Кишвари обҳои мусаффо

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон як рӯйдоди муҳими таърихӣ ба хисоб рафта, шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кору пайкори нав ҳидоят менамоянд.
Дар ин замина, омӯзгор метавонад пеш аз ҳама, ба самъи донишҷӯён расонад, ки чи зарурате ба вукӯъ омада, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ перомуни об сухан намуданд ва чаро Дахсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солхои 2018-2028» бо иштироки Рохбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Мутахид матраҳ гардид ва он ба кишвар чӣ медихад ва миллатро ба куҷо рохнамоӣ мекунад
Омӯзгор метавонад дар дарси тарбиявӣ суханҳои Президенти кишварро доир ба тағирёбии иқлим оварад ва бевосита дар бораи он сухан намуда, дар ин раванд ба истифода аз сайтҳои интернетӣ ва гуфтаи олимони табиатшинос , экологхо ва ҷомеашиносон порчаҳоро ба донишҷӯён пешниход намояд, ки онхо ба ин роҳ метавонанд, гуфтаҳои Сарвари давлатро хубтару беҳтар дарк намоянд. Дар ин раванд донишҷӯ ба ғайр аз суханҳои Презинденти кишвар метавонад тавассути омӯзгор аз кишварҳое, ки як замон шодоб буданду дар натиҷаи тайғири иқлими имрӯз ба биёбон табдил ёфтаанд, Саҳрои Кабир, як кисмати Австралия, Миср, Африқо ва Америко, қисматҳо ва мавзеъҳои биёбонии қитъаи Осиё маълумот бигирад.
Албатта, дар ин раванд, дониши фарохи устод зарур аст ва ӯ тағирёбии иқлимро бояд бо сабабу мадрак ба донишҷӯ пешниход намуда тавонад.
Омӯзгор дар бораи пешравии илму техника ва таъсири он ба табиат метавонад, суханҳои пурмуҳтавои Сарвари кишварро ба самъи донишҷӯён расонида, дар ин баробар, неъмати ноёб будани обро, ки алҳол дар кишвари мо арзон аст, бо истифода аз сурат, аксхои рудхонаҳои бузургу хурд, ки дорои оби ширин нӯшиданианд, тавзеҳ бахшад. Ва ба донишҷӯ ҳушдор бидихад, ки ин неъмати табиат дар ҳама ҷо фаровону арзон нест ва дар ин ҳолат ҳам аз аксҳои дар ҷустучӯи оби ошомиданӣ будани як қатор кишварҳоро бозгӯ намуда аксҳо нишон бидиҳанд ва бо ин роҳ, мушкилоти асосии оби ошомиданро дар замина баён намуда, тозаву озода, боэхтиёт истифода бурдани онро ҳам бо сухан ва ҳам аксхо ва намоишҳои интернетӣ, ки устод пеш аз дарс гузоштаст, аз интернет дастрас намудааст, тавассути компютер ва ё тахтаҳои электронӣ нишон дода, суханони Президенти кишварро тақвият бахшад.
С.К.Ҳамроева, устоди калони кафедраи забонҳои хориҷӣ

02.04.2020     1815

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php