Шамъ хомӯш шудаасту дудаш чашмҳоро месӯзонад

Аз 16 то 26 сентябр дар шаҳри Варшава машварати навбатии солонаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) бо иштироки қариб 60 давлат доир гардид.
Машварати солонаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА яке аз бузургтарин ҳамоишҳои ҷаҳонӣ дар боби арзишҳои демократӣ ва масъалаҳои ҳуқуқи башар ба шумор меравад. Дар он давлатҳои узви САҲА ва даҳҳо созмонҳои миллию байналмилалӣ иштирок намуда, ҳудуди ду ҳазор вакил дар муддати ду ҳафта маҷмуаи масъалаҳои ин самтро баррасӣ карданд.
Ҳар давлат мавқеи худро дар самти таъмин ба арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар муаррифӣ намуда, дар ин масъалаҳо гузориш доданд ва сиёсати худро ҳимоя карданд.
Намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон дар конфронси САҲА мавқеи Тоҷикистонро тибқи мавзӯъҳои рӯзномаи конфронс муаррифӣ ва дифоъ карданд. Ин ҳайат аз афроди босалоҳият ва коршинос дар масъалаҳои рӯзномаи конфронс таркиб ёфта буд ва ҳар кас дар соҳаи худ дорои масъулият, салоҳият ва таҷрибаи кофӣ аст. Умуман, аз ҷониби Тоҷикистон маҳз давлати Тоҷикистон узви САҲА аст, на ягон ташкилот ё фарди алоҳида. Бинобар ин, давлат ҳамчун узви расмӣ дар конфронси ин созмон иштирок намуд. Новобаста аз ҳузур доштан ё надоштани шахсони мухолиф дар он ҷо ҳайати давлатӣ рисолати худро анҷом дод.
Намояндагони мухолифи ҳукумат, гурӯҳу созмонҳои мухолифон, аз ҷумла Паймони миллии Тоҷикистон ва афроди алоҳида, ки аксаран муқими Аврупо мебошанд, дар ҳамоиши имсола иштирок намуданд. Буду набуди ин афрод дар ин нишаст мавриди таваҷҷуҳи ҳайат қарор надошт. Дар тӯли ҳафта, ҳам сиёсати давлат гуфта шуд, ҳам воқеияти ҷомеа нишон дода шуд, ҳам баъзе тасаввуру маълумотҳои ғалати ҳозирин ислоҳ шуданд. Ҳайати Тоҷикистон дар анҷоми рисолати худ комёб буд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки давлати Тоҷикистон имрӯз дигар на давлати соли 1992 аст, на давлати соли 1997 ва ҳатто на давлати соли 2015. Он гуруҳҳои парканда, ки имрӯз худро чун мухолифини давлат эълон намудаанд, тасаввур карда натавониста истодаанд, ки Тоҷикистон имрӯз як давлати қавӣ ва устувор буда, аз назари сиёсӣ, диди сохторию идорӣ, иқтисодӣ, қудратӣ ва ҳам аз назари зарфияти зеҳнӣ бисёр қавитар аз пеш аст. Давлати Тоҷикистон машғули корҳои бузургтар аз ин аст. Давлат машғули ободонӣ, созандагӣ, миллатсозӣ, ваҳдатсозист. Давлат таърихи навини миллатро месозад. Бинобар ин, мухолифати чанд нафар ба раванди бузурги созандагӣ ва ваҳдати умумимиллӣ таҳдиди амалие нест. Фақат аз назари иттилоотӣ ба ин фазо халал меораду аз назари шаҳрвандӣ хиҷолат боқӣ мегузорад…Иқтидори афроди «мухолиф» бисёр заиф ва маҳдуд аст. Шояд пуштибононашон қавӣ ҳастанд, аммо зарфияти худашон маҳдуд аст.
Бо хулоса аз он маводе, ки ду соли охир дар расонаю шабакаҳои онҳо ба нашр мерасад, метавон дид, ки ҳарфҳои онҳо дигар холиянд. 90 дарсади тамоми матлабҳои ахири онҳо аз туҳмат, таҳқир, дашном, масхара, шахсиятсӯзии номардона, дурӯғи рӯирост ва ғайра иборатанд. Ин нишонаи ба охир расидани потенсиали ин афрод аст. Ин нишонаи надоштани ҳарф, барнома, идея барои ҷомеа аст. Мисли он аст, ки шамъ хомӯш шудаасту дудаш чашмҳоро месӯзонад.
Вақте инсони шикстхӯрда дар муқобили мавқеъ, барнома, амал ва сатҳи тарафи муқобил чизе гуфтанӣ надорад, дастовардҳои онро бо ягон роҳ инкор карда наметавонад, пас дар бораи шахсияти ӯ менависад, ба таҳқиру сиёҳкунии шахсияти ӯ ва наздикони ӯ мегузарад. Ин муҳимтарин нишонаи заифӣ аст. Чунин амал ҳаргиз боварӣ ва эҳтироми ҷомеаро сазовор намешавад.
Бинобар ин, онҳо шояд дар фазои иттилоотӣ машҳур бошанд, бо дурӯғу дашному ҳақоратҳои худ шинохта шуда бошанд. Аммо, онҳо ҳаргиз дар он фазо маҳбуб, мақбул ва таъсиргузор нестанд, хусусан дар фазои дохилии мамлакат. Агар таъсире ҳам бошад, мутаассифона, таъсири манфию харобиовар хоҳад буд, на таъсири созанда.
З.Турсунова мутахассиси шуъбаи иттилоот ва нашрия

24.09.2019     344
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php