Мо ҷавонон бетараф нестем…

Вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа институтҳои илмиву таҳқиқотии Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Маркази таҳқиқоти стратегӣ, дигар марказҳои илмӣ ва кафедраҳои ҷомеашиносии муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки ба таҳқиқу таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Амалиётҳои террористӣ ва шомил шудан ба гурўҳҳои эктремистӣ боиси қурбониҳои зиёди инсонӣ мегарданд, ба оммаи васеи одамон фишори сахти рўҳӣ меоранд, арзишҳои моддиву маънавиро нобуд месозанд, дар байни давлатҳо тухми нифоқ мепошанд, байни гурўҳҳои иҷтимоиву миллӣ нобоварӣ ва адоватеро ба вуҷуд меоранд, ки баъзан дар муддати ҳаёти як насл онҳоро бартараф кардан аз имкон берун мегардад.
Чӣ тавре, ки таърих гувоҳ аст, худи ҳаракат ва саркардаҳои "босмачиҳо" манфиати сиёсӣ дошт, ҳукуматхоҳ буданд ва аз номусу виҷдону дин фарсахҳо дур буданд. Молу амволи халқро ғорат мекарданд, бар зидди шахсони босаводу озодихоҳ мубориза бурда, онҳоро ба қатл мерасониданд. Саркардагони "босмачиҳо" феодалҳои сарватманд буданд ва намехостанд, ки режими феодалӣ барҳам дода шуда, молу амволи онҳо ба халқи гуруснаю бараҳна тақсим карда шавад, истисмори занҳоро давом диҳанд (аз "гаремҳои" худ маҳрум шаванд). Ин феодалҳо танҳо барои зиндагии шоҳонаи худ мубориза мебурданд ва намехостанд, ки дар кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Тоҷикистон сохтори демократию шўравӣ ҷорӣ карда шавад. Онҳо намехостанд, ки аҳолӣ босавод шавад, ҳуқуқи марду занҳо баробар шавад, дар идоракунии Давлату Ҳукумат халқ иштирок кунад. Имрўзҳо гурўҳҳои алоҳида, аз ҷумла “Гурўҳи 24”, “Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон” ва дигар ҳизбу созмонҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон манъшуда бо ҳар роҳу восита амалҳои Ҳукумати мамлакатро дар сомонаҳои интернет сиёҳ нишон медиҳанд.
Онҳо аз диндории мардум, аз зудбоварию булҳавасӣ, аз паст будани маъри¬фа¬ти ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии дунявии ҷавонон истифода менамоянд. Масалан, онҳо дар паҳнку¬нии сатри арабишуда ва либосҳои динии саропо сиёҳ сомонаҳои иҷтимоии шабакаи Интернет ва маҳвораро истифода карданд. Як қабил занону духтарони сиёҳпўш ва ҷавонони ришдор ба ахлоқу эътиқод ҳеҷ вобас¬та¬гие надоранд ва рафтори онҳо ба ҷуз як навъ тақлидкорӣ ва бадном намудани дини мубини ислом чизи дигаре нест. Саркардагони ин гуруҳҳо хизматгорони зархариди хоҷаҳои хориҷӣ мебошанд, онҳо дар атрофи худ ба мисли худашон хоинони ватану миллатро ҷамъ оварда мехоҳанд зери ниқоби "босмачиҳо" ашхоси бесаводу гумроҳро дар атрофи худ гирд оварда, корҳои ифротии худро зери фармонҳои хоҷаҳои хориҷӣ давом диҳанд
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти муаззафи он мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва принсипҳои он дар масоили мубориза бар зидди терроризм бо мамлакатҳои хориҷӣ ва мақомотҳои дахлдори онҳо, ба ғайр аз ин ташкилотҳои байналмилалие, ки бо терроризм мубориза мебаранд ва ба ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдидагони он мусоидат менамоянд, ҳамкорӣ мекунад.
Имрўз ҳар як ҷавон ва фарди худогоҳ вазифадор аст,ки барои ояндаи дурахшони кишвари азизамон бо душманони он муборизаи беамон бурда ҳеҷ гоҳ бетарафи зоҳир нанамояд!
Шарифов Қ.О. Сардори Шуъбаи кор бо ҷавонон.

08.06.2020     207
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php