Терроризм ва ифротгароӣ…

Солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад.

Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.

Қурбони терроризим дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифратгароро ва гуруҳҳои терроризмро биёмўзанд ва барои дафъи он кўшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.

Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд, ки «Мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав-терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархурди манофеи қудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии саӣёра, инчунин шиддат гирифтани бӯҳронњои молиявию иктисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод мегардад».

Дар ҷараёни майдоннишиниҳо, гаравгон гирифтани вакилони мардумӣ, фишор овардан ба онҳо дар ҷараёни кори Парлумон, сӯиқасд ба ҷони кормандони боломақоми давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ғасби биноҳои ҳукуматӣ ва амсоли инҳо як амри муқаррарӣ шуда буд. Дар ин марҳилаи пурҳаводис гуруҳи осебпазир пеш аз ҳама ва беш аз ҳама қишри ҳассоси ҷомеа – ҷавонон маҳсуб меёфт, ки ин як фоҷеаи бузург барои миллати тоҷик буд. Фақат хиради азалии мардум, сиёсати сулҳҷӯёна ва инсонпарваронаи Роҳбари муаззами мардуми тоҷик, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки манфиати миллат ва ватанро аз ҳама боло дониста, хатари заволи давлатдории тоҷиконро эҳсос намуданд, имкон дод, то дар муддати нисбатан кӯтоҳ дар кишвари мо сулҳу оромӣ аз нав пойдор ва Истиқлолияти давлатӣ боз ҳам комил гардад.

Аз таҳлили фазои иттилоотӣ метавон ба хулосае омад, ки дар даҳсолаҳои охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва тундгароёна на танҳо дар кишвар, балки дар тамоми дунё то рафт зиёд гашта истодааст. Мутаассифона ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад. Хатари аслии ин падида дар он аст, ки имрӯз баъзе аз ҷавонони мо таҳти таъсири таблиғоти доираҳои муайяне, ки дар минтақа қарор доранд ва мақсади асосиашон ноором сохтани вазъи сиёсии минтақа мебошад, мондаанд. Онҳо ба василаи истифода аз дин ва эътиқодоти динӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ва тарвиҷи тундгароӣ дар ҷомеаи суннатии кишвар ва инкори арзишҳои дунявӣ амал менамоянд.

Махсусан ин нуктаро Асосгузори сулҳу Ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки масъалаи «мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ» ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад. Имрӯз дар ҷаҳони ислом як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар заминаи эътиқодоти динӣ амалкунанда арзи ҳастӣ доранд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади амалӣ сохтани манофеи геополитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистони тозаистиқлол интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро доранд.

Ҳамин тариқ, стратегияи пешгирии фаъолияти экстремистӣ бояд ба таҳким ва ҳамгироии таъсири тарбиявии оила, мактаб, муассисаҳои таълимии касбии сатҳи гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма равона карда шавад. Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Расулов С.М. Директори китобхонаи МДТ "ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино"

24.05.2021     765
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php