Риояи талаботи беҳдоштӣ ҳатмист!

Тибқи маълумоти охирини оморӣ дар дунё шумораи беморони гирифтори коронавирус шабонарӯзи гузашта 130 529 нафар зиёд шуда, ба 6 852 818 нафар расид. Ҳамзамон, аз ин теъдод то имрӯз 3 миллиону 352 ҳазору 66 кас шифо ёфтаанд ва 398 ҳазору 282 тан вафот кардаанд.
Нахустин беморони гирифтори коронавирус дар кишвари мо рӯзи 30.04.2020 ошкор ва ба қайд гирифта шуда, нуқтаи авҷи он аз рӯйи таҳлилҳо ба 15-уми майи соли ҷорӣ рост омадааст. Яъне ин рӯз нуқтаест, ки аз ҳама бештар беморон мушоҳида ва ташхис гардидаанд- 1118 нафар. Пас аз он раванди пастшавии авҷи беморӣ ба қайд гирифта шуда, шумораи беморон каму шифоёфтагон рӯ ба афзоиш ниҳод. Тавре мушоҳида мешавад, рӯзҳои охир фавт ҳам камтар ба қайд гирифта мешавад.
Бо вуҷуди ин, авҷи пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ҳанӯз паси сар нашудааст, бинобар ин риояи оддитарин қоидаҳои беҳдоштӣ, яъне гигиенаи шахсӣ ва маслиҳату тавсияи мутахассисон ҳатмист.
Табибону мутахассисони соҳа тавсия медиҳанд, ки то аз байн рафтани ин беморӣ ҳамагонро мебояд, баҳри муҳофизати худ аз қоидаҳои умумие, ки зарурист, риоя намоянд. Ба мисоли рӯкаш намуданӣ узвҳои нафаскашӣ, шустани дастон пеш аз истеъмоли ғизо ва дигар талаботи тавсиявӣ. Сокинон бояд хуб дарк кунанд, ки гаштугузор ва баромадани бидуни зарурат аз хона метавонад омили сироятёбӣ гардад. Бинобар ин, ҳар як шахс бояд қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набарояд, дар нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намуда, ба таври қатъӣ фосилаи байни ҳамдигарро ба андозаи аз якуним то ду метр нигоҳ дорад.
Шарипов С.Ф. Омӯзгори кафедраи беҳдошти муҳити зист.

09.06.2020     402
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php