразм ҳамчунин намунаи барҷастаи осори таърих таваҷҷуҳ зоҳир карда, бо қарори худ Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон- «Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм»-ро таъсис дод ва барои корҳои ҷустуҷӯиву бостоншиносӣ ва ободу барқарор кардани он ҳамасола маблағ ҷудо мекунад. Дар баробари ин, бо дастури Ҳукумат маводи зарурӣ ҷиҳати пешниҳод кардани Саразм ба рӯйхати мероси таърихии ЮНЕСКО омода ва ирсол гардид. Саразм ҳамчун намунаи шаҳри қадим аз тарафи ин созмони ҷаҳонӣ эътироф ва моҳи июни соли 2010 ба феҳристи мероси фарҳанги умумибашарӣ ворид гардид.» Саразм бар асоси ду меъёр ба феҳристи мероси ҷаҳонӣ шомил карда шуд. Аввал бар асоси ин меъёр, ки Саразм дар давраи муайяне маҳали таҷассуми табодули фарҳангии барҷастае будааст. Саразм аз чаҳорҳазорсолаи пеш аз милод як маркази муҳими тиҷорат ва фарҳангии Осиёи Марказӣ буд. Саразм ғолибан муҳимтарин маркази тиҷоратии ҳамон аҳд дар минтақа будааст, ки аслан ду навъи мардумро ба ҳам мепайваст, чорводорони кӯчӣ, ки дар минтақаҳои кӯҳӣ ва кишоварзон, ки дар ҳамворӣ ҳаёт ба сар мебурданд. Ҳафриёт дар ин ёдгории таърихӣ ва кашфи баъзе аз ашё, ба таври рӯшан, нақши ин маҳал дар мубодилот ва тиҷорат миёни минтақаҳои ниҳоят гуногунро нишон медиҳад, аз ҷумла Туркманистони ҳозира, Байнанаҳрайн, тамаддуни Ҳинд ва албатта, Осиёи Марказиро, маҳз ҳамин ҷиҳат аст, ки Саразм ба феҳристи мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ворид гардид.

        Омили дигари шомил гардидани Саразм ба феҳристи мероси ҷаҳонӣ ин аст, ки як навъ аз тамаддуне гувоҳӣ медиҳад, ки дар миёни ҳазорсолаи чаҳорум ва сеюми пеш аз мелод дар Осиёи Марказӣ будааст. Бояд тазаккур дод, ки Саразм бештар аз якуним километр бар дорад, ки ин як маҳали хеле бузург буда дар он аҳд бисёрбар маҳсуб мешавад.Ҷустуҷӯ дар он аҳд то ҳол идома дорад.

Пешвои муаззами миллат ҳамеша таъкид менамоянд,ки   аҷдодони ориётабори мо як маъхази бузургеро доро буданд,ки имрӯз дар замони ҷаҳонишавӣ он миллате ҳувийяти хешро поянда нигоҳ дошта метавонад,ки афроди он дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва меҳанпарастӣ тарбия ёфта,дар ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошанд. Боиси сарфарозист, ки ёдгориҳои таърихии кишвари азизамон таҳти ғамхорӣ ва дастгириҳои Пешвои миллат қарор дошта маҳз бо меҳнати ҷонкоҳи ин шахсияти бузург мавзеъҳои таърихӣ диққати донишмандон ва сайёҳони хориҷиву ватаниро ба худ ҷалб намуданд.                     

Дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино чорабиниҳои фарҳангӣ-тарбиявӣ дар соли 2020 бахшида ба ҷашни 5500 солагии яке аз ёдгориҳои бостонии кишвар – шаҳри қадимаи Саразм ба нақша гирифта шудаанд,ки тибқи нақша чорабиниҳои донишгоҳи доир карда мешаванд.

  

                   Таибов С.А., сардори шуъбаи итилоот ва нашрия

                   Турсунова З.Г., сармутахассиси шуъбаи итилоот ва нашрия


19.12.2019     1212

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php