Бадкирдорон

Дар ҳар давру замон тоифае вуҷуд дорад, ки салоҳи ҷомеаро намехоҳад ва баҳри расидан ба манфиатҳои худ аз ҳар васила истифода мекунад. Агар мо ба таърихи ислом рӯ оварем, мебинем, ки таърих гувоҳи садҳо тафриқа, иғво, гурӯҳбозӣ, паймоншиканӣ, рехтани хуни ноҳақ ва вайрониву нобудии кишварҳо ва ҳатто тамаддунҳо мебошад.
Суханҳои таҳқиромез, ташкили гурӯҳи бадхоҳон, хорафканиву азиятрасонӣ, азобу шиканҷа нисбат ба мусулмонони камбағал ва бенуфуз, рехтани хуни мусулмонони аввалин – камтарин паёмадҳоест, ки дар натиҷаи тафриқаандозӣ ба вуқуъ пайвастанд.
Агар диққат кунед, дар фаъолияти ТЭТ ҲН бо роҳбарии Кабирӣ бадкирдорӣ ва иғвоангезиву душманӣ ҳамеша ва дар ҳама ҳолат вуҷуд дорад. Наҳзатиён дар асри 20 ва ибтидои асри 21 аз шиорҳои дурӯғин истифода бурда, мардумро ба гурӯҳҳо тақсим карданд, мисли Ҳадиқату-л-вард, Тоҷикистони гулгулшукуфонро ба вайрона табдил доданд, мисли Абдуллоҳ ибни Убай тоҷиконро аз ватани худ ба Афғонистон бурданд, истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро пеши по зада, соли 2015 кӯшиши табаддулоти давлатӣ намуданд, имрӯз бошад, аз хориҷа истода, гурӯҳ ташкил менамоянд ва мехоҳанд ба ин васила номи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ паст зананд. Аммо ба бадхоҳону душманони миллат ин кор ҳаргиз муяссар намешавад, зеро Худованд ҳар макру ҳилларо ба сӯи худашон бармегардонад.
Дар замони муосир гурӯҳҳои ифротӣ ва муғриз баҳри расидан ба мақсадҳои нопоки худ аз номи дини мубини ислом истифода мебаранд ва мардумро ба вартаи ҳалокат меафкананд. Зуҳуру фаъолияти ташкилотҳои террористии «Давлати исломӣ», «Ҷабҳату-н-нусра», «Аш -шабоб», «Боко ҳаром», задухӯрдҳои мусаллаҳона дар кишварҳои мусулмоннишин, тарконидани масҷидҳо, қатли ваҳшиёнаи занону кӯдакон ва садҳо мисоли дигар аз ноогоҳӣ ва зудбоварии мардум - натиҷаи тафриқаандозӣ, иғвогарӣ, дунёталабии гурӯҳу равия ва ҳизбу ҳарактҳои гуногуни ба ном исломӣ, хусусан ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИ, ки душмани мову шумо аст, гувоҳ буда метавонад.
Таваҷҷуҳ кунед, ки ҳамаи ин ваҳшоният аз номи дини мубини ислом содир мегардад ва ба ақидаи баъзе мардуми гумроҳ ва фиребхӯрда онҳо дар роҳи ростанд.
Масалан, ташкилотҳои террористии «Давлати исломӣ», «Ҳизби таҳрир» ва ғайра аз байрақи сиёҳ истифода мебаранд ва ба ҳамагон ҳадиси машҳури Паёмбар (с)-ро талқин мекунанд, ки мазмунаш чунин аст : «Дар охири замон Имом Маҳдӣ нузул менамояд ва лашкари ислом зери ливои (байрақ, парчам) сиёҳ хуруҷ мекунад, онҳо дар роҳи ростанд ва зафар меёбанд».
Аввалан, санади ҳадис ихтилофоти зиёд дорад, сониян чунин аҳодис дар боби нишонаҳои қиёмат гуфта шудаанд ва ба шароити имрӯза ягон робита надоранд, зеро ҷуз Худо ҳеҷ кас намедонад, ки қиёмат кай қоим мегардад. Аммо доиёни чунин ҳизбу ҳаракатҳо аз таълимоти исломӣ моҳирона суиистифода бурда, мардумро гумроҳ мекунанд. Имрӯз ифротгароёни динӣ фатвоҳое содир мекунанд, ки хилофи шариат мебошанд, аммо чунин фатвоҳо рехтани хуни мусулмонон, ғулом намудани мардуми озод, беникоҳ алоқаи ҷинсӣ намудан бо занони покдоманро ҳалол эълон намуда, ба ин васила ба сафи худ авбошони манфиатҷӯеро ҷалб месозанд.
Бар хилофи кишварҳои арабӣ вазъи давлатҳои Осиёи Марказӣ хеле хуб буда, мардум осоишта умр ба сар мебаранд. Ин омил аз сиёсати пешгирифтаи давлатҳои номбурда дарак медиҳад. Сарони давлатҳо, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъйу кӯшиши худро ба он равона намудаанд, ки мардум дар фазои сулҳу субот, тинҷиву оромӣ зиндагӣ намуда, баҳри пешрафт ва ободонии кишвар талош доранд.
Бинобар ин, ҳамаи моро зарур аст, ки ҳушёриро аз даст надода, ба ваъдаву даъватҳои ҳар ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломӣ фирефта нашавем.
Шумо аз мисолҳои дар боло овардашуда огоҳ гаштед, ки қисмат намудани ҷомеа ба ҳизбу ҳаракатҳои гунонун чӣ натиҷа медиҳад. Онҳое, ки имрӯз аз номи ислом сухан мегӯянд ва худро ҳомии ислом вонамуд мекунанд, тамоман мақсадҳои дигар доранд. Мехоҳанд обро лой карда, моҳӣ гиранд, мардумро бо “исломи пок” фирефта, ба ҳадафҳои дунявии худ расанд.
Моро зарур аст, ки аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ботил, бахусус аз даъватҳои пардапӯшонаи тафриқаангез рӯй гардонем ва ояндаи ватани худро дар фазои сулҳу субот ва осоиштагӣ интихоб кунем. Мардуми Сурияву Ироқ, Афғонистону Покистон ба ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломӣ бовар карда буданд, натиҷаи онро мо бо чашми сар мебинем.
Бо равияву ҳизббозӣ, тафриқаву ихтилоф ба натиҷае намерасем. Агар мо хоҳем, ки тақдири талхи мазлумони ҷабрдидаи Ироқу Яман ба сари мо наояд, бояд як роҳро интихоб кунем. Мо як Президент дорем, ки бо ҷоннисорӣ, саъйю кӯшиш ва талошҳои худ ба мардуми шарифи тоҷик сулҳ овард. Пас сиёсати Президент ин роҳи минбаъдаи мост.
Биёед сиёсисозии дини мубини ислом, ба ҳизбу ҳарактҳо қисмат кардани онро як сӯ монда, баҳри ободонии Ватани азиз камари ҳиммат бандем, фарзандонро таълиму тарбияи хуб диҳем, ҷавононро насиҳат кунем, бо меҳнати ҳалол зиндагӣ намоем. Дар ин ҳолат ҳам дунёву ҳам охирати мо обод мегардад. Чунонки гуфтаанд : «Дил ба Ёру даст ба кор!».
Шуъбаи тарбия


21.10.2020     390
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php