БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД....

Пас аз истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди Тоҷикистон, ки давлати сохибистиклол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва ягона мебошад, 8 хизби сиёси ба кайд гирифта шуда, амал мекарданд. Яке аз ин ҳизбхо ин бо назардошти ҳадафҳои ғаразнок доштанаш фаъолияташ расман манъ карда шуд, Ҳизби нахзати исломи Тоҷикистон (ҲНИТ) мебошад. Шояд аз рӯзҳои аввали фаъолияташ мардум ва ниҳодҳои давлатӣ аз ҳадафҳои ғаразноки он комилан бархурдор набуданд, ки ин хизбро хамчун хизби сиёси расман ба кайд гирифтанд. Ва аз рӯзҳо аввали фаъолияташ бинобар нияти нопоки саркардагони он сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ гардида, ҳазорҳо тифлони бегунаҳ сағиру оилаҳо бепарастор гардиданд.
Хушбахтона бо кӯшишу заҳматҳои беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон ақли солим ғолиб омад ва сулҳу субот барқарор гардида, ҳаёт ба маҷрои пешин баргашт, ки ин таҷрибаи сулҳофарии сарвари тоҷикони дунёро ҷаҳониён эътироф намуданд.
Мутаассифона дар шароити имрӯза дар Ватани азизи мо- Тоҷикистон ба ғайр аз ҳизбхои сиёсӣ, инчунин гуруҳу ҳаракатхои ифротгарое низ хастанд, ки фаъолияташон тавассути ин ҳизб ба рох монда шуда, худ паси парда назорат мекунанд. Бархе аз ҷавонони бемаърифат ва кӯрдил бошанд, дар навбати худ фирефтаи ваъдахои пучу бемаънӣ ва маблағи муфти ин ҳизб гардида, дар бораи оила, манфиатҳои миллӣ, арзишхои инсонӣ, ва муҳимтар аз ҳама тинҷиву осоиштагӣ ва ҳаёти ширини мардуми азияткашидаи диёр фаромӯш месозанд.
Хушбахтона, вактхои охир бинобар ба худ омадани бархе аз аъзоёни қаблии он ва ба шарофати расонаҳои алтернативие чун интернет, баъзе паҳлуҳои фаъолияти сиёҳи ҲНИТ ва роҳбари он ошкор мегардад. Барои ҲНИТбарин ҳизбу ҷунбишҳои бадкешу бадандеш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд, зеро тарҳи гурези онҳо кайҳо кашида шудааст. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд.
Лекин мардуми фарҳангофар ва хирадпешаи тоҷик дигар ба фиребу дасисаҳои ин хоинони дину мазҳаб ва халқу миллат намешаванд ва тинҷиву осудагӣ ва сериву пуриро, ки бо изни
Худованд ва кӯшишу ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаи миллат ба даст омадаанд, ба ваъдаи пучу бемаънии онҳо иваз намекунанд.
Одинаев .И.С. Директори МТК “Стоматология”


03.06.2020     242
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php