Татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти об!

Татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти об!

Дар иртибот  ба ҳалли мушкилоти марбут ба об дар ҷаҳон  Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишҳои зиёдеро роҳандозӣ намудааст. Аз ҷумла, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашт қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаҳои об бо иттифоқи оро қабул шуда, аз муҳимму сарвақтӣ будани ин мавзӯъ шаҳодат медиҳанд. Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” аз шумори иқдомҳои навбатии Тоҷикистон   дар соҳаи об аст, ки дар тақвият ва суръат бахшидан ба амалҳои мушаххас ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла, ҳадафҳои марбут ба захираҳои об нақши арзишманд гузоштааст.

Мавриди зикр аст, ки дар ин самт Тоҷикистон саъю талошҳои муштаракро дар чаҳорчӯби татбиқи чунин ташаббусҳои глобалӣ, хоса  “Соли байналмилалии оби тоза, 2003”, Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015” ва “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” ҳамаҷониба тақвият бахшид.  Ҳамаи ин ибтикорот дар масъалаи дарки амиқи нақши нодири об дар ҳаёти сайёра саҳми беназир гузоштанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи оби кишвар низ як қатор таҳаввулоти ҷиддиро роҳандозӣ намудааст. Чунончӣ, ҷиҳати такмили низоми оби кишвар ва мутобиқ кардани он ба талаботи муосир Барномаи даҳсолаи ислоҳоти соҳаи обро то соли 2025 қабул намуда, онро зина ба зина амалӣ хохад кард. Дар доираи ин ислоҳот соли 2020 Кодекси об дар таҳрири нав ва мутобиқ ба талаботи идораи маҷмӯии захираҳои об қабул гардидааст. Дар баробари ин, ташкилотҳои ҳавзавии дарёҳо таъсис дода шуданд. Қонун “Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов” низ дар таҳрири нав қабул гардид, ки афзалияти ҳуқуқи инсонро ба оби нӯшокӣ дар бар мегирад.

Таъминот бо оби тозаи ошомиданӣ ба сокинон ва ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта идомаи амалисозии ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Валиев Давлатёр

рӯзноманигор


13.08.2021     1846

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php