РОҲҲО ВА ГУРӮҲҲОИ МАХФИИ НАВПАЙДО

Хабарнигорон дар иттилоотҳо менависанд, ки ТТЭ ҲНИТ, ки Додгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 фаъолияти Ҳизби Наҳзатро мамнуъ эълон намуда, ҳизбро дар рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ дохил кард. Ин воқеъ баъд аз сар задани амали ҷинояткоронаи инқилоби нокоми аъзои Ҳизби Наҳзат бар зидди Ҳукумат сурат гирифт. Ҳизби Наҳзат ин амали худро бо кӯмаки собиқ муовини Вазири Мудофиа генерал Абдуҳалим Назарзода анҷом додан мехост. Дар асоси Созишномаи ваҳдати миллӣ , ки соли 1997 дар Москва сурат гирифт, А. Назарзода яке аз аъзои фаъоли ҳизб ба шумор мерафт.
ТТЭ ҲНИТ аз таҷрибаи ДИИШ истифода бурда, роҳи василаҳои махфии наверо, баҳри ҷалби ҷавонон мавриди истифода қарор додааст . Инчунин чанд гурӯҳи террористӣ аз ҷониби Ҳизби Наҳзат ташкил ёфтааст.
Роҳбарият ва созмондиҳандагони ташкилоти террористии ҲНИТ ҳанӯз аз оѓози фаъолияти худ дар солҳои 70–уми (1974) асри гузашта навъи гуногуни узвият ба наҳзатро ҷори карда буданд, ки ҳоло низ ин тартиб истифода мешавад.
Як навъи аъзои Наҳзатро онҳое ташкил медоданд, ки дар байни одамон баромад мекарданд ва ташвиқот мебурданд. Дар солҳои Шӯравӣ ин гуна ашхос дар сохторҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ ба корҳои сабук ва ба чашм ноаён (чун посбонҳои насосҳои обкашӣ, амборхонаву гаражҳо) ба кор даромада, дар миёни деҳқонон, ки қисми бештари ҷомеаро ташкил медоданд, шабона пинҳонӣ таблиѓоту ташвиқот мебурданд. Аз ин гирдоби фалокат муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар хориҷии кишвар ва хусусан дар Русия, Аврупо қарор доранд, эмин намондаанд.
Навъи дигари аъзои наҳзатро онҳое ташкил медоданду медиҳанд,дар лагерҳои ДИИШ таълим гирифта, бевосита ба содир кардани ҷиноятҳои мудҳиш чун қатли террори шахсони шинохта, одамрабоӣ ва одамкушӣ, ѓоратгарӣ ва роҳзанӣ ҳидоят ва раҳнамоӣ карда мешаванд ва онҳоро ҷанговари наҳзат ном мебурданд.
Олимони шинохтаи ҷумҳурӣ, собиқ Иттифоқи Шӯравӣ,ҷаҳонӣ Муҳаммад Осимӣ, Исҳоқӣ Юсуф, Минҳоҷ Ѓуломов, Моёншо Назаршоев, шахсони бузурги ҷумҳурӣ Карим Юлдошев, Сайф Раҳимзода, Муродулло Шерализода, Айнулло Неъматов, Муҳиддин Олимпур, Ҳабиб Сангинов, Отахон Латифӣ, Давлаталӣ Раҳмоналиев-ро ваҳшиёна ба қатл расониданд.
Барои роҳбарияти наҳзати исломӣ муҳим набуду нест, ки одамкушӣ дар кадом ҳолат сурат мегирад, нисбат ба кӣ содир карда мешавад, бо дасти кӣ ва мусоидати киҳо содир карда мешавад, шарт ҳамин буд, ки узви наҳзат будани ҷинояткор ҳатман пинҳон нигоҳ дошта шавад, зеро дар сурати ошкор шудан, роҳбарияти ҲНИТ аз онҳо даст мекашад.
Аз ҳама ҳайратовар ин аст, ки вақте дастгиршудагон ба забони худ изҳор мекарданду мекунанд, ки узви ҲНИТ ҳастанд, дар наҳзат буданд, бо супориши пинҳонии роҳбарияти наҳзат ҷиноятро содир кардаанд, баъзе аз аҳли ҷомеа ин суханҳоро нодида мегиранд, ба ин суханон, ки худи дастгиршудагон бо забони худ гуфтаву дигаронро аз хатари наҳзатиҳо огоҳ кардан мехоҳанд, бовар кардан намехоҳанд.
Носиров Қ.Н. н.и.т., дотсент

Сардори Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеаи

ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино


04.06.2020     271
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php