Диёри домани гардун

Тоҷикистон сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.
Бо мақсади вусъат бахшидан ва бо дар назардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат солҳои 2019-2021-ро солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд. Зеро беш аз 73 фоизи аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ мекунанд.
Маҳз дар деҳот ва маҳаллу минтақаҳо ҳунарҳои мардумии ин ва ё он халқу миллатҳо ба таври зарурӣ ҳифз гардидаву асолати худро нигаҳ медоранд. Мусаллам аст, ки соҳаи сайёҳӣ бе рушди деҳот ва бе фароҳам овардани шароити мусоиди сайругашт дар маҳалҳо чандон инкишоф намеёбад. Ба ибораи дигар, рушди деҳоту соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ҳамдигар пайванди ногусастанӣ дошта, яке дигареро такмил медиҳад.
Дар Тоҷикистон, барои рушди тамоми намудҳои сайёҳӣ – сайёҳии экологӣ, куҳнавардӣ, таърихӣ, варзишӣ-куҳӣ замина муҳайёст. Дар баробари ин барои рушди сайёҳии байналмилалӣ дар мамлакат, беҳтар намудани вазъи инфрасохтори соҳа, фаъолияти санаторию курортӣ ва муҳайё намудани шароити муносиб барои ташрифи сайёҳони хориҷӣ тадбирҳо андешида мешаванд. Ба ибораи дигар, дар Тоҷикистон сайёҳат ҳамчун воситаи тарғиби таъриху дастовардҳои бостонӣ яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат маҳсуб меёбад.
Эълон гардидани солҳои 2019-2021 чун солҳои «Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар баробари рушд бахшидани соҳаи туризми кишвар барои рушди ҳунарҳои мардумӣ заминаи устувор фароҳам меоварад. Дар воқеъ, дар баробари рушди сайёҳӣ ривоҷу равнақ бахшидани ҳунарҳои мардумӣ омили дигари рушди иқтисодиёти кишвар аст. Ин ду соҳа ба ҳам пайванди ногусастанӣ доранд. Тавре дар Паёми Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуд, “барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба ҳунармандон, косибон, чеварон ва ҳамаи онҳое, ки ҳунарманданду дар хонаҳои худ ба касбҳои гуногун машғуланд ва барои сайёҳон молҳои мароқовар ва тарғибгари фарҳанги миллиамон, аз қабили адрас, ҷӯроб, куртаҳои чакан, ҷома, асбобҳои миллии мусиқӣ, асбобҳои рӯзгор тайёр карда метавонанд, грантҳо ҷудо ва фурӯши ин маҳсулотҳо аз андоз озод карда шавад”.
Дар воқеъ, ҳунар дар ҳамаи давру замон ҳама чиз буд: ҳам таъриху ҳам истеъдод, ҳам эҷоду билохира шиносномаи ҳар як миллат. Ба ибораи дигар, ганҷу зар дар пеши ҳунар чизе несту онро бо ягон сарват харидан номумкин аст. Боиси хурсандист, ки гузаштагони мо ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ҳунармандӣ ва косибӣ шуғл доштанду, дар тӯли асрҳо ҷиҳати эҷоди садҳо навъи ҳунар роҳ кушоданд. Ба ибораи дигар, мардуми тоҷик аз азал мардуми фарҳангсолору фарҳангофар буд ва дар ҳама давру замон ҳунарҳои ба худ хоси миллиро доро буд. Заргарӣ, кулолгарӣ, намадресӣ, матоъбофӣ, бурёбофӣ, чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, зардӯзӣ, сӯзанӣ, истеҳсоли маҳсулоти дастии гаҷкорӣ ва боз даҳҳо ҳунарҳои дигар аз ҷумлаи ҳунарҳои аҷдодии миллати тоҷик маҳсуб меёбанд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ҳунармандонамон анъанаи бузурги гузаштагонамонро идома дода истодаанд. Ҳунару ҳунармандии қадимаву таърихии мардумамон, санъату фарҳанги пурғановатамон аз рӯҳияи бузургу эҷодкории халқамон гувоҳӣ медиҳад. Инчунин, баробари рушди ҳунарҳои мардумӣ сафи чеҳраҳои нави ҳунармандон зиёд мегардаду насли ҷавон бештар ба ҳунару ҳунаромузӣ майл мекунад. Оро ёфтани хонаҳо бо ҳунари қуроқдӯзию зардӯзӣ ва либосҳои қадимию имрӯзаи миллӣ аз завқи баланди зебоипарастии сокинонамон гувоҳӣ медиҳад. Занони тоҷик бо пухтани таомҳои қадимаву анвои ширинӣ машҳур гаштаанд. Боиси ифтихор аст, ки модари тоҷик аз азал ҳунарманд буд.
Акнун, бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» метавон бо дилпурӣ иброз дошт, ки ба масъалаи ободии маҳалҳо, хусусан деҳоти дурдаст диққати зарурӣ дода мешавад ва ин иқдоми Пешвои миллат боис мегардад, ки дар зарфи се соли оянда бо ободу зебо шудани маҳаллу деҳоти кишвар, дар умум, тамоми Ватани азизамон шукуфон мегардад.
Ҳамзамон, он чорабиниву тадбирҳои судманде, ки тайи се соли оянда дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 амалӣ хоҳанд шуд, низ баҳри ободу шукуфон гардидани Тоҷикистони маҳбубамон, ки хонаи умеди ҳар тоҷики рўйи олам аст, равона карда мешаванд.
Бешубҳа, дар солҳои наздик дар сурати андешидани тадбирҳои саривақтӣ дар самти рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Тоҷикистони биҳиштосои мо ба мавзеи муҳими сайёҳии минтақа табдил меёбад. Ба ин раванд эълони соли 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мусоидати муассир намуда, саҳми ҳар як узви ҷомеаи Тоҷикистонро дар ин асно тақозо менамояд.
Дар маҷмўъ, ҳамаи ин ташаббусҳои наҷибонаи андешидаи роҳбарияти Ҳукумати кишвар, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба сарсабзии диёри аҷдодӣ ва пешрафту некўаҳволии рўзгори мардуми тоҷик мусоидат менамоянд. Дар ин замина, Паёмҳои Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ чун дастури рўйимизии ҳар хизматчии давлатӣ, дар дили ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба ояндаи дурахшон фурӯзон намуда, ба кас эътимоду боварӣ мебахшад, ки кишвари мо новобаста аз вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир таваҷҷуҳи худро ба беҳбуд бахшидани зиндагии мардум сол ба сол зиёдтар намуда, кафолати ҳаёти осоишта ва сулҳу амниятро таҳким мебахшад.
Мудири кафедраи забони тоҷикӣ д.,и.,ф.,профессор Қосимов О.Ҳ.
Муаллимаи кафедраи забони тоҷикӣ Турсунова З.Г.

24.10.2019     283