Аммо ту чунонки менамоӣ ҳастӣ?

Посух ба иддаои Кабирӣ дар мавриди ин ки бузургтарин хидмати як мақомдор ин аст, ки пулу моли миллатро надуздад.

Намояндагони Ҳизби наҳзати Ислом дар давоми 18 соли дар Тоҷикистон дар мақомоти гуногуни давлатӣ соҳибмансаб будан (солҳои 1997-2015) ва дар ихтиёр доштани маблағҳои аз давлатҳои хориҷ ба даст овардаашон баҳри ободии кишвар, осудаҳолии мардум ва дар маҷмуъ татбиқи арзишҳои исломӣ дар Тоҷикистон чораи амалие наандешиданд. Ҳамаашон танҳо дар фикри сарватҷамъкунӣ ва шароити хуби зиндагии шахсиашон буданд. Воқеият нишон дод, ки дар ин солҳо аъзоёни Ҳизби наҳзати Ислом ба ифротгароии динӣ, порахӯрӣ, зинокорӣ ва дигар амалҳои ғайришаръию зиддиқонунӣ машғул буда, дар охир нияти ғасби ғайриқонунии ҳокимияти контститутсиониро карданд.

Наҳзатиҳо дар давоми солҳои 1997-2015, ки дар Тоҷикистон буданд, ягон роҳу пул, мактабу беморхона ва дигар иншооти таъиноти иҷтимоӣ насохтанд, ба мардуми эҳтиёҷманд – ятиму бепарастор, пирону маъюбон дасти кӯмак дароз накарданд.

Дар роҳи тарғибу ташвиқи арзишҳои исломӣ дар миёни аҳолӣ кореро анҷом надоданд – ягон барномаи телевизионию радиоӣ ва рӯзномаю ҳафтаномаи хусусияти исломидоштае баҳри баланд бардоштани маърифати аҳолӣ ва тарбияи динии аҳли ҷомеа ташкил накарданд (ба ҷуз тарғибу ташвиқи иғвогаронаву сиёҳкунандаи Ҳукумат дар масъалаи ришу ҳиҷобу масҷидравии ноболиғон ва инчунин ҷиҳоду шаҳодат). Ягон нафари онҳо, масалан, дар бораи ҷалби ҷавонон ба илмомӯзӣ, ки Қуръон ва ҳадисҳои пайғамбар ба ин талқин мекунанд, дар байни аҳолӣ коре набурдаанд. Баръакс наврасону ҷавононро ба таҳсили нодурусту пинҳонии динӣ дар масҷиду мадрасаҳои худсохт ва хонаҳояшон фаро гирифта, аз таҳсили дунявӣ дур сохтанд ва онҳоро асосан дар ниқоби ҷиҳоду шаҳодат ба амалҳои ифротӣ ва террористӣ омода месохтанд. Садҳо ҷавонони тоҷик ба доми фиреби онҳо гирифтор шуда, барои «ҷиҳод» ба давлатҳои Сурияву Ироқ рафта нобуд гаштанд. Натиҷаи барҷастаи бесаводӣ ва омӯзиши кӯркӯронаи Ислом дар ҷавонони тарбияткардаи онҳо, ки тобистони соли равон сайёҳонро ваҳшиёна ба қатл расониданд, ифода гардид.

Бояд таъқид кард, ки тӯли солҳои истиқлолият дар роҳи ҳимоя ва тарғибу ташвиқи арзишҳои исломӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат худи Ҳукумати ҶТ зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари обод намудани Ватан ва дастгирии иҷтимоии мардум, иқдомоти ҷиддӣ роҳандозӣ намуда истодааст. Ин ҷо баҳри тасдиқи андешаамон баъзе чорабиниҳое, ки дар роҳи рушду нумуи Ислом бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуданд, ҳамчун намуна ёдовар шудан кофист. Масалан, маҳз Президенти кишвари мо аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ба тамоми ҷаҳониён арза дошт, ки террорист ватан, миллат ва дин надорад ва бо ин шаъну шарафи тамоми мусулмононро ҳимоя намуда, номи Исломро аз тамғаи «террор» озод намуд. Беҳтарин иқдоме, дар кори ҳимояву ташвиқоти Ислом, ки бо ибтикори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуд, Симпозиуми байналмилалӣ ба муносибати 1310-солагии Имоми Аъзам ва эълон гардидани Соли бузургдошти Имоми Аъзам буд. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати динии мардум бо супориши Сарвари давлат нахустин бор Қуръони маҷид бо забони тоҷикӣ дар се давра бо теъдоди умумии беш аз 200 ҳазор нусха аз чоп бароварда, ройгон ба аҳолӣ тақсим карда шуд. Ҷиҳати таъмин намудани эҳтиёҷоти динии мардум аз ҳисоби буҷети давлат ва хазинаи эҳтиётии Президент даҳҳо миллион сомонӣ ба чопи китобҳои илмӣ, ахлоқӣ ва эътиқодии фарҳанги исломӣ ҷудо гардида, садҳо асари гаронбаҳои таърихӣ, ки асрҳои аср дар гӯшаи фаромӯшӣ монда буданд, аз ҷумла «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Муснад»-и Имоми Аъзам, «Эҳё улум-ад-дин», «Кимиёи саодат»-и Имом Ғазолӣ ва дигар осори пурарзиш нашр ва дастраси мардуми мусулмони кишвар гардонида шуданд. Хуллас, барои ташаккули фарҳанги исломӣ дар Тоҷикистон тамоми шароитҳои ташкилию ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, хизмати беҳтаринро дар кишвар ба Ислом бо назардошти принсипи дунявият худи Ҳукумати Тоҷикистон анҷом дода истодааст.

Ҳ.К. Иброҳимов, муаллими калони кафедраи фанҳои 

ҷомеашиносии ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино


26.01.2019     533
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php