ЧАШМИ ДУШМАН КУР БОД!

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду  ягона ва дунявӣ  буда, дар арсаи байналмиллалӣ нақши бузург дорад. Дар ҷаҳони муосир Тоҷкистонро зиёда аз 200 давлати ҷаҳон ба расмият мешиносад ва миллати тоҷик ҳамчун миллати тамаддунофар ва бофарҳанг аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Таҷлили ҷашҳои таърихӣ аз қабили 2700 солагии Кӯлоби бостонӣ, 3000 солагии Ҳисори шодмон, 5500 солагии Саразми куҳан, ҷашнҳои миллии Меҳргону Тиргон, Сада ва Наврузи Аҷам, пазируфтани ташаббусҳои созандаю ободкоронаи Тоҷикистони ҷавон дар самти истифодаи оқилонаи об аз ҷониби созмонҳои байналмиллалӣ гувоҳи гуфтаҳои боло шуда метавонад.

Марҳила ба марҳила амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат аз рушди босуботи Тоҷикистони маҳбуб дарак дода, бунёди роҳҳои ба стандарти байналмилалӣ мувофиқ, бунёди як қатор неругоҳҳои барқию обӣ, аз ҷумла сохтмони бомароми иншооти аср  НБО «Роғун» ва бо ҳамин ҳадаф таъмини амнияти озуқавории сокинони мамлакат дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб мераванд.

Сиёсати дарҳои кушод ва муносибати дӯстона бо давлатҳои дуру наздик аз сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат дода, решаи чунин тарзи давлатдории тоҷикон ба умқи таърих рафта мерасад. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз Тоҷикистон аъзои созмонҳои байналмилалӣ: Созмони миллали Мутаҳид, Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Конфронси Исломӣ, созмонҳои минтақавӣ:  Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони ҳамкории «Шанхай», Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва дигар созмонҳои молию  пулӣ буда, ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Пӯшида нест, ки чунин пешравии ҳамаҷонибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол барои аксарияти кишварҳои ба ном дӯст қобили қабул набуда, бо ҳар гуна роҳхои  ғаразнок  меҳоҳанд ҳадафҳои тарҳрезишудаи худро пиёда намоянд. Мутаасифона аксарияти гурӯҳҳои манфиатхоҳ дар зери тарбияи хоҷагони хориҷии худ ғӯта зада манфиатҳои шахсиро аз манфиатҳои миллӣ болотар дониста, ба зодгоҳи хеш санги маломат мезананд.

Таърихи муосири тоҷикон гувоҳ аст, ки солҳои 90- уми асри гузашта миллати куҳанбунёди тоҷик сангинтарин рӯзҳоро пушти сар намуданд. Тоҷикистони ҷавон дар он солҳои вазнин қариб аз харитаи сиёсии ҷаҳон зудуда мешуд. Дар саргаҳи чунин хунрезиҳо ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ меистод. Ин ҳизби ҳоло мамнӯъ дар кишвар худро дар либоси ҳомии дини Ислом пинҳон намуда, ҳадафҳои тахрибкоронаи худро аз номи поки дини Ислом амалӣ менамуд. Саволе ба миён меояд, ки дар кадом дину мазҳаб куштору инфиҷор роиҷ дониста шудааст?  Мутаасифона дар он солҳои мудҳиш аксарияти ҷавонон дар доми фиреби аъзоёни ин ташкилоти ифротгаро монда, ҳазорон нафар ҷони ҷавони худро аз даст доданд. Баъди бозгашт ба сулҳу ваҳдати миллӣ  ҷавонони кишвар аз хатогиҳои гузашта сабақ гирифтанд ва рӯ ба бунёдкорию созандагӣ оварданд.   Ватан – модар онҳоро бахшида аз нав ба канори хеш гирифт. Ин иқдоми наҷиби ҷавонон чун ханҷар ба ҷигари хоинони миллат бахусус наҳзатиёни хоин халонида буд. Касе, ки иштибоҳ кард бахшида мешавад, вале касе, ки хиёнат кард бахшида намешавад. Имрӯз тамоми ҷавонони кишвар-қишри асосии ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол  дигар нахоҳанд гузошт, ки нохалафе  фазои осудаи ватани эшонро ғуборолуд кунад.

Барои ҷавонони замони соҳибистиқлолӣ филми мустанади «Хиёнат» фаъолияти ноҷавонмардонаи аъзоёни ин ҳизби собиқи ифротиро ошкор намуда буд. Чунин изҳороти дар боло овардашудаи омӯзгорону донишҷӯёни МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» баъди тамошои ин филм баён гарид, ки манзур аз маҳкум намудани фаъолияти хоинонаи аъзоёни ташкилоти террористиву экстремистии  ҳизби собиқи наҳзати исломӣ мебошад.

Тоҷикон қадимтарин маскунони Осиёи Миёна  буда, дар тӯли таърих на теғи шамшери Искандари Мақдунӣ, на тозиёнаи Ибни Қутайба, на тохтутозҳои Чингизхон ва на каламанораҳои Темури Ланг- азму иродаи истиқлолиятҳоҳии онҳоро шикаста дода натавонист. Кабирии хоин бо ҳаммаслакони ватанфурӯшу дар ба дари хеш ҳеҷ гоҳ наметавонад Ватани аҷдодии миллати тоҷикро дуюмбора ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашад. Ворисони Синои бузург мисли дигар ҳамсолону ҳамватанони хеш бо як сари баланд ва овози марғуладори ориёӣ ба ҷониби террористони хоини наҳзатӣ хитоб мезананд:

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Шуъбаи тарбия


03.03.2021     176
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php