Ҳизбе, ки бар ислом иснод оварда…..

Ҳақиқатан, дар солҳои шурўи ҷанги шаҳрвандӣ ҲНИТ ва аъзоёнаш дар шаҳри Душанбе, назди бинои КМ мардуми зиёдеро ҷамъ оварда буданд, то алайҳи Ҳизби Коммунист қиём кунанд. Дар сархати ин ошўбу қиёмҳо чанд нафар зархаридони хориҷӣ, аз ҷумла Эшони Қиёмиддини Ғозӣ меистоданд, ки бо даъватҳои моҷароомез кинаву адовати миллиро миёни мардум меангехтанд.
Аз навори филм мушаххасан возеҳ аст, ки Эшони Ғозӣ чи гунна бо ваҳшоният шиорҳо мепартояд. Мардумро ба куштор даъват мекунад.
Бо итминон мегуем, ки баъди намоиши порчаи наворе, ки Ғозӣ баромад дошт, кулли мардуми тоҷик ба нафрат омадаанд, ки лаънат ба ту мардумозор, ки бо гуноҳи туву ҳаммаслаконат хуни ҳазорҳо мардуми бегуноҳ рехта шуда…
Касе авбош буд ва ё ҳаст, ҷазояшро худованд медиҳад. Мушаххаст аст, ки навори пешниҳодшуда дар пояи ҳақиқат омода шудааст. Худи Ғозӣ иқроран иброз дорад, ки дар нооромии кишвар даст дошт. Ҳанўз модарони тоҷик ба ёди ҷигарбандонашон, ки қурбонии он ҷанги ваҳшатнок шуда буданд, ашк мерезанд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

16.06.2020     246
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php