Диди бадкешон

Дунё аз одмаҳои баду бадкеш холӣ наст. Чунин ашхос ҳамеша ба ҳар чизи дунё бо нигоҳи баду хира нигариста, ба ҳар манзур нотавонбинии хешро аён мекунанд. Муҳаммадиқболи Садриддин бешармона дар давлатҳои хориҷ минбари бепоя ташкил мекунаду бо чанд нафари гумроҳ ба қавле ҷамъомад барпо карда, андеша меронад. Ӯ ва аъзои ҲЭТ ҲН ҳамеша дунболи корҳои ношоистаи инсонӣ мебошанд. Тири хиёнаткор ҳамеша хок мехӯрад. Мо дидем, ки тамоми ҳангомаву маҷлисҳои бебунёди чунин ашхос бо ҳамроҳии Кабирӣ ва ҳамроҳонаш дар чанд давлатҳои хориҷа бо шармандагӣ анҷом ёфтанду хушбахтона, ҳеҷ таъсире ба ҷомеа нагузоштанд, балки нафрати мардумро нисбати онҳо зиёд карданд. Кадоме аз роҳбарони ҳизби мамнӯъ, ки даъвои ҳукумату даъвои вазирӣ мекунанд, ба нафаре нон дода бошад, ниҳоле шинонда бошад, дасти ятиме гирифта бошад, як қадам роҳе барои мардум бунёд карда бошад, ба ҷуз хиёнаткориву ватанфурӯшӣ, ба ҷузъ чанд ҷавони бехабар аз найрангу ниятҳои сиёҳро аз пайи худ бурдан, чун худашон ҷинояткор кардан. Имрӯз хурду калон, нафаре, ки дилу чашми инсонӣ дорад, нафаре, ки шукронаи осоишу оромиш ва равшании хонадон мекунад, нафаре, ки бо чашми ҳақиқат ба кӯҳи бунёдкорӣ менигарад, дар ҳар қадам созандагиро, ободониро мебинад, садҳо нафрат дорад ба чеҳраҳои сиёҳу суханони бепояву дурӯғини роҳбарону саркардагони ин ташкилоти мамнӯъ.
Имрӯз агар нафаре аз баракати сулҳи бардавому аз нерӯи ваҳдати миллӣ қуввату дармон ёфтаву қомати рӯзгорашро рост карда бошад, ба сулҳовари тоҷикону ба созандаи ваҳдати миллӣ сари таъзим фуруд меорад. Ба поягузор ва роҳбаладу роҳнамои сулҳи миллат Президенти мардумии Тоҷикистон. Ва як нафаре не, тамоми мардуми Тоҷикистон.
Ин навбат ҳам тири аъзо ва тарафдорони ташкилоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ-террористӣ эълоншудаи Наҳзати исломӣ, ки дар назди бинои Сафорати Тоҷикистон дар Олмон пикет ташкил намуданд, хок хӯрд.
Шуъбаи тарбия



21.10.2020     339
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php