ЭЪЛОН
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба диққати донишҷуёни курсҳои 2, 3, 4, 5, ва 6-и ҳамаи факултетҳо мерасонад, ки аз санаи 25-уми сентябр то санаи 24-уми октябри соли 2026 озмуни қабули ҳуҷҷатҳоро барои дарёфти “Стипендияи номӣ ” эълон менамояд.
Довталабонро дар асоси хониши хубу аъло, дастовардҳо, иштироки фаъол дар чорабиниҳои дохилидонишгоҳӣ ва берун аз он, ғолибият дар озмунҳову олимпиадаҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ баҳогузорӣ мекунанд.
Номгуи ҳуҷҷатҳо барои дарёфти стипендияи номӣ:
1. Ариза
2. Варақаи шахсӣ
3. Тарҷумаи ҳол
4. Маълумотнома аз деканат
5. Маълумотнома аз шуъбаи тарбия
6. Нусхаи шиноснома
7. 2-дона сурати 3х4
8. Табели пешрафти донишҷӯ (руйхати баҳои имтиҳонҳо)
9. 1-дона “Дело”
10. Дастовардҳо (диплом, ифтихрнома, сертификат, ҷоиза)
Ҳуҷҷатҳо дар шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино қабул карда мешавад. Барои маълумоти бештар ба шуъбаи кор бо ҷавонон муроҷиат намоед.
Қабули ҳуҷҷатҳо аз соати 8:00 то 17:00