Суҳбат бо террорист - ин ифодакунандаи як навъ дастгирӣ аз терроризм

Аксари кишварҳои дунё мухолифони сиёсӣ доранд ва аз нигоҳи илм ҳам доштани мухолифин дар сиёсат як чизи табиӣ ва раднопазир аст. Аммо дар ин баробар бархе кишварҳое мавҷуданд, ки дар онҳо ба ном мухолифини сиёсӣ, аммо дар асл терроризм бо истифодаи ин ном, яъне “мухолиф” ба аҳдофи аслии худ, ки нооромӣ ва ҷангу ситаза аст, амнияту осоиши на фақат минтақа, балки дунёро зери суол мебаранд. Дар Тоҷикистон чунин гурӯҳи мухолифин, вале дар асл террорист чанде буд, ки ҳаёт ба сар мебурду ба аҳдофи сиёсии худ қувват медод. Хушбахтона, чанд сол пеш террорист будани ин гурӯҳ расман исбот гардида, фаъолияти онҳо дар кишвар қонунан манъ карда шуд. Бо вуҷуди ин як қисми ин гурӯҳ ба хориҷ огоҳона сафар намуда, бо истифода аз сарпаноҳии маблағгузорони хориҷии худ ба аҳдофи сиёсии хеш роҳҳои дигар ҷустуҷӯ намуда, аз ҳар имконияти хеш истифода мебаранд.
Мусаллам аст, ки ин гурӯҳҳо аз ҷониби бархе ташкилотҳои хориҷӣ кишварҳои абарқудрат, расонаҳои хабарӣ ва ғайра бо чӣ мақсаде бошад ҷонибдорӣ мегарданд. Масалан, чанде пеш Радиои озодӣ таҳти гардонандагии журналист Мирзонабии Холиқзод барномаеро таҳти унвони “Гапи озод” бо меҳмонии террорист - Кабирӣ ташкил намуда, як навъ амали террористиро дар шакли пардапӯшона дастгирӣ намуд. Дар барнома аслан саволгузорӣ ва овардани факту рақамҳо аз ҷониби ҳам журналист Мирзонабии Холиқзод ва ҳам мусоҳиби ӯ Кабирӣ аз рӯи ғараз ба миён омада буд ва ҳамчунин баёни ақидаҳо низ далолат ба бадкешии онҳо буданд. Аз ҳамин сабаб, ин барнома зуд дар кишвар аз ҷониби ҳам сокинони оддӣ ва ҳам рӯшанфикрону коршиносон шадидан интиқод шуд. Баъзе коршиносон бар ин назаранд, ки дар баҳс маълум гардид, ки ТЭТ ҲНИ бо роҳбарии Кабирӣ боз ҳадафҳои дигари террористӣ дошта, аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ барои аҳдофашон манфиат мебинанд. Пас, ТЭТ Наҳзати ислом аз рафторҳои хиёнаткоронаи бунёдгузорону думравонаш ва аз мазҳабфурӯшиву қатлу куштор ҳанӯз даст накашида, боз бо ифтихор ба роҳи худ давом бахшидан мехоҳад. Ин бадкеш, яъне Кабирӣ ки мақсаду маромашон ба нобудӣ кашидани миллати тоҷик буда, барномарезӣ низ аз ҷониби хоҷагони хориҷиаш аст ба ҳадафҳои нопокаш дигаронро низ ҷалб мекунад. Бояд гуфт, ки Мирзонабии Холиқзод ва умуман Радиои озодӣ, бояд дар миёни мухолифин ва террорист фарқ гузорад. Террорист бояд на дар шакли мухолифини сиёсӣ, балки ҳамеша дар шакли асли худ, ки ӯ на номус дораду на ақлу ҳуш, яъне террорист муаррифӣ гардад. Аз ҳамин нигоҳ дастгирии “Радиои озодӣ” ва рӯзноманигори он – Мирзонабии Холиқзод аз амали террористӣ барои мо норӯшан боқӣ мемонад. Бояд гуфт, ки суҳбат бо террорист тариқи ВАО як навъ дастгирӣ аз террориз аст.
Шуъбаи иттилоот робита бо ҷомеа


21.10.2020     255
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php