Тоҷикистон дар мубориза бо тероризм ва экстремизм.

Терроризм ва эктремизм, ки зуҳуроти хавфноктарини ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад, торафт шаклҳои гуногуни таҳдидомез ва хатари умумиҷаҳониро ба худ касб мекунад.
Амалиётҳои террористӣва шомил шудан ба гурӯҳҳои эктремистӣ боиси қурбониҳои зиёди инсонӣмегарданд, ба оммаи васеи одамон фишори сахти рӯҳӣмеоранд, арзишҳои моддиву маънавиро нобуд месозанд, дар байни давлатҳо тухми нифоқ мепошанд, байни гурӯҳҳои иҷтимоиву миллӣнобоварӣва адоватеро ба бор меоранд, ки баъзан дар муддати ҳаёти як насл онҳоро бартараф кардан аз имкон берун мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон гуфтаанд:“Террорист Ватан, миллат ва дин надорад”.Коршиносон дар заминаи таҳлилҳои худ ба хулоса омадаанд, ки қисми зиёди нооромиҳо, ҷангу низоъҳо дар кишварҳои мусулмонӣсурат гирифтаанд, маҳз ба тафриқаандозиҳо миёни мусулмонон, истифодаи онҳо ҳамчун воситаи амалинамоии террор ва мухолифати мазҳабӣ рабт доранд.Имрӯз хатари терроризм ва ифротгароӣба масъалаи глобалӣтабдил ёфта, қариб ба ҳама давлатҳо таҳдид мекунад. Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣТолибон ,Игил,Гуруҳи -24, ҲНИТ торафт васеъ шуда, фаъолияти онҳо, аз ҷумла, дар ҳамсоякишвари мо Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккаб гардонда боиси саргардонӣва кашоқии ин мардуми он гаштааст. Ба маврид аст, ки барои мубориза алайҳи ин падидаҳои бениҳоят хатарнок саъю кӯшиши ҷомеаи ҷаҳонӣлозим аст, ки дар сатҳи олии ҳамаи давлатҳо бояд ба танзим дароварда шавад. Барои амалӣгардидани амалиёти самаранок оид ба мубориза бар зидди терроризм дар навбати аввал заминаи ҳуқуқии ин мубориза бояд гузошта шавад. Ин аст, ки давлатҳои мутамаддини ҷаҳон қонунҳои миллӣдар бораи мубориза бар зидди терроризм ва эктремизмро қабул мекунанд.Фаъолияти экстремистӣ(ифротгароӣ)-ин фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣё дигар ташкилотҳо, воситаҳои ахбори умум ё шахсони воқеӣоид ба банақшагирӣ, ташкил, тайёр ва амалӣнамудани кирдорҳое мебошад, ки барои бо роҳи зӯроварӣтағйир додани асосҳои сохти конститутсионӣва вайрон намудани ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст. Ҳамчунин, фаъолияти экстремистӣбарои суст кардани амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғасб ва аз худ намудани мансабҳои ҳокимиятӣ, ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, амалӣгардонидани фаъолияти террористӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣё динӣравона карда мешавад.
Дар ҳуҷҷатҳои Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) ду намуди террор маънидод карда мешавад:
Якум, терроризм ба мақсадҳои сиёсӣ, яъне дигаргун сохтани сохти давлатдорӣ, ҷамъиятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, воҳима андохтан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, пайдо кардани нобоварии халқ нисбати ҳукумат, президент, фалаҷгардонидани фаъолияти мақомоти сохторҳои давлатӣ.
Дуюм, терроризми ҷиноятӣ, яъне гуруҳҳои ҷинояткорӣмуташаккил ҷиҳати барои худ фароҳам овардани вазъияти мӯътадил, ки ҳеҷкас садди роҳи онҳо намешавад ва шароит муҳаё месозанд барои содир кардани ҷиноят, масалан ҷиноятҳои трансмиллии бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор алоқамандбуда ва дигарҳо.
Дар соҳаи иқтисодиёт бо роҳи террористӣонҳо рақибони худашонро метарсонанд ва мақомоте, ки ба ҷиноятҳои муташаккил сару кор доранд, ба дигар корҳо ҷалб менамоянд.
Азбаски, ин ду намуди терроризм ба якдигар алоқа доранд, ташкилотҳои террористӣва гурӯҳҳои ҷинояткорӣмуташаккил, ки дар соҳаҳои муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, хариду фурӯши силоҳ,ҷиноятҳои трансмилӣ даст доранд, истифода мебаранд ва ҳатто бо пулу силоҳ ва моддаҳои нашъовар таъмин мекунанд, байни якдигар ҳамкорӣдоранд.
Фарқияти терроризми ҷиноятӣаз терроризми сиёсӣдар ҳамин аст, ки гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор барои мутташанниҷгардонидани вазъият ва содир кардани ҷиноятҳои дигар, масалан барои амалӣсохтани акти террористӣшароит муҳайё сохта, ба ин васила диққати мақомоти дахлдорро ҷалб мекунанд.
Аммо, дар ҳар ду сурат мақсади онҳо, зарба задан ба сохти давлатдорӣ, паст намудани сатҳи бехатарии давлат ва шубҳа андохтан дар дили мардум мебошад ва дар ҳар ду ҳолат аҳолии бегуноҳ зарар дида, амнияти ҷамъиятӣхалалдор мегардад.
Ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба мубориза бар зидди терроризм санадҳои ҳуқуқии байналмилалии бисёрҷониба, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии минтақавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии дуҷониба ташкил медиҳанд, ки онҳо барои таъмини сулҳ, амнияти инсоният, ривоҷу равнақ ёфтани муносибатҳои байналмилалӣдар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, алалхусус ҷинояти терроризм ва эктремизм мувофиқи Оиномаи Созмони Миллали Муттаҳид мусоидат мекунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти муаззафи он мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣва принсипҳои он дар масоили мубориза бар зидди терроризм бо мамлакатҳои хориҷӣва мақомотҳои дахлдори онҳо, ба ғайр аз ин ташкилотҳои байналмилалие, ки бо терроризм мубориза мебаранд ва ба ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдидагони он мусоидат менамоянд, ҳамкорӣмекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва бо мақсади ҳамкорӣдар мубориза алайҳи терроризм шартномаҳо ва созишномаҳои дутарафа оид ба ҳамкориҳои ҳуқуқӣдар масоили шаҳрвандӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, тиҷоратӣ, ҳамкорӣбо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мубориза ба муқобили терроризм, эктремизми динӣва сиёсӣ, ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣва дигар таҳдидҳои устуворӣва амнияти ҷонибҳо бо Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Русия, Ҳиндустон, Туркия, Хитой ва ғайра бастааст.
Дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин қабил ҷиноятҳо оварда мерасонад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қишрҳои ҷомеа ҳамаи чораҳои таъсирбахш андешида шуда истодаанд, аз қабили баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш, ташаккул додани мафкураи баланди ватандустию ватанпарастӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, сохтани масҷидҳои замонавӣ, нашр кардани китобҳои динӣба забони модарӣ, ташкили барномаҳои динию ахлоқӣдар садову симо, чопи мақолаҳо дар газетаю маҷаллаҳо. Ин ҳама чорабиниҳо дар барномаҳои дурнамои тараққиёти имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ таҷассум ёфтааст.Мардуми шарифи мо зиракии сиёсиро аз даст надода дар фазои давлати соҳибистиқлол демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона фаъолияти корӣ, хизматӣ, илмӣ, эҷодӣ, омӯзгорӣва дигар фаъолиятҳои мухталифи ҷомеаро ба роҳ монда ҳамеша шукргузор бошад.
С.А. Таибов сардори шуъбаи итилоот ва робита бо ҷомеа.

10.09.2020     1012
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php