Суханро вазну тамкини замин бояд!

Озодии матбуот аз қатъномаи мусаввабаи ҳамоиши умумии Юнеско дар соли 1991 таҳти унвони “Иртиқои озодии матбуот дар дунё”, ки ҷароиди озод, фарогир ва мустақилро дар бар мегирад, 20-уми декабри соли 1993 пазируфта шудааст.
Тоҷикистон давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд буда, озодии сухан дар сурати комил муроот мешавад. Аммо аз ҷониби баъзе ашхоси аз сиёсат бехабар, аз хирад дур баъзан суханҳои носанҷидаву ноозмуда паҳн мешаванд, ки боиси низоъ ва бадбахтии ҷомеа шуда метавонанд.
Мо, мардуми Тоҷикистон бо камоли ифтихор гуфта метавонем, ки матбуоти мо озод аст, аммо суханҳои мо баъди пухта расиданашон нашр мегарданд. Имрӯз ҷомеаи башар шоҳиди он аст, ки Тоҷикистон дар ободӣ, озодӣ ва пешрафти соҳаҳои илму техника мавқеи сазовор дорад. Аммо душманони миллат бо ҳар роҳу восита мехоҳанд миллати моро пароканда намоянд. Ва мо гуфтанием, ки Ватани мо Тоҷикистони солҳои 90-ум нест ва шумо бо сафсатаҳои худ ин мардумро ба доми фиреби худ барои пиёда намудани ғаразҳои сиёсӣ ва нақшаҳои нопоки худ истифода бурда наметавонед. Озодии сухан дар он нест, ки ҳар сухани ба забон омадаро бигӯӣ- озодии сухан он аст, ки суханат ба манфиати мардум бошад.
Набояд ҳар чӣ омад бар забон, гуфт,

Агарчи ҳарфи матлаб бешумор аст.

Сухан қаср асту маънӣ пояи ӯст,

Ки бе поя бино ноустувор аст.

Расулов С.М. Директори китобхона, доктори илмҳои филологӣ.

09.06.2020     760
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php