Гуфторе аз ҳақиқати Одинаев Маҳмурод

Вақте ин шахсро нахустин бор дида будам то ба ҳол фаромӯш накардаам, чаро ки рафтор ва тарзи гуфтору амалаш инсони солим будани ӯро зери шубҳа мебурд. Ӯ як шахси эҳсосотӣ ва бидуни андешаву дониш ба назар мерасид. Ҳар кас, ки ӯро бинад зуд пай мебарад, ки ӯ аз дониши амиқ бархӯрдор набуда, дунболи чизе аст, ки барои худаш ҳам номаълум. Суханҳои подарҳаво ва аз мантиқ берунро баён мекарду худро бо мухолиф нишон додан алломаи замон тасаввур менамуд. Ҳамаи ин гуфтаҳо дар симои зоҳириаш низ таҷассум ёфтааст.
Ва инак ҳақиқати ин шахси шубҳабарангезу парешонхотир ва зишткору зиштгуфтор ошкор гардид. Ҳоло ӯ дунболи корҳои сиёҳи сиёсӣ равона асту ҳар ҷо байни мардум фитна меангезад. Бо роҳҳое мехоҳад мардумро ба суханҳои ноҷову дур аз ҳақиқати худ ҷалб намояд. Гуфтори ӯ ба воқеият рост набуда, барои миллати тоҷик маълум аст, ки чунин афрод аз оғоз фаъолияти хоинонае бар муқобили ҳама гуна арзишҳои инсонӣ, аз ҷумла, ватану миллату ҳатто мазҳаби аҷдодии худ доштанд. Имрӯз чунин афрод тарзи амалкарди сиёсии дигарро рӯи даст гирифтаанд.
Фаромӯш намекунем, ки аз сабаби нобасомониҳои сиёсӣ ва найрангҳои шайтонии наҳзатиён дар солҳои 90-ум иддае аз мардум ба лофи “таҳозурот”-и наҳзатиён дода шуданд, ки ин содагӣ ва ин макри наҳзат ба фоҷеаи миллӣ оварда расонд. Ҷанг сар шуд, мардум гуреза шуданд, тифлакон ғарқ гардидан... чи қадар бадбахтиву хонасӯзиҳоеро бар сари мардуми бегуноҳ оварданд. Баъди гузашти солҳо, ки зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат мардуми тоҷик ба зиндагонии хушу гуворо расидааст, наҳзатиён боз дасисаҳои куҳнаи худро аз сар мегиранд, “тазоҳурот” мекунанд. Коре, ки дигар бо он ба чашми миллат хок задан номумкин аст!
Одинаев Маҳмурод бошад имрӯз бо роҳи ин наҳзатиёни хиёнаткор равона шудан мехоҳад. Бояд гуфт, ки роҳи интихобкардаи ӯ роҳи нодурусту норӯшан аст.
Кафедраи фанҳои ҷомеашиноси

21.10.2020     305
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php