Аз хурофот дурӣ бояд ҷуст

Терроризм зуҳуроти мушкили гуногунҷабҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ буда, дорои таърихи чанд асра ва хусусиятҳои равиявию даҳшатона мебошад, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб менамояд.
Имрӯз оромиву суботи ҷомеаи ҷаҳониро ташкилу ташаккули гурӯҳҳои экстремистию террористӣ таҳдид менамояд. Барои муќобилият бо экстремизм (ифротгароӣ) ва пешгирии он ҷанбаи ҷиноятии ин зуҳуротро донистан ва фаҳмидан зарур аст.
Мафҳуми экстремизм (ифротгароӣ) дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» аз 8 декабри соли 2003 муайян карда шудааст, ки тибқи он экстремизм - ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва аз худ намудани салоҳиятҳои он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ-мазҳабӣ мебошад. мЭкстремизм (ифротгароӣ) ба шуури ҷамъиятӣ, иродаву психологияи ҷамъиятӣ, ахлоқ ва идеологияи омма паҳн гардида, ба муносибати байни гурӯҳҳои ҷамъиятӣ (экстремизми иҷтимоӣ) миллат (экстремизми миллатгароӣ ё халқҳо) иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ-давлатӣ (экстрмизми сиёсӣ) ва мазҳабҳои динӣ (экстремизми диннӣ) таъсир мерасонад.
Экстремизм гуногуншакл буда, мақсади он низ ба тарзи гуногун дар ҷомеа паҳн мегардад. Мақсади онҳо - моддӣ, идеологӣ, хоҳиши дигаргунсозӣ, қонеъ нагардидан аз вазъияти воқеӣ, ҳокимиятдорӣ бар одамон, тағйир додани сохти конститутсионии давлат, ноором сохтани вазъият, халалдор сохтани ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирифтани салоҳиятҳои ҳокимият, душманӣ, бадбинӣ ва ғараз аст.
Таҷрибаи сиёсии экстремистӣ, инъикоси худро дар шаклҳои гуногуни фаъолияти экстремистӣ пайдо намуда, ки ин дар шакли исён, ба фаъолияти шурангезона ва терроризм зоҳир мешавад.
Экстремизм (ифротгароӣ) ҷинояти махсусан вазнин буда, дар ҷамъият хавфнокии он зоҳир мегардад, ба оромии кишвар, сулҳу субот, ҳаёт ва саломатии инсоният, амнияту сохти конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҳокимияти давлатӣ ва пеш аз ҳама ба системаи сиёсии давлат, ягонагӣ ва бехатарии мамлакат зарар мерасонад.
Қобили зикр аст, ки кӯдакон, наврасон ва ҷавонон табақаи муҳими ҷомеа буда, андешидани тадбирҳои судманд баҳри некӯаҳволии онҳо ҳамеша зери диққати Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Ҷавонон ояндаи генофонди миллати тоҷик буда, ҳамеша аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ карда мешаванд. Яке аз самтҳои сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ва Ҳукумат дастгирии насли наврас ва ҷавонон буда, баҳри донишомӯзӣ ва касбомӯзии онҳо қувваи худро дареғ намедорад, то он ки ҷавонони мо соҳибилму соҳибистеъдод гардида баҳри ободии халқу ватани худ хизматҳои беназирро анҷом диҳанд.
Аммо ба ҳама саъю кӯшишҳои давлату ҳукумат нигоҳ накарда, дар ҷомеаи имрӯза падидаҳои манфие низ, ба монанди гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегона, даст задан ба ҷиноятҳои дорои характери террористиву экстремисти дошта, нашъамандӣ ва дигар намуди ҷиноятҳо ба чашм мерасад, ки ин аз шуури паст ва тарбияи нодуруст гирифтани онҳо дар оила шаҳодат медиҳад.
Чи тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, зиракии сиёсии ҷавонон ва кулли мардуми Тоҷикистон омили амнияти миллӣ, дифои ваҳдати миллӣ, худшиносии миллӣ, дарки ҳисси ватандӯстӣ, ватанпарварӣ, хештаншиносӣ ва волоияти қонунҳо мебошад.
Аз ин рӯ, аз ҷавонон хоҳиш карда мешавад, ки ҳидоятҳои Сарвари давлатро пайравӣ намуда, аз падидаҳои манфие, ки ҷомеаи имрӯзаро зери хатар мондааст, худро эмин нигоҳ доранд.
Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд.
Аксари мусулмонони олам чунини мешуморанд, ки нисбат ба онҳо мамолики Ғарб сиёсати–духӯра, дурӯя, меъёру стандартҳои мунофиқонаро ба кор мебаранд. Мутаассифона аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст. Ин андешаи мутлақо ғалат аст. Зеро «Қуръон», ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният бунёд ёфта, зарурияти сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид ва фармудааст. Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на барқасдиву бетаҳаммулӣ.
Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.
Нахустин баҳсу мунозираҳо миёни мутафаккирон, диншиносон ва баъзе уламои хуруфотпараст ва тундрави дин ҳанӯз дар дунёи қадим ба миён омада, мактабу равияҳои гуногуни диншиносӣ, андешаву афкор ва осори диншиносони Ғарбу Шарқ равшангари ин гуфтаҳост. Сиёсати динии давлати абадқудрати шӯравӣ, ки замоне ҷумҳурии мо низ як ҷузъи таркибии он буд, бар пояи атеизм ва ҷаҳонбинии атеистӣ асос ёфта буд. Таъбири (тезиси) машҳури К.Маркс «Дин барои мардум афюн аст» шиор ва моҳияту мақсади муносибат ба дин қарор дода шуда буд.Бо мақсади татбиқи ин сиёсат муборизаи густурдаву оштинопазир алайҳи дин ва ҳар гуна эътиқоди диниро тақозо мекард, ҷиҳати аз байн бурдани ба истилоҳ «боқимондаҳои динӣ, кӯҳнапарастӣ, хурофот» аз шуури мардум зудудани ҳар гуна андешаи динӣ, аз ҷомеа решакан кардани дин тадбирҳои гуногун андешида, амалӣ карда мешуд. Аммо мубориза алайҳи дин ва эътиқоди динӣ, динситезӣ дар аксари мавридҳо натиҷаи баръакс медод ва вокунишро бармеангехт. Мардум аз рӯи фитрати азалии хеш то ҷое метавонист, муқовимат мекард, пинҳонӣ амал мекард ва ҳатто, дар баъзе мавридҳо ба амалҳои ифротӣ, тундравӣ даст мезад.
Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеч вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, кӯҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додааст.
Донишманди маъруф Герберт Спенсер (Ҳерберт Испенсер) дар рисолаи хеш, ки ба мавзӯи тарбия бахшидааст, чунин мегӯяд: «Дониш бо хурофот сари адоват ва ситез дорад, вале бо дин душманӣ ва ситез надорад. Дар бисёре аз улуми табиии роиҷ дар асри мо руҳи динситезӣ вуҷуд дорад. Аммо дониши саҳеҳ ва дуруст ва дар сатҳи маълумоти фаротар рафта ва дар ҷарфноӣ ва умуқи ҳақоиқ (ҳақиқат) нишастааст, аз ин моҳияти динситезӣ барканор аст».
Яке аз омилҳои тезу тунд шудани муносибати баъзе кишварҳои мусулмонӣ бо давлатҳои Ғарб маҳз ҳамин сиёсати риёкорона, муғризона, дурӯягӣ ва мунофиқона аст, ки он боиси пайдо шудан ва густариши мухолифат байни пайравони дини ислом ва масеҳият, тамаддуни Шарқу Ғарб ва дар айни замон тавлиди ҷараёнҳои тундрав (экстремистӣ) дар дину мазҳабҳои ҳам Ғарб ва ҳам Шарқ аст.
Мутаассифона, дар амри дифоъ ва пуштибонӣ аз нангу номус, ҳуввият ва арзишҳои миллӣ, манфиатҳои умумихалқиву умумидавлатӣ миёни баъзе уламои дин ва зиёиёни эҷодкори дин баҳс ба миён омада, аҳли ҷомеаро ба бетарафӣ намегузорад.
Зиёиёни эҷодкор бошанд, баъзе уламои динро ба бегонапарастӣ, арабгароӣ, бесаводӣ, чаласаводӣ, хурофоту таассуб, мавъизаҳои бемантиқ, бе рабту низом, лаҳни тунду таҳқиромез ва зиддидавлатию зиддимиллӣ айбдор менамоянд. Дар айни замон баъзе уламои дин зиёиён, рӯзноманигоронро ба динситезӣ гунаҳкор медонанд.
Дар ҳарду ҳолат ҳам уламои дин ва зиёиёни тоҷик бояд ҳамфикр бошанд, манфиатҳои умумимиллӣ, умумидавлатиро аз ғаразҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ, мазҳабӣ, шахсӣ боло гузошта, ҷомеаро ба ихтилоф, ҷудоӣ ва хатару нооромӣ мувоҷеҳ насозанд.
Шерматов Д.С.мудири кафедраи физикаи тиббӣ бо асосҳои технологияи иттилоотии ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино, д.и.ф., профессор.


05.06.2020     265
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php