Бас аст охир ҳаёро пеша созед!

Сакардагони“Гурӯҳи 24”, бо ҳар роҳу восита амалҳои Ҳукумати мамлакатро дар сомонаҳои интернети сиёҳ нишон медиҳанд, аз зудбоварию булҳавасӣ, аз паст будани маъри¬фа¬ти ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии дунявии ҷавонон истифода менамоянд. Саркардагони ин гуруҳҳо хизматгорони зархариди хоҷаҳои хориҷӣ мебошанд, онҳо дар атрофи худ ба мисли худашон ашхоси бесаводу гумроҳро гирд оварда, корҳои ифротии худро зери фармонҳои эшон анҷом медиҳанд. Аммо, онҳо ҳеҷ вақт ба мақсаҳои хоинонаи худ расида наметавонанд.
Имрӯз Тоҷикистони азизи мо аз ҷиҳати ободӣ ва баланд рафтани сатҳи зиндагии мардум ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштааст, ки ин боиси озурдахотирии ашхоси ғаразҳои сиёсидошта гаштааст. Таърих худ гувоҳ аст, ки дар гузаштаи начандон дур ба чӣ аҳвол гирифтор будем ва имрӯз чӣ гуна зиндагӣ дорем ва сабаби расидан ба ин рӯзҳои хушбахтии миллати тоҷик дар чист. Шахсе ки имрӯз донишманд ё хирадманд бошад оё виҷдонаш ӯро мегузорад, ки бар миллат ё давлати худ туҳматҳои ноҷоро раво дида, боиси озурдахотирии мардуми хеш гардад. Мардуми тоҷик тули даҳсолаҳои истиқлолият бо ин гуна ашхос борҳо рӯ ба рӯ шудааст ва хуб медонад, ки ин ашхос нодонон ё гумроҳшудагонанд.
Роҳбарони ҳизби наҳзати исломро зарур аст, ки аз ҷаҳолат ва нодонӣ бурун рафта, ба бадгӯиҳои давлати тоҷикон хотима бахшанд ва дар ободии кишвар саҳмгузор бошанд. Сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон, ки бо қиммати гароне ба даст омадааст, барои ин мардум боарзиш аст ва ҳеҷ гоҳ мардуми тоҷик дигарбора намегузорад, ки нохалафе раванди ин сулҳу ваҳдатро халалдор намояд.
Тоҷикистон давлати дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва демократӣ буда, мардумаш бо Пешвои арзандаи хеш ифтихор дорад ва ҳамеша дар талоши ободӣ, пешрафт ва тараққиёт аст ва дар лаҳзаҳои лозимӣ барои дифоаш ҳамеша омода аст.
С.А.Таибов- сардори шуъбаи иттилоот ва нашрия
З. Турсунова- мутахассиси шуъбаи иттилоот ва нашрия

24.09.2019     353
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php