ОЗМУН БА АСПИРАНТУРА, ДОКТОРАНТУРАИ PhD ВА МАГИСТРАТУРАИ МДТ “ДДТТ БА НОМИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО” БАРОИ СОЛИ 2022

Қабул ба аспирантура барои соли 2022 аз санаи 15.08.2022 то 31.08.2022 аз рӯи ихтисосҳои: акушерӣ ва гинекологӣ, анатомия, анатомияи патологӣ, анестезиология ва реаниматология, бемориҳои асаб, бемориҳои дарунӣ, бемориҳои кӯдакона, бемориҳои сироятӣ, бемориҳои сироятии кӯдакона, беҳдошт, биология, биохимия, гистология, дерматовенерология, кимиёи биоорганикӣ, микробиология, нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ, онкология, оториноларингология, офталмология, психиатрия, стоматология, ташхиси шуоӣ, технологияи фармасевтӣ, тибби судӣ, травматология ва ортопедия, урология, фармакогнозия, фармакология, физиологияи нормалӣ, физиологияи патологӣ, фтизиатрия, ҷарроҳии асаб, ҷарроҳии кӯдакона, ҷарроҳӣ, эндокринология, эпидемиология гузаронида мешавад.

Қабул ба докторантураи PhD барои соли 2022 аз рӯи ихтисосҳои: акушерӣ – гинекологӣ, анатомияи патологӣ, асабшиносӣ, анатомияи одам, аллергология, анестезиология – реаниматология, беҳдошти умумӣ ва экология, беҳдошти муҳити зист (тиббӣ меҳнат), бемориҳои пӯст ва зӯҳравӣ, биохимия, бемориҳои сироятӣ, бемориҳои кӯдакона, бемориҳои дарунӣ, бемориҳои сироятии кўдакона, ташхиси тиббию иҷтимоӣ ва барқарорсозӣ, гастроэнтерология, герантология-гериатрия, гематология – хунгузаронӣ, иммунология, кардиология, кимиёи фармасевтӣ, онкология, офталмология, оториноларингология, психиатрия, пулмонология, тибби судӣ, стоматология – ортопедия, ташхиси клиникӣ – лабораторӣ, трансплантология, ташхиси шуоӣ, травматология-ортопедия, технологияи фармасевтӣ, ташкили кори фармасевтӣ, ревматология, ҷарроҳии дилу рагҳо, наркология, нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ, нефрология, урология, фармакогнозия, фармакология, физиотерапия, физиологияи патологӣ, фтизиопулмонология, физиологияи нормалӣ, ҷарроҳии асаб, ҷарроҳӣ, ҷарроҳии кӯдакона, эпидемиология, эндокринология гузаронида мешавад.

Қабул ба магистратура барои соли 2022 аз рӯи ихтисосҳои: кори табобатӣ, беҳдошт, вогиршиносӣ, нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ, микробиология, биологияи тиббӣ ва биохимия гузаронида мешавад. Қабули ҳуҷҷатҳо ба аспирантура, магистратура ва докторантураи PhD   аз 15 августи соли 2022 оғоз гардида, то 31 августи соли 2022 идома меёбад.        

Барои гирифтани маълумоти муфассалтар оид ба қоидаҳои қабул ба аспирантура, докторантураи PhD ва магистратура метавонед ба суроғаи: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 139, МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”, ҳуҷраи 211, шӯъбаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ муроҷиат намоед ва ё дар сомонаи www.tajmedun.tj шинос шавед.

Тел: +992 44 600 36 40. E-mail: ilm@tajmedun.tj


29.07.2022 591
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php