ИФРОТГАРОӢ - ҳамчун раванди хатарзо барои ҷомеаи башарӣ

Ҷомеаи ҷаҳонӣ, алалхусус  ҷумҳурии моро имрӯз як қатор масъалаҳои ташвишовар, аз қабили бӯҳрони экологӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, терроризм ва экстримизм (ифротгароӣ), авҷ гирифтани низоъҳои этникӣ  фаро гирифтааст. Ин оқибати равандҳои ҷаҳонишавие мебошанд, ки таъсири  манфӣ ва зараровари худро ба ҷамъият расонида истодаанд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ барои пешгирӣ намудану аз байн бурдани чунин падидаҳои номатлуб, аз қабили зӯроварӣ, таҳқир, беқадрии инсон, ифротгароӣ, терроризм ҳамаҷониба мубориза бурда истодааст. Бо ҳамфикриву ҳаммаслакии  бештари кишварҳои ҷаҳон  барои аз ин вартаи  ҳалокат баромадан чораҳои зарурӣ роҳандозӣ карда истодаанд.

Яке аз масъалаҳои ташвишовар ва муҳиме, ки ба масъалаи асосиву   глобалии ҷаҳони имрӯза табдил ёфтааст ва  имрӯз  ҷомеаи ҷаҳониро низ фаро гирифтааст, ин терроризм ва ифротгароӣ мебошад.   Агар ба моҳияти луғавии он назар кунем ин истилоҳ ба маънои тундӣ, тундхӯӣ, зӯроварӣ ва фишор  маънидод карда шудааст.

Умуман хушунату зӯроварӣ ҳамчун  падидаи номатлуб дар тӯли таърихи инсонӣ ба вуҷуд омада, аз аввал башарияти ҷаҳонро ба ташвиш оварда буд. Дар ҳар давру замон шахсиятҳои худхоҳ ё  гурӯҳҳои алоҳида бо манфиатҳои шахсиву худпарастӣ бо  ворид шудан ба сиёсати давлатӣ мехоҳанд  нақшахои хусуматнок ва ғаразнокашонро амалӣ созанд.

Ифротгароӣ марзу сарҳаду ҳудудро намешиносад, гоҳе дар  Ғарбу гоҳи дигар дар Шарқ, гоҳе дар Ҷанубу гоҳе  дигар дар Шимол бо ному гуруҳҳои гуногун зуҳур карда, оромиву осудагии ҷомеаро халалдор меанамоянд. Саркардаву сарпарастони он  бо ҳар роҳ мардумро гумроҳ мекунанд,  барои ба манфиатҳои шахсии худ расидан роҳҳои гуногунро ҷӯё мешаванд. Ин падида таҳдиде аст, ки на фақат манотиқи мусулмоннишин, балки тамоми манотиқи  оламро фаро гирифта ба ташвиш овардааст.

 «Экстримизм- ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаргунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабист» - омадааст дар Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон. (Моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстримизм»).  

Муборизаи қатъӣ бурдан бар зидди  гурӯҳҳои ифротгаро бо роҳи  тарғиботи идеологӣ барои ошкор сохтани мақсадҳои нопоку  фоҷиабори ин гуна  гурӯҳҳо  ҳамаҷониба андеша намуда, онро вазифаи чонии худ шуморем.

Сафарова М.Ҷ.  -  Кафедраи  фанҳои  ҷомеашиносӣ


19.04.2021     311
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php