Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хуранд!

Таърих гувоҳ аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бо чи ҷоннисориҳо давлати тоҷиконро аз мустамликаи давлату миллатҳои абарқудрат шудан бо забон ва расму оини мардуми хеш нигоҳ дошта ба ин рӯзҳои нек моро расонид. Сарвари давлат дар дохил ба ҳама гуна низоъ ва душманӣ хотима бахшида, дар дунё давлатеро бо номи Тоҷикистон муаррифӣ намуданд. Тоҷик бо кору пайкор барои ноил шудан ба озодӣ, бо созандагӣ ва бунёдкорӣ, бо ақлу заковати фарзандони нобиғааш дар арсаи илму адабу сиёсат, бо расидан ба даврони эҳёи давлатдорӣ ва чашидани заҳри шикаст, бо талошҳо баҳри худшиносӣ ва огоҳии миллат таърихи худро ғаниву рангин сохтааст. Бо шиносоӣ бо таърихи миллати тоҷик кас гоҳе аз ҳунари волои давлатдории гузаштагонамон меболад, баъзан аз шикасти ҳукумат, ҷоҳталабӣ, ҷангу ҷидол ва ҷаҳолату хунрезии бародарон ба хотири тахту тоҷ ва шуҳрату нафс, ки теша ба решаи давлат задааст, тохтутози ваҳшиёнаи аҷнабиён, саросар нобуд шудани мардумони бегуноҳ ва харобу валангор гаштани марказҳои фарҳангӣ дил реш мегардаду ба андеша водор месозад.

Баромадҳои пайдарпайи Гурӯҳи 24 хоинони митллатро,ки тариқи шабакаҳои фейсбук, Радиои Озодӣ, Садои мардум иғвоандозӣ мекунанд, бояд бе ҷавоб нагузорем, зеро ба оромии ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистони азиз хатар дорад ва моро зарур аст, ки дигар ба суханони бардуруғи ин разилон гӯш надиҳем, садди роҳи онҳо шудаву нагузорем, ки ба шуур ва тафаккури насли оянда таъсири номатлуби хешро расонанд. Бале, аз дасти чунин фарзандони носипос, ки аз таъриху тамаддун ва фарҳанги ҳазорсолаи хеш бехабаранд, имкон дорад номи чунин як халқе бо ин бузургӣ дар паҳнои таърихи навини башар доғдор гардад. Хитоб ба ин кӯрдилон аст, ки шумо бо амалҳои бади хеш теша ба решаи миллат задан мехоҳед, аммо сари шуморо мешиканад, хушбахтона! Қувваҳои бадхоҳ ҳанӯз ҳам мехоҳанд, ки дастовардҳои беназири кишварамонро дар даврони истиқлолият ноором созанд. Лекин хоинони миллати тоҷик ва хоҷагони хориҷии онҳо фаромӯш кардаанд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои навадуми асри гузашта бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намоянд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созанд.

Ин матлабҳои беасоси радиои иғвогар нисбат ба миллати тоҷик бори дигар шаҳодат медиҳад, ки онҳо ҳадафи ба вуҷуд овардани бесарусомонӣ ва шубҳаву гумон миёни мардуми осоиштаи кишварро доранд. Имрӯз онҳо чун мурғи посӯхта худро ба чор тараф зада, барои хоҷагонашон гӯё асос ҷамъ меоваранд, то собит намоянд, ки онҳо “ба кори хеш содиқанд”. Ин разилон ба намуди зоҳирии хеш нигоҳ накарда, аз дини мубораки ислом гап мезананду аз Ҷалолидини Румӣ ривоят меоранд. Бехабар аз Худоваду дини мубинаш.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бо мардумаш бар зиди қувваҳое, ки аз номи дини мубораки ислом сухан намуда, ба куштору хунрезиҳо даст мезананд, муборизаҳои беамон мебаранд. Тоҷикистон давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд буда, озодии сухан дар сурати комил муроот мешавад. Аммо аз ҷониби баъзе ашхоси аз сиёсат бехабар, аз хирад дур баъзан суханҳои носанҷидаву ноозмуда паҳн мешаванд, ки боиси низоъ ва бадбахтии ҷомеа шуда метавонанд. Ин бадбахтон бояд бе ҷазо намонанд ва дар назди қонун ҷавоб гуянд. Тамоми давлатҳою ташкилотҳои байналхалқӣ дида истодаанд, ки Тоҷикистон имрӯз тараққӣ ёфта, ба пеш рафта истодааст ва дар оянда ба яке аз давлатҳои ободтарин табдил хоҳад ёфт. Тамоми сокинони ҷумҳурӣ иқдомоти ҳукуматро дастгирӣ намудаву дар амалӣ гардонидани нақшаҳои он фаъолона ширкат менамоянд. Бинобар ин, чунин раванд ба ин зархаридон ва ҳаммаслакони онҳо маъқул нест ва онҳо кӯшиш намуда истодаанд, ки дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёсати давлати Тоҷикистонро сиёҳ намоянд. “Радиои Озодӣ” ба ғайр аз иғвогарию бадномкунӣ баҳри ҷомеа дигар ягон корро анҷом надодааст. Ин аст, ки тамоми мардуми Тоҷикистон амалҳои имрӯзаи “Радиои Озодӣ”-ро воқеан маҳкум менамоянд. Ҳар фарди Ҷумҳурии Тоҷикистонро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои дафъи афкори террористиву ифротгароӣ кӯшиш намояд, то сулҳу ваҳдат ва амнияти кишвар пойдор бошад. Шукргузори он бошем, ки чунин Ватани азизу маҳбуб ва Сарвари оқилу ғамхор дорем! 

Таибов С.А.  -  сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Муҳидинова М.  -  шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


01.03.2021     271
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php