Шикасти ТЭТ ҲНИТ дар САҲА

Шикасти ТЭТ ҲНИТ дар САҲА

Чандест дар шаҳри Варшаваи кишвари Лаҳистон нишасти махсуси Созмони амнияту ҳамкорӣ дар   Аврупо баргузор мегардад, ки дар он намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамчунин душманон ва хоинони миллати тоҷику давлати Тоҷикистон – ТЭТ ҲНИТ ва дигарон иштирок доранд. Дар конфронс албатта барои намояндагони ТЭТ ҲНИТ барои суҳбат имконият дода шудааст, то ҳарфи худро тавонанд бигӯянд. Аммо мусаллам аст, ки онҳо дар ин конфронс бо ҳарфҳои пучу бемағзу бемаъно ҳам худ ва ҳам пайравони худро шармандаву шармсор гардонидаанд. Бояд гуфт, ки дар ҳамоиши мазкур шахсиятҳои варзидаву барӯманд ва соҳиби донишу хирад воқеӣ иштирок доштанд, ки ҳар як ҳарфи гуфташударо таҳқиқ ва таҳлил менамуданд ва зимни таҳлилҳо ва нитиҷагирии онон гуфторҳои аъзоёни ТЭТ ҲНИТ ва дигар душманону хоинони миллат ба риштаи танқид кашида шуд. Дар ин асно онҳо бори дигар худ ва пайравони худро шармандаву ночор сохтанд.

ТЭТ ҲНИТ ва найрангҳои навбатии Кабирӣ!

Надоштани фарҳанги сиёсӣ ва умуман маърифати инсонӣ инсонро ба ҳар гуна роҳ мебарад. Махсусан онҳое, ки мехоҳанд худро фаъоли сиёсӣ мешуморанд бояд ахлоқи ҳамидаву фарҳанги волои муоширатро донанд ва онро дар ҳама ҳолат риоят кунанд. Намунаи беҳтарин будан дар майдони сиёсат талаби умумист, аммо надоштани маърифати баланд ва фарҳанги сиёсӣ ин аллакай шармандагист. Ин шабу рӯзҳо мо ин шармандагиро аз ҷониби як тӯда авбошон ва роҳзанҳо дидаистодаем, ки чи тавр бо надоштани фарҳангу маданият ва ҳатто оддитарин одоби инсонӣ худро дар нишасти САҲА ба намоиш гузоштаанд. Ҳарчанд ин афрод кӯшиш карданд, ки бар зидди ҳайати Тоҷикистонро, ки чанд нафар аз фаъолони ҷамъиятиву намояндагони баландмақомро тартиб медиҳад, баромад кунанд тирашон хок хӯрд. Онҳо натавонистанд дар баробари фарҳангу маданияти ҳайати Тоҷикистон истодагарӣ кунанд ва аз ҳамин лиҳоз мисли роҳзанҳои гурусна доду фиғон бардоштанд ва ҳар қадар, ки метавонистанд борони туҳмату дурӯғро бар сари онҳо рехтанд. Аммо ин ҳайат аз адабу фарҳанг кор гирифта, кӯшиш карданд, то миллатро дар он ҷо дар ҳузури намояндагони хориҷӣ шарманда насозанд.

Кабирӣ ва тарафдоронаш бо Шарофиддин Гадоев ва чанд ҷинояткори махсус тайёркардашуда талош мекунанд, ки ҳатто агар заррае ҳам бошад, обрӯву нуфузи миллат ва давлати Тоҷикистонро коста гардонанд. Онҳо аз ин кори худ албатта гонарар ё худ ҳақмузди хуб мегиранд. 

Аз ин рӯ, на аз одоб кор мегиранду на аз маданияту қоидаи неки муошират. Қаблан дар мисоли зуҳури ТЭТ ҲНИ навишта будам ва боз ин ҷо лозим меояд, ки дубора ёдовар шавам ва ба хонандаи ази аз воқеияти ин ҳизби террористӣ парда бикушоям. Охиран аз ҷониби олимон ва коршиносон дурӯғи пайдоиш ва таъсиси ТЭТ ҲНИ дар солҳои 70-ум ошкор шуд, ки як сухани бофтаи наҳзатиёни ифлос будааст. Ҳарчанд бовари кас намеояд, ки чи тавр ин аблаҳон чандин сол боз мардумро фиреб дода барои худ ҳувият сохтаанд. Инро мегӯянд ҳиллаву найранги душман.

Баробари соҳибистиқлол гардидани кишварҳои пасошӯравӣ як гурӯҳи махсус аз исломиёни соҳибсилоҳ бо ташкили равияву ташкилотҳои гуногуни динӣ хостанд, кишварҳои собиқ Шӯравиро ба давлати исломӣ табдил диҳанд. Махсусан дар Осиёи Миёна ин масъала хеле ҷиддӣ дида мешуд ва ҳамин буд, ки гурӯҳҳои алоҳида дар давлатҳои Осиёи Маркази ба таъсиси ҳизбҳои сиёсии динӣ пардохтанд. Дар назари аввал, ки шаҳрвандон аз ин воқиф набуданд ва асрори ТЭТ ҲНИ-ро намедонистанд, ба он пайвастанд. Аслан сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ ҳам дар кишвар ҳамин наҳзатиёни навтаъсис буданд, ки ҳамаро ба хоку хун кашиданд. Мақсади ТЭТ ҲНИ ба таври комил несту нобуд сохтани давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол буд ва барои ҳамин ҳам онҳо аҳолии осоиштаро ба қатл расониданд ва гурӯҳбозиро шуруъ намуданд. Ҳарчанд дар ин масъала борҳо гуфтаем, аммо ҳанӯз ҳам ба таври ошкоро дар бисёр маврид наҳзатиёни ифроти намехоҳанд дар ин бора гап равад. Бо шарофати далериву шуҷоат ва мардонагиву меҳанпарастии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оташи ҷанг хомӯш гардид ва Тоҷикистон аз парокандашавӣ наҷот дода шуд.

Вале ин амали Пешвои муаззами миллат ба авбошони наҳзатӣ хуш наомад ва дубора аз пайи анҷом додани амалҳои террористӣ гардиданд ва ҳар қадар метавонистанд ва миллати тоҷик чи дар дохилу чи дар тхориҷ зарар расониданд. Онҳо ақидаву равияҳои гуногунро ба кишвар оварда аз ҳамин роҳ ҷавононро гумроҳ месохтанд. Ҳаракатҳои мамнуъи мисли “ваҳҳобия”, “салафия”, “ шиагароӣ” ва амсоли ин ҷараёнҳои дигарро ба кишвар оварда, ақидаҳои онҳоро паҳн менамуданд. Ин ҳам яке аз хиёнатҳои наҳзатиёни террорист ва хоин бар зидди дину мазҳаб ва миллати тоҷик мебошад. Онҳо мехостанд, ки бо ҳамин роҳ пайравони мазҳаби шиаро дар кишвар зиёд намуда, ҷойгоҳи мазҳаби ҳанафияро танг намоянд. Ва ба ин кор то ҷое муваффақ ҳам шуданд. Онҳо як силсила ҷавононро гумроҳ намуда аз роҳи таъсиси фанатизми динӣ корро оғоз намуданд.

Ин гуна мисолҳо хеле зиёд аст ва мо метавонем боз садҳо намунаи дигари онро ба Шумо бигӯем, лек ҳама чиз ҷойгоҳи худро дорад.

Суоле ин ҷо пайдо мешавад, ки чаро маҳз онҳо равияҳои гуногунро ба кишвар оварданд ва ақидаҳои онро миёни ҷомеа паҳн намуданд? Ин албатта фақат шаҳодат аз гаравидани онҳо ба шиа нест, балки пул кор кардан ҳам ҳаст. Бубинед ин равияҳо бо сармоягузории зиёд ба Осиёи Миёна ворид шуданд ва пеш аз ҳама аз ин ҳизбҳои динӣ манфиат бурданд. Ҳизби исломии Ӯзбекистон бевосита бо ҳизби наҳзат ҳамкориҳояшро ба роҳ монда онро сармоягузорӣ менамуд. Аксарияти аъзоёни ҳизби таҳрир ҳам, ки дар кишвар бинобар ақидаҳои ифротидоштанаш мамнӯъ буд, ба ҳизби наҳзати исломӣ гузашта буданд ва ин албатта як зараре бузурге буд. Аммо Кабирӣ ва пайравонаш аз ин ҳам хавотир нашуда бо ҳамаи ҳамин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамкорияҳояшро зич ба роҳ монда, ҷараёну ақидаҳои зидди исломиро ҳамчун андешаҳои динии воло миёни мардум паҳн менамуд.
Қабл аз оне, ки ТЭТ ҲНИ ва Кабирии сарсахту камақл ба ин мақсадҳо бирасад, солҳои навадуми асри гузашта бо баҳонаҳои зиёд олимону равшанфикронро ба қатл расонид. Муаллимон ва мутахассисони беҳтаринро ба қатл расонид ва бо кам гардидани равшанфикрон сенарияи худро амалӣ намуд. Яъне бо ин роҳ наҳзатиёни ифротӣ талош намуданд, ки теша ба решаи миллат зада, худро бегуноҳ муаррифӣ намоянд. Онҳо талош карданд, ки бо ворид намудани равияву ҷараёнҳои мухталиф ба психологияи мардум таъсир расонида бо ҳамин роҳ дар ҷомеа тухми кинро пошида, худ ба курсии давлатдорӣ менишинанд. Аммо мардуми шарифи Тоҷикистон аз ин нияти нопоки наҳзатиёни ифлос огоҳ гардида, садди роҳи он гардид. Яъне мардум дигар аз онҳо тарафдорӣ наменамояд ва ин албатта роҳ ба сӯи некист.

ТЭТ ҲНИТ - доғи сиёҳ дар таърихи давлату миллати тоҷик

Чӣ гуна, ки медонед ҳарчанд Ҳизби наҳзат бо дастгирии хоҷагони хориҷиаш инқилоби исломӣ роҳандозӣ  кардан мехост, лекин чунин инқилоб дар кишвари мо заминаи иҷтимоӣ надошт. Ба он маъно, ки дар ин ҷо ҳама мардум ҳанафимазҳаб ҳастанд, пайравони шиа набуданд, ҳатто пайравони мазҳаби исмоилия ҳам идеяи онҳоро пайравӣ намекарданд, чунки исмоилия ба фарқ аз дигар шохаҳои шиа хусусияти арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ дорад ва омили дигар ин аст, ки шиаи имомии сиёсишудаи ҶИ Эрон ҳамон муносибате, ки бо аҳли суннат ва ҷамоат дорад, айни он муносибатро бо пайравони исмоилия дорад. Дар маҷмӯъ, наҳзатиён  мардуми манотиқи Тоҷикистонро ҷалб карда натавонистанд.

Бояд гуфт, ки Ҳизби наҳзат як доғи сиёҳе дар  таърихи давлату миллати тоҷик аст. Аз шахсе, ки Ватан, миллат ва ҳатто дину мазҳаби худро фурӯхт, ҳама чизро метавон интизор шуд. Зеро барои шахсе, ки мавқеи имонияшро се маротиба тағйир дода, аз мазҳаби ҳанафӣ ба мазҳаби ваҳҳобия, аз ваҳҳобия ба шиаи имомӣ гузашт ва ҳоло аз акнун аз номи Ислом рӯ гардонидааст,  дигар чизи муқаддасе боқӣ намемонад. Хатар доштани ин ҳизбро  суханрониву  пешниҳоди навбатии худи Кабирӣ дар Дортмунд бори дигар тасдиқ мекунад. Зеро онҳо омодаанд, ки ҳар лаҳза бо ҳар номи дигар зуҳур кунанд ва кишварро ба нооромӣ кашанд.

Ҳамарӯза дар ҷомеаи муосир хоинону гумроҳон ва иддаи нохалафон барои паст задани шаъну шарафи инсонҳои соҳибмартаба, бадном кардани ин ё он шахсиятҳои маъруф ба паҳн намудани андешаҳои пастфитратона, содир намудани ҳар гуна фатвоҳои беасос ва халалдорсозии авзои ҷомеа, бадномсозии дини мубини ислом, тафриқаандозиву фитнагарӣ машғуланд. Эшон худро ҳамчун “ҳомии дин” нишон дода, амалҳои разилонаи хешро дар доираи арзишҳои олии динӣ амалӣ намуда истодаанд. Ба мисоли чунин бадфитратон аъзо ва пайравони ташкилоти ТЭТ  ҲНИ мебошанд. Аслан агар ба марҳилаҳои таърихии фаъолияти ин ташкилоти экстремистию террористӣ назар афканем, ҳанӯз аз рӯзҳои оғози фаъолияташ ин ташкилоти ҷиноӣ ба шеваи фатводиҳиву гумроҳсозии мардум, ба хосту диди кӯтаҳи хеш тарҷума ва паҳн кардани сураву оятҳои дини мубини ислом, тафриқаандозӣ байни мусумонон, ба фирқаҳо ҷудо намудани мусулмонон, яъне ба “мусулмони ҳуҷҷатдор” ва “беҳуҷҷат” ҷудо кардани мардуми Тоҷикистон, содир намудани ҳукмҳои манънамудаи Худованд, яъне мусулмон ё кофир будани мардум корбурд намуда, рӯирост аз дини мубини ислом сӯйистифода намуд. Оид ба чигунагии ба фирқаҳо ҷудо намудани мусулмонон, яъне ба “мусулмони ҳуҷҷатдор” ва “беҳуҷҷат” ҷудо кардани мардуми Тоҷикистон тавре огаҳӣ дорем, баъзе аз аъзову пайравони ин ташкилоти экстремистию террористӣ дар вақти фаъолияти ин ташкилот пасипардагӣ амал намуда, ба хотири гумроҳкунӣ, яъне аъзо шудан ба ТЭТ ҲНИ ба мардум муроҷиат менамуданд, ки “Агар шумо ба ҲНИТ аъзо нашавед, шумо мусулмон нестед, вақте ки шумо аъзои ҳизби мо шудед, мо ба шумо ҳуҷҷат медиҳем, ки аъзои ҳизби исломиед”.

Соли 2015 ҳангоми муроҷиатҳои пайдарпайи мардуми оддӣ ба мақомоти давлатӣ, расонаву васоити ахбори омма оиди бо хоҳиши худ аз сафҳои ин ташкилоти террористӣ баромадан маълум гардид, ки иддае аз аъзоён оид ба аъзогии хеш ба ин ҳизб маълумот надоранд. 
Дигар ин, ки вобаста ба андешаи рӯирост аз дини мубини ислом сӯйистифода намудани аъзову пайравони ТЭТ «ҲНИТ» баръало маълум буд, ки солҳои қабл дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ҷонибдорони ин ташкилоти террористӣ дар даромадгоҳҳои ҳавзаву участкаҳои интихоботӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ, назди хонаҳои раъйдиҳӣ ва ҳатто қуттиҳои варақапартоӣ гирд омада, ба мардум тарғиб менамуданд, ки “агар аз рӯихати варақаҳои овоздиҳӣ ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро хат занед, шумо кофир мешавед, зеро шумо дини Худованд - исломро хат задаед”. Ба чунин монанд аз амалҳои фитнагариву сӯйистифодакунии дини мубини ислом аз ҷониби аъзо ва пайравони ТЭТ ҲНИ мардуми шарафманди Тоҷикистон ба хубӣ огаҳ гардида, хушбахтона бо хоҳиши худ аз сафҳои ин ҳизби ихтилофангез баромаданд, ки дар натиҷа ташкилотҳои ибтидоии он дар минтақаҳои кишвар барҳам хӯрданд. Ин ва чанд омили дигар боиси аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудани фаъолияти ҲНИТ гардид. Бо баробари баста шудани ин ҳизби ихтилофангез, ҳоло ҳам аъзову пайравони он пинҳониву ошкоро байни мардум фитнаангезиву тафриқаандозӣ намуда, ҷавононро бо андешаҳои разилонаи хеш мехоҳанд гумроҳ созанд. Дар ҷаҳони пешрафти техникаву технологияи муосири имрӯза наҳзатиёни хоин ба ҳар роҳу восита кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ андешаву фикри ҷавононро халалдор созанд. Бо вуҷуди он, ки аз сабаби сӯйистифодакунии номи дини мубини ислом ТЭТ «ҲНИТ»-ро Худо зад, ҳоло ҳам ин бешарафон аз фитнагарӣ даст накашидаанд. Аз ин рӯ, ҳар ҷавони соҳибақлу бомаърифатро зарур аст, ки ба фитнаҳои онҳо гӯш надиҳад, зеро Худо мефармояд:  “фитна бадтар аз қатл аст”.

Чӣ гунае, ки тоҷикон мегӯянд: “Бори каҷ ба мақсад намерасад”.

Ифрити иртиҷо,

Ҷаллоди куҳнакор,

Худро нигаҳ дор, ки тӯфони хашм халқ

Охир ба боди нобудӣ фурӯ мебарад туро.


28.09.2019     495
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php