Лоиқ набувад бадӣ хирадмандонро......

Имрўз Тоҷикистони азизи мо аз ҷиҳати ободӣ ва баланд рафтани сатҳи зиндагии мардум ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштааст, ки ин боиси озурдахотирии ашхоси ғаразҳои сиёсидошта гаштааст. Таърих худ гувоҳ аст, ки дар гузаштаи начандон дур ба чӣ аҳвол гирифтор будем ва имрўз чӣ гуна зиндагӣ дорем ва сабаби расидан ба ин рўзҳои хушбахтии миллати тоҷик дар чист. Шахсе ки имрўз донишманд ё хирадманд бошад оё виҷдонаш ўро мегузорад, ки бар миллат ё давлати худ туҳматҳои ноҷоро раво дида, боиси озурдахотирии мардуми хеш гардад. Мардуми тоҷик тули даҳсолаҳои истиқлолият бо ин гуна ашхос борҳо рў ба рӯ шудааст ва хуб медонад, ки ин ашхос нодонон ё гумроҳшудагонанд:
Чун ҷомаи чармин бувад суҳбати нодон,

Зеро ки гарон бошаду тан гарм надорад!
Имрӯз дар Тоҷикистон тамоми масҷидҳо фаъолият доранд, ки дар он ҷо мусулмонон ба тоату ибодат машғуланд ва аз тарафи давлат амнияти эшон таъмин мегардад. Мо имрӯз тариқи расонаҳои хабарӣ мебинем, ки дар давлатҳои мутараққӣ чӣ гуна мусулмонон аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ дар масҷидҳо ба ҳалокат мерасанд. Дар давлати тоҷикон ислом ба ҳизб ниёз надорад, баръакс аз ҷониби ин ҳизбу ҳаракатҳо осеб мебинад.
Роҳбарони ҳизби наҳзати исломро зарур аст, ки аз ҷаҳолат ва нодонӣ бурун рафта, ба бадгӯиҳои давлати тоҷикон хотима бахшанд ва дар ободии кишвар саҳмгузор бошанд.
Сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон, ки бо қиммати гароне ба даст омадааст, ҳеҷ гоҳ мардуми тоҷик дигарбора намегузорад, ки нохалафе раванди ин сулҳу ваҳдатро халалдор намояд.
Тоҷикистон давлати дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва демократӣ буда, мардумаш бо Пешвои арзандаи хеш ифтихор дорад ва ҳамеша дар талоши ободӣ, пешрафт ва тараққиёт аст ва дар лаҳзаҳои лозимӣ барои дифоаш ҳамеша омода аст.
Иброҳимов Х.Қ. Омўзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ.

08.06.2020     202
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php