НАҲЗАТИҲОИ ХОИН БОЯД БА АМАЛҲОИ БАДИ КАРДААШОН ҶАВОБ ГӮЯНД

Аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳу созмонҳои ифротӣ мепайванданд, саводи зарурии дунявӣ ва маърифати ибтидоии динӣ надоранд. Гурӯҳҳои ифротӣ ҷавононро ба доми худ кашида, ба доми марг мебаранд.

Намоиши филмҳои дорои хусусиятҳои террористӣ ва экстремистӣ, паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ тавассути шабакаи ҷаҳонии интернет, сабаби дигари гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки паст будани савияи дониши ҷавонон аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ тайёр набудани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ, майли хоҳиши ба даст овардани маблағҳои муфт, боиси фирефта шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифрот­гаро ва шомил гардиданашон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо гардидааст.

Мутаассифона, садҳо ҷавонон - писарону духтарони мо ҳам ба ин хел ташвиқотҳои бардурӯғ ба дасти иғвогарон афтода аз тарафи Туркия ба Сурия рафта ба “Давлати исломӣ” ДИИШ афтода террорист-экстремисти худкуш шуданд.

Имрӯз ашхоси соҳибқалам бар онанд, ки зарурати баҳогузории воқеаҳои февралӣ фаро расидааст.

Бигзор насли имрӯза низ аз воқеаҳои гузашта дуруст бохабар шуда, дигар ба чунин хатогиҳо роҳ надиҳанд,яъне ба макрӣ наҳзатиҳо гирифтор нагарданд.

Насли имрӯзаю ояндаи миллат бояд хуб бидонанд, ки сабабгарони асосии бадбахт кардани миллат ва ба вартаи нобудӣ тела додани давлат, яъне хунрезӣ дар баҳманмоҳи соли 1990 ва афрӯхтани ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 танҳо ва танҳо террористони наҳзатӣ буданд, ки оқи­баташ ба куштори 150 ҳазор касони бегуноҳ, бе шавҳар мондани ҳазорҳо занҳо, бе падар мондани ҳазорҳо кӯда­кон оварда расонид, несту нобуд шудани заводу фабри­каҳо, колхозу совхозҳо, расонидани зарарӣ иқтисодӣ – молӣ бештар аз 5 млрд доллар, бехонумон, гуреза шудани садҳо, ҳазорҳо нафар одамон гардид.

Имрӯз роҳбарону масъулони фирории наҳзатӣ на­шармида мақсади ба даст овардани мақсадҳои ғаразно­кашон ва иҷрои супоришҳои хоҷагонашон фаъолияти иғвогаронаю душманонаашонро идома медиҳанд. Онҳо сафедро сиёҳ мегӯянду худро ҷабрдидаи замон эълон мекунанд. Дар бораи фарзандони баруманди кишварамон, ки дар лаҳзаи душвортарин ҷони худро дар хатар гузошта, ватанро ҳимоя кардаанд, ҳарфҳои носазо мегӯянд. Шояд террористони наҳзатӣ гумон доранд, ки мардуми тоҷик боз ба фиреби онҳо бовар мекунанд. Аммо дигар чунин нест. Тамоми мардум ва ҷомеаи байналхалқӣ ҳам медонанд, ки ТЭТ ҲНИТ ҳоло як гурӯҳаки заифу нотавон ва дастнигари баъзе доираҳои хориҷии манфиат­дор асту аз дасташ коре намеояд.

Дур нест он рӯзе, ки наҳзатиҳои террорист, барои амалҳои ҷинояткоронаи содиркардаашон, аз ҷумла барои Баҳманмоҳи хунин дар назди қонун ва мардум ҷавоб мегӯянд, ба мисли яке аз сабабгорон, саркардагони ҷанги шаҳрвандӣ , “Генерали мардумӣ”, “Цицерони тоҷик” ба гуфтаи шоир Бозор Собир дар майдони Шаҳидон ҳамчун Ғозӣ Қиёмиддин –мазҳаби Имоми Аъзам Абӯҳанифаро ба Эрон фурӯхта –шиапарст шуда 25 сол ба маҳбас кашида мешаванд.

Аз ҳамин сабабҳо, насли калонсол, падару модарон, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, мат­буот, радиову телевизион ва дигар табақаҳои аҳолии мам­лакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷо­ниба кор баранд, сӯҳбатҳои нишонрас ташкил намоянд, гуфтор ва намоишҳои ибратомӯз пахш кунанд, то онҳо ба доми фиребу, ташвиқоти ҳаргуна гурӯҳҳои ифротгаро нааф­танд.

 

О.С.Боймуродов, Мудири кафедраи ҷарроҳии умумии №1, н.и.т., дотсент 

А.ҒРасулов, ассистетнти кафедра


08.07.2020     317
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php