АСПИРАНТУРА, ДОКТОРАНТУРА АЗ РӮИ ИХТИСОС PHD, МАГИСТРАТУРА.

МАГИСТРАТУРА.
Дар замони муосир рушди ҷомеаро бе дастовардҳои илму техника
тасаввур кардан ғайриимкон аст. Муҳиммияти ин мавзӯъро дарк намуда,
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
солҳои 2020-2040-ро солҳои рушди илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ эълон
кард.
Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии
Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” низ яке аз пайгирони фаъоли ин
иқдоми созандаи Пешвои миллат буда, он аз рӯзи аввали таъсисёбиаш то
имрӯз яке аз марказҳои асосии тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар соҳаи тиб
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар робита ба ин, шӯъбаи тайёр кардани кадрҳои илмии МДТ “ДДТТ
ба номи Абӯалӣ ибни Сино” ба маълумоти довталабон мерасонад, ки қабули
ҳуҷҷатҳо барои дохилшавӣ ба аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос
PhD, магистратура ва унвонҷӯӣ дараҷаи номзадӣ ва докторӣ оғоз
гардидааст.
Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо аз 15.08 то 31.08.2023с.
Мӯҳлати таҳсил:
Магистратура – 2 сол
Аспиратура – 3 сол
Докторантура PhD – 3 сол
Унвонҷӯи 3-4 сол
Таҳсил дар шакли буҷавӣ ва шартномавӣ ба роҳ монда шудааст. Барои
шахсони ба тариқи буҷавӣ таҳсилкунанда стипендия муқаррар карда
шудааст.
Маълумот барои тамос: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Сино
29-31, утоқи 315, Тел: +992446003942 Email: ilm@tajmedun.tj

29.07.2023 304
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php