Эразмус + (Erasmus+) барномаи Иттиҳоди Аврупо (ИА) доир ба маориф, тайёр кардани кадрҳо, ҷавонон ва варзиш дар давраи солҳои 2014-2020 ба шумор меравад. Дар асос барномаи Эразмус + (Erasmus+) барои тақвият додани ҳамкориҳо дар соҳаи макотиби олӣ равона карда шудааст. Ҳамзамон дар доираи барнома ду самти коркард гардидаст:
1. Key Action 1 (KA 1: Learning Mobility of Individuals) – Мубодилаи академӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорон;
2. Key Action 2 (KA 2: Capacity building in the fields of Higher Education) – Тақвият додани иқтидори макотиби олӣ.
Барномаи Эрасмус+ аз ҷониби Комиссияи Аврупоӣ маблағгзорӣ карда мешавад. Маблағи ҷудогардида дар байни донишгоҳҳо, марказҳои тадқиқотӣ, муаллимон ва донишҷӯён тақсим мешаванд. Барнома дар мадди аввал барои ба имзо расонидани созишномаи шарикии байни донишгоҳҳои Аврупо ва дигар минтақаҳо равона гардида аз лиҳоз бештари маблағгузорӣ дар самти мактабҳои олӣ равона карда мешаванд. Барномаи бурсиявии Эрасмус+ бевосита дар асоси шартномаҳои байни 2-3 муассисаи таълимӣ муайян карда шудааст.
Татбиқи барномаи Эрасмус+ аз ҷониби Агентии иҷроияи маориф, фарҳанг ва асбоби аудиовизуалӣ (EACEA – Education, Audiovisual and Culture Executive Agency) дар Брюссел амалӣ карда мешавад.
Дар кишварҳои шарики лоиҳа, аз ҷумла Тоҷикистон барномаи мазкур аз ҷониби Идораи миллии Эрасмус + (Erasmus Plus) ҳамоҳанг карда мешавад.
Key Action 1 (KA 1):
► Қисмати якум доир ба мубодилаи академӣ барои донишҷӯён, интернаҳо, ординаторон,магистрон, ва PhD доктарантон бо мақсади таҳсил бо эътирофи пурраи кредитҳо, таҳия гардидааст. Давомнокии иштирок дар барнома метавонад аз 3 то 12 моҳро фаро гирифта бошад. Барои иштирок кунандагони барнома дар риштаи тибб давомнокӣ метавонад то 24 моҳ давом ёбад;
► Ба роҳ мондани мубодилаи академӣ ҷиҳати таҷрибаомӯзии донишҷӯён аз кишварҳои шарик (Тоҷикистон) – таҷрибаомӯзӣ дар ҷойҳои корӣ дар кишварҳои лоиҳа (кишварҳои Аврупо) давомнокии барнома аз 2 моҳ то 12 моҳ мебошад;
► Мубодилаи академии муаллимон аз 5 то 60 рӯз;
Мушкилотҳо ҷиҳати иштироки донишҷӯён дар барномаи мубодилаи академӣ:
► мавҷуд набудани шартномаҳои дуҷониба бо донишгоҳҳои кишварҳои лоиҳа (ин донишгоҳҳои Иттиҳоди Аврупо, ки донишгоҳи шарик дар Осиёи Марказӣро интихоб мекунад);;
► интихоби донишҷӯён (магистрон ё ин ки танҳо донишҷӯёни курси 5 курс ё ин ки донишҷӯёни курси 4, ё танҳо муаллимон, ) аз ҷониби донишгоҳҳои қабулкунандаи кишварҳои лоиҳа;
► паст будани натиҷаи GPA дар донишгоҳҳои таҳсилкунанда;
► мавҷуд набудани корҳои илмии донишҷӯ метавонад яке аз монеъаҳои асосӣ дар давоми озмун гардад;
► нодуруст тартиб додани мактуби ҳавасмандӣ;
► мавҷуд набудани дониши кофии забони хориҷӣ – забони англисии академӣ, ки дар сатҳи B2 (TOEFLiBTmin 72, IELTSmin 5.5) бояд бошад;
► бо дарназардошти он, ки дар донишгоҳҳои аврупоӣ, тибб дар сатҳи то дипломи дар асоси системаи таълимии проблемавӣ омӯзонида мешавад, аз ин лиҳоз дар озмун танҳо донишҷӯёни курсҳои болоӣ яъне курсҳои 4-ум ва 5-уме, ки дарсҳои сиклӣ доранд, иштирок карда метавонанд.
Key Action 2 (KA 2):
- Сохторӣ лоиҳаҳо (Structural Project) – ки ба таъсироти системавӣ ва пешбурди ислоҳот дар сатҳи миллӣ ва ё минтақавӣ бо дастгирии мақомотҳои иҷроияи давлатӣ дар мамлакатҳои шарик равона шудаанд:
- такмил додани сиёсати давлатӣ, идоракунӣ ва менеҷменти системаи таҳсилоти олӣ;
- тақвияти додани муносибатҳои байни системаҳои таҳсилоти олӣ ва муҳити иҷтимоӣ ва иқтисодӣ.
- Лоиҳаҳои муштарак (Joint Project) - ки ба ҳамкории байни институтсионалӣ дар сатҳи донишгоҳҳо равона карда шудааст:
- коркард ва рушди барномаҳои таълимӣ;
- идоракуни ва менеҷмент дар донишгоҳҳо;
- таҳкими робитаҳои донишгоҳ бо муҳити иқтисодӣ ва иҷтимоии беруна.
- такмил додани сиёсати давлатӣ, идоракунӣ ва менеҷменти системаи таҳсилоти олӣ;
- тақвияти додани муносибатҳои байни системаҳои таҳсилоти олӣ ва муҳити иҷтимоӣ ва иқтисодӣ.
- коркард ва рушди барномаҳои таълимӣ;
- идоракуни ва менеҷмент дар донишгоҳҳо;
- таҳкими робитаҳои донишгоҳ бо муҳити иқтисодӣ ва иҷтимоии беруна.
Давомнокии лоиҳаҳо –аз 24 то 36 моҳро ташкил медиҳад. Маблағи грантҳо – 500 ҳаз.-1 млн. Евро мебошад.
Дар озмун консорсиуми донишгоҳҳо иштирок мекунанд: аз кишварҳои лоиҳа, на камтар аз 2 донишгоҳ ва инчунин аз кишварҳои шарики лоиҳа на камтар аз 2 донишгоҳ. Дар лоиҳаҳои сохторӣ, ҳамчунин вазорати дахлдори донишгоҳ ва вазорати маориф низ иштирок мекунанд.
Лоиҳаҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар доираи барномаи Эрасмус +
Key Action 1
Year |
European partners |
Country |
||
---|---|---|---|---|
ATSMU participants | ||||
staff | students | |||
2014-2016 |
Università Degli Studi di Padova University of Padua |
Italy | 5 | |
2016-2018 |
Lietuvos Sveikatos Mokslų Universitetas Lithuanian University of Health Science |
Lithuania | 1 | |
2017-2019 | Birmingham City University | UK | 2 | |
2017-2019 |
Lietuvos Sveikatos Mokslų Universitetas Lithuanian University of Health Science |
Lithuania | 2 | |
2017-2019 |
Università Degli Studi Di Milano University of Milan |
Italy | 10 |
Key Action 2
Years |
Title |
Reference number |
European partners |
Country |
---|---|---|---|---|
2012-2015 |
Central Asian Network for Education, Research and Innovation in Environmental Health – CANERIEH |
530634-TEMPUS-1-2012- 1-KG-TEMPUS-JPHES |
University of Milan University of Tartu University of Gothenburg |
Italy Estonia Sweden |
2012-2016 |
Towards a Central Asian Higher Education Area: Tuning Structures and Building Quality Culture – TuCAHEAe |
530786-TEMPUS-1-2012- 1-NL-TEMPUS-SMHES |
University of Groningen University of Pisa Ghent University University of Deusto Linköping University University of Ljubljana University of Milan Uppsala University |
Netherlands Italy Belgium Spain Sweden Slovenia Italy Sweden |
2013-2016 |
Foreign Languages Education for Professional Purposes – FLEPP |
544293-TEMPUS-1-2013- 1-AZ-TEMPUS-JPCR |
Tallinn University “Gabriele d’Annunzio” University Freiburg University of Education University of Glasgow University of Essex |
Estonia Italy Germany UK UK |
2013-2016 |
Modernization of Higher Education in the Area of Food Quality and Safety in Tajikistan – MFQSE |
544529-TEMPUS-1-2013- 1-LV-TEMPUS-JPCR |
Latvia University of Life Sciences and Technologies Slovak University of Agriculture in Nitra Lithuanian University of Health Science< |
Latvia Slovakia Lithuania |
2016-2019 |
Cooperation for Innovation and the Exchange of Good Practices – TUTORIAL |
573640-EPP-1-2016- 1-IT-EPPKA2-CBHE-JP |
University of Milan Stichting Learning and Development of Occupational Health Technical University of Berlin ECM space technologies GMBH |
Italy Netherlands Germany Germany |
2019-2021 |
Improvement of Children Care Teaching as a Template for Modernizing Postgraduate Medical Education in Central Asia – CHILDCA |
598399-EPP-1-2018- 1-IT-EPPKA2-CBHE-JP |
University of Pavia University of Ulm Jagiellonian University |
Italy Germany Poland |
2019-2022 |
Setting peer review instruments and goals for medical (health) education – SPRING |
609528-EPP-1-2019-1-GE-EPPKA2-CBHE-JP |
BAU Batumi International University Medical University Sofia
Lithuanian University |
Georgia
Bulgaria
Lithuania |
2020-2023 |
Harmonization and mutual recognition of MSc programmes in Occupational and Environmental Health – HARMONEE |
618829-EPP-1-2020-1-IT-EPPKA2-CBHE-JP |
University of Milan
Utrecht University |
Italy
the Netherlands |