Ифшои ҷузъе аз бадахлоқии Кабирӣ

Чанде пештар дар фейсбук сабти овозии Кабириро бо зане гӯш карда, ба хулосае омадам, ки бояд дар ин бора чизе навишт. Чаро ки гуфтугӯи ӯ чанд мавзӯро дар қибол дорад. Аввал ин, ки фош гардидану бо ҷомеа пешниҳод гардидани ин сабт аз он ҷиҳат муҳим ва аҳмиятнок аст, ки бояд мардуми шарифи Тоҷикистон аз аъмол, тарзи тафаккур, муносибат, рафтору кирдори чунин бадкешон бархӯрдор бошанд ва бар ин ҳақи табиӣ низ доранд. Мардум ҳақ дорад, ки душман, бадкеш, қотилу ҷаллод ва умуман тамоми бадхоҳонашро бишносаду бидонад ва аз ҳадафу ормонҳояш пурра огоҳ бошад. Инак, хушбахтона парда аз кирдори шахсии роҳбари имрӯзаи наҳзатиён (ТЭТ ҲН) як-як бардошта мешавад ва симои асли онҳо аз пушти парда ҷило медиҳад. Дар сабти овозӣ бадзабониву бадрафторӣ нисбат ба як ҷинси латиф аз ҷониби Кабирӣ ҳақиқати бадахлоқ будани ӯро собит месозад. Ӯ дар ин гуфтугӯ аз алфози қабеҳ истифода мебарад, ки шояд пасттарин инсон ҳам аз чунин алфоз нисбат ба ҷинси латиф, яъне заъиф ва ҳатто барои инсоне истифода накардааст. Боз ин гурӯҳ худро ҳамчун “зиёӣ”, “мутафаккир”, “мубориз” ва ғайра ба хориҷиён муаррифӣ карда, аз онҳо кӯмак ба даст меоранд. Дар шаъну шарифи тоҷикият чунин бадахлоқӣ нисбат ба зан ҳеҷ гоҳ вуҷуд надошт. Инҳо боз дар ҷойҳое лофи миллӣ мезананд, дар ҳоле, ки ҳеҷ аъмолашон ба миллӣ буданашон далолат намекунад. Тоҷик он аст, ки дили касеро наозорад, некӯкору озода бошад, дасти афтодаро бигирад, рафтори дурусту гуфтори малеҳ дошта бошад. Вақте онҳо ба таври худ аз “пуштибон”-и дини ислом будан ҳарф мезананд ва мардуми ноогоҳ ба хотири Ислом ба ҳарфҳои сиёсии онҳо гӯш медиҳанд, чунин рафтори онҳо то чӣ андоза дар доираи исломи воқеӣ ҷой гирифта метавонад. Инҳо исломро ба таври ҷоҳилият қабул кардаанд. Исломи онҳо исломи Толибону, Ал-қоида ва ДИИШ аст. Инҳо ҳеҷ алфозе аз Исломи поку воқеӣ, ки дар он иззиати инсон дар дараҷоти аввал аст, надоранд.
Дар ин ин гуфтугӯ, ки ба ҷомеа низ пешниҳод гардид ҳақиқати шахсии ин гурӯҳ ва ин афрод ошкор мегардад. Ин як қатрае аз бадкирдории шахсии онҳост. Чи гунае, ки худ огоҳ ҳастед онҳо боз дар сиёсат бадкирдориҳои сиёсии гурӯҳие доранд, ки аз он миллат ва давлати Тоҷикистон ранҷҳои зиёд кашидааст. Онҳо боз мехоҳанд бар роҳи сиёҳи ғайриинсонии худ давом бидиҳанд, ки он имрӯз ғайриимкон аст. Дигар мардум аз ҳақиқати онҳо огоҳ мебошад.
Шуъбаи иттилоот робита бо ҷомеа


21.10.2020     372
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php