Терроризм - таҳдид ва мушкилоти тамаддуни муосир!

Солҳои охир батадриҷ доман паҳн намудани ҷараёнҳои иртиҷоии ба монанди терроризм, экстремизм, ифротгароӣ ва ғайра дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ба омили асосии мураккабшавии муносибатҳои байналхалқӣ табдил ёфтаанд. Тамоми ҷараёнҳои номбурда дар фаъолияти худ аз чорабиниҳои радикалӣ истифода мекунанд. Аз ин лиҳоз онҳоро ҷараёнҳои террористӣ, радикалӣ ё экстремистӣ – радикалӣ ё ифротгароӣ-радикалӣ меноманд.

Созмону ҳаракатҳои радикалии террористӣ - экстремистӣ ба монанди “Ҷабҳат-ун-нусра”, «Давлати Исломӣ», «Ваҳҳобия», «Салафия», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Гурӯҳи исломии Туркистони Шарқӣ», «Ал-қоида», «Конгреси халқии Курд», «Асбат-ал-Ансар», «Бародарони мусалмон», ҳаракати «Толибон» ва ғайра имрӯз ба пиёдакунандаи манфиатҳои абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла Осиёи Миёна, табдил ёфтаанд.

Барои расидан ба ҳадафҳояшон онҳо аз зӯроварию ваҳшоният даст намекашанд. Нерўи асосии ҷангандаи онҳоро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонон ба сабаби як силсила омилҳо чунин гурӯҳи иҷтимоие мебошанд, ки дар баробари ғояҳо ва рӯҳияи ҳизбу ҳаракатҳои радикалӣ таъсирпазир ва ҳассос ҳастанд. Таҳти таъсири ақидаҳои тундгаро ҷавонҳо ба гурӯҳҳои мазкур шомил гардида, ба иҷрои ҳама гуна амалҳои ғайриинсонӣ, монанди қатлу ғорат кардани инсонҳо тайёранд.

Вижагии радикализми ҷавонон дар нобоварӣ ё кинаю ғазаб нисбат ба давлат ва муносибати беихтиёрона ё ихтилофнок дар сатҳи алоқамандии байнишахсӣ мебошад. Ғояҳои радикализм як навъ шакли ҷойивазкунандаи ҳамгироӣ мебошанд, чунки механизмҳо ва шартҳои ҳамгироии иҷтимоӣ– касбӣ, ҷалби иҷтимоии ҷавонон (маълумот, касб, таҳарруки ҳудудӣ) дар ҷомеа коҳиш ёфтааст.

Сабаби асосии густариши радикализм мавҷудияти ҷавонони боқувват ва серҳаракат, аммо бе ҷойгоҳ дар ҷомеа, бе оянда, бе илоҷ мебошад. Чунин вазъ дар ҷавонон бадбинии оштинопазиронаро нисбат ба ҷомеа ба вуҷуд меоварад. Дар зиндагии ҳаррӯза бунёдгароии ҷавонон бештар дар шакли рӯҳия зоҳир шуда, низоми ақидаҳо ва эҳсосоти ифротиро ифода менамояд. Ноқаноатмандии як идда ҷавонон аз зиндагӣ дар шакли бадбинӣ нисбат ба муҳоҷирон, хусумати қавмию миллӣ ва бунёдгароии ростгаро рӯнамо мегардад. Ҳадафи асосии ин гурӯҳҳо ҷалби ҷавонони синни 20 то 35-сола мебошад. Суоле матраҳ аст, ки «чаро маҳз ҷавонон?!». Таҳлилгарон бо ошкор намудани сабабҳои аслї, ба ин суолҳо чунин посух медиҳанд:

        ЯКУМ

Ҷавонон аз нигоҳи сиёсӣ ва идеологӣ як бахши серҳаракат ва қобили меҳнати ҷомеа мебошанд, ки нақши мусбати онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ–иқтисодӣ ва маънавӣ яке аз омилҳои муҳими рушди ҷомеа мебошад. Сарфи назар аз гуногуннавъии ғанои зеҳнӣ ва фарҳангӣ бисёр ҷавонон ба таври яксон дар баробари бунёдгароӣ осебпазир мебошанд.

        ДУЮМ

Теъдоди бисёри ҷавонон ҳастанд, ки худро дар ҷомеа афтодарӯҳ эҳсос мекунанд - махсусан, фарзандон аз хонаводаҳои камбизоат.

       СЕЮМ

Идеологҳои радикалии ифротгаро маъмулан мусулмононро бо ғайримусулмонон муқобил гузошта, фишори эҳтимолӣ ба ҷомеаи мусулмонии ҷаҳониро махсус таъкид мекунанд ва барои ҳифзи онҳо зӯрию хушунатро таҳрик карда, раво мебинанд. Бо назардошти ин, онҳо худро муҳофизони дин, суннатҳо ва асолати мазҳабӣ мешуморанд.

       ЧАҲОРУМ

Омили маҳдуд ва вазъи номусоиди иҷтимоию иқтисодии ҷавонон метавонад дар ҷалби онҳо ба гурӯҳҳои радикалии террористиву ифротгаро нақши ҳалкунандаро бозӣ намояд. Барои кишварҳои пасошӯравӣ, ки ифротгароӣ дар онҳо васеъ густариш ёфтааст, чунин вазъи иқтисодӣ хос аст ва ин ҳолат аксар вақт ҷанбаи доимӣ ва систе-миро дорад.

       ПАНҶУМ

Дар ҷаҳони ислом эҳсоси решадавондаи беадолатӣ ва залилӣ (хорӣ ё зорӣ) ҷой дорад. Беадолатӣ дар ислом аҳамияти махсуси диниро дорад ва дар далеловарии ифротгароён нақши пешбарро доро аст.

Ба хулосае омадан зарур аст, ки масъалаҳои муҳиме, ки имрӯз авзои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, ҷомеаи мо - Тоҷикистонро зарур аст, ки аз ҳар гуна ташкилоту гурӯҳҳои ифротӣ ҳазар намуда, таъмини якпорчагии давлату миллат ва сулҳу ваҳдати худро пос дошта, кишвари азизамонро барои имрӯзу фардои насли оянда ободу зебо гардонем.

Зуҳра Турсунова  -  шуъбаи иттилоот ва нашрия


03.12.2020     210
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php